Суббота , 14 декабря 2019
Главная / Диншиносӣ / Фанни «Диншиносӣ» ва вазифаҳои он

Фанни «Диншиносӣ» ва вазифаҳои он

Фанни «Диншиносӣ» ва вазифаҳои он

  1. Вазифаҳои «Таърихи дин»
  2. Дин ва шакли ҷаҳонбинии он
  3. Мақсад ва хусусияти омӯзиши ин фан

Муқаддима

Илми диншиносӣ яке аз илмҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафию таърихӣ буда, объекти он на як дини хос балки тамоми динҳое мебошад, ки инсоният дар таърихи худ доштааст ва шинохтааст. Мавзӯи баҳси он масъалаҳои таърихи пайдоишу таҳаввул ва такомули динҳо мебошад.

Диншиносии илмӣ дар нимаи дуюми а. XIX ҳамчун илми дин фанни мустақилу алоҳида ба қатори илмҳои ҷомеашиносӣ ворид гардид. То ин давра масоили диншиносӣ зимни баҳси матолиби илмҳои дигар, хусусан таърих, фалсафа ва илоҳиёт* мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буданд.

Мафҳуми ’’илми адён’’ ва ’’мутолиоти муқоисавии дин’’-ро Нахустин бор Макс Мюллер ба кор бурдааст. Таълими «Таърихи дин» дар мактабҳо ва донишгоҳҳо аз ҳамин давра (охири асри ХIX ) оғоз гардида аст.1

1. Вазифаҳои «Таърихи дин»

Объекти «Таърихи дин» ҳамаи динҳо, чун навъе аз таҷриба ва шинохт (шуур)-и динии башар аст. Мавзӯи таърихи дин ҳамчун фанни таълимӣ, қонуниятҳои ташаккули шуур ва ҷаҳонбинии динӣ, хусусиятҳои худшиносӣ ва ҳастишиносии динии инсон, заминаҳои иҷтимоӣ -таърихии пайдоиш ва таҳаввулу такомули динҳои мухталиф ва равияҳову маросими онҳоро мебошад. Пӯшида нест, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иҷтмоии одамон низ, қонуниятҳое амал мекунанд, ки ба пайдоиши падидаҳои фикриву маънавии ҷомеа таъсир

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.

доранд. Доштани маълумот дар бораи пайдоиш, хусусияти рушду нумӯи таърихии динҳо ва вобастагии онҳо аз дигар воқеаҳои таърихӣ, барои пайдо намудани тасаввуроти пурра дар бораи динҳо хеле муҳим буда, барои шинохти илмии динҳо зарур мебошад.

Ин фан динҳоро мувофиқи даврабандиҳои таърихӣ, пай дар пай дар зинаҳи пайдоиш, таҳаввулу ислоҳи ақидатию маросимӣ бо нишон додани хусусиятҳои давраҳои гузариши онҳо аз як шакл ба шакли дигар ва таназзулу завол-азбайнравии онҳо, мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Дар айни замон, омӯзиши бисёр мавзуъҳо ва масъалаҳое, ки дар бахши таърих, адабиёт, фарҳанг, ахлоқ ва ғайра матраҳ мешаванд, бе омӯхтани марҳилаҳои рушди таърихии дин душворӣ ба вуҷуд меоварад.

Дин ҳамчун як навъ худшиносӣ ва ҳастишиносии башар, як ҷузъи муҳими шуури ҷамъиятӣ ва як шакли ҷаҳонбинии оммавӣ нақшу вазифаҳои муҳиме дар ҷомеаи инсонӣ дорад. Таърихан динҳо аз таърихи худи инсонҳо, қонунияти ташаккули ҷаҳонбинии онҳо ва умуман аз қонунҳои дар ҷомеаи инсонӣ амалкунанда ҷудо нестанд. Аз ин нигоҳ, фанни «Таърихи дин» бо илми таърихи ҷомеа ва таърихи халқу миллатҳои гуногун робитаи қавӣ дорад ва як қисми таърихи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Ин фан хусусияти таърихиву хронологӣ дорад, ки пайдоишу тағйири динҳоро бо тамоми гуногуншаклӣ ва хусусиятҳои даврагӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор медиҳад.

2.Дин ва шакли ҷаҳонбинии он

Фанни «Таърихи дин» ба донишҳое, ки муҳити маънавӣ ва шуури ҷамъиятиро таҳқиқ мекунанд, хеле алоқамандии зич дорад. Дин ва фалсафа ҳамчун шакли ҷаҳонбинии гуногунунсур таърихан дар ташаккулёбии ҷаҳонбинии инсонҳо нақши амиқ доранд, аз ин лиҳоз онҳо байни ҳамдигар ҳамчун дониши ҷаҳонбиниофар дар иртибот ҳастанд. Инчунин, дар таркиби шуури динӣ, ҳамчун шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ, амалияи динӣ чун: маросимҳои ниёиш, расму ойинҳо, идҳо, аҳком ва шарту шароити ибодат ва навъи парастишҳо мавқеи муайян дошта, ба рӯҳияи мардум хеле таъсиргузор мебошанд. Аз ин лиҳоз фанни «Таърихи дин» ба илми равоншиносӣ, ки вазъ ва ҳолати рӯҳию равонии инсонро меомӯзад, алоқамандӣ дорад. Ногуфта намонад, ки диншиносии илмӣ дар баробари

«Таърихи дин» , «Ҷомеашиносии дин», «Фалсафаи дин», «Падидашиносии дин» ва инчунин «Равоншиносии дин»-ро низ дар бар мегирад.

3. Мақсад ва хусусияти омӯзиши ин фан

Ҳадафи фанни «Таърихи дин» шинос намудани хонандагон ба таърихи пайдошу таҳаввул ва тағйирёбии мундариҷаю мазмун ва усули ақоиди динҳо, равияҳои онҳо, робитаву таъсири байниҳамдигарии динҳои гуногун мебошад. Фанни «Таърихи дин» чун шакли дониш аз рӯи ҳадафу мазмуни худ ҳам аз «Атеизм-бехудоӣ», ки хусусияти инкорӣ дорад ва ҳам аз «Теология- илоҳиёт», ки хусусияти эътиқодӣ дошта вабаста ба ин ё он дин аст, фарқ мекунад. Ин фарқ дар он аст, ки таърихи дин на аз мавқеи ягон дин ё идеология ё вобаста ба ягон ҳизбу ҳаракат ва ё дорои

назарияи инкорию интиқодӣ набуда, шинохти беғаразонаи илмии ҳамаи динҳо мебошад. Ҳадафи аслии «Таърихи дин» додани маълумоти кофӣ дар бораи пайдоиш ва такомул ва таҳаввулоти динҳои гуногун аст.

Таърихи ҷамъият нишон медиҳад, ки гарчи дин дар ташаккули фарҳанги башарӣ, дар тарбияи ахлоқиву маънавӣ ва инчунин дар муттаҳидсозии инсонҳо нақши мусбӣ дошта бошад ҳам, вале мавридҳое мешавад, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ онро ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Дар зери шиори дин ҷангҳои хунину кушторҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Намояндагони илму маърифатро бо баҳонаи ширку бидъат ва кофирию бединӣ таъқибу куштор кардаанд. Ҷиҳатҳои мусбӣ ва ҷиҳатҳои манфии онро дар тамоми тӯли таърих мушоҳида намудан мумкин аст. Яъне, муайян намудани ҷойгоҳи воқеии дин дар робита бо ҳама унсурҳои иҷтимоиву фарҳангияш ва ба сӯи созандагӣ ва пешрафт равона намудани он яке аз ҳадафҳои дигари ин фан мебошад.

Ҳамчунин, маълум аст, ки омӯхтани паҳлуҳои алоҳидаи динҳо, махсусан таърихи онҳо, ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ба ҳукми анъана даромада, дар доираҳои таълиму тарбия перомуни онҳо баҳсу баррасиҳои зиёде шудааст.

Чунин масоил пештар аз Аврупо дар кишварҳои Шарқ рӯи кор омада буд. Бо ин мазмун асарҳои зиёдеро ном бурдан мумкин аст. Масъалаҳои дин ва диншиносӣ дар асрҳои пешин дар осори олимони маъруфи тоҷик чун ҳаким Абӯнасри Форобӣ, шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абдулкарими Шаҳристонӣ ва дигарон аксаран таҳти номи «Миллал ва ниҳал- динҳо ва ойинҳо» мавриди омӯзиш қарор доштааст.

Махсусан, нақшу мақоми олим ва мутафаккири номӣ Абӯрайҳони Берунӣ муаллифи китоби «Осор-ул-боқия» ва Абдулкарими Шаҳристонӣ муаллифи китоби «Миллал ва ниҳа» дар ин соҳа хеле бузург аст. Онҳо дар осори худ доир ба парастишу эътиқодҳои мазҳабии зардуштиён, собеиён, ҳаррониён, маздакиён, монавиён, буддоиён, масеҳиён ва мазҳабу фирқаҳои исломӣ маълумоти таърихии муҳиме додаанд, ки то имрӯз аҳамияти илмиву амалии худро гум накардаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар баробари маълумоти диншиносӣ перомуни тақвимҳо, маросимҳо ва ҷашну идҳои онҳо низ маълумоти фаровон додааст. Аз ин рӯ, чунончи маълум мешавад, масоили таърихи дин ва диншиносӣ аз қадим мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму адаб буда, омӯхтани он имрӯз ҳам барои ҷомеа аз аҳамият холӣ нест.


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин

Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин Заминаҳои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ ва моҳияти он Дунявият ва …

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ Кишварҳо исломии муосир ва таносуби аҳолии онҳо Созмонҳои …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *