Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Забони англисӣ / Ифодаи хабар бо феъли to be ва тарҷумаи он

Ифодаи хабар бо феъли to be ва тарҷумаи он

 

Феъли to be –и забони англисї дар забони тољикї феъли будан мувофиќ меояд. Чи хеле, ки маълум аст, бо мазмуни асосии «љойгир будан» феъли будан дар забони тољикї дар замонњои гузашта ва оянда истифода бурда мешавад вале дар замони њозира баъзан истифода бурда намешавад.

Ман дар хона будам. Ман дар хона хохам буд. Ман-дар хона.

Дар забони англисї истифодаи феъли to be дар замони њозира њатмї аст.

I was in the room. I’ll be in the room. I am in the room.

Ба љузъ аз замони њозира (истисно кардани истифодаи феъли будан дар забони тољикї ва иштироки њатмии он дар забони англисї, бо вуљуди он њолати зоњирии мазкур ба сохтори гуногуни ду забон вобаста аст), дар инљо истифодаи феълњои to be ва будан бо њам мувофиќанд. Аммо бо ин шабоњат ба охир намерасад. Феъли to be аз рўи имконоти эњтимолии семантикї нисбат ба феъли будани тољикї ѓанитар аст. Њамин тавр, вобаста аз контекст вай метавонад, мазмуни ‘љойгирї дар макон’ – ро ќабул кунад.

The book is on the table.

Китоб дар болои миз љойгир аст .

The table is in the middle of the room.

Курсї дар мобайни хона љой дорад.

The picture is on the wall.

Расм дар девор овехта шудааст.

Месазад, ки инљо якчанд мисол аз мазмуни бешумори он пеш орем:

1) ‘будан, иштирок доштан ‘

She‘ll be here all the day.

Вай тамоми рўз инљо хоњад буд.

Kitty was here for the holidays.

Китти ба инљо дар таътил омада буд.

John was at the meeting, too. Љон њам дар маљлис иштирок дошт.

2) ‘ба вуќуъ пайвастан, иттифоќ афтодан’

It was only last year.

Ин воќеа соли гузашта иттифоќ афтода буд.

3) ‘таркиб ёфтан, баробар шудан’

Twice two is four.

Ду маротиба ду ба чор баробар аст.

4) ‘арзиш доштан’

How much is the hat?

Ин кўлоњ чї ќадар арзиш дорад?

5) ‘иборат будан’

The trouble was we did not know her address.

Бадбахтї дар он буд, ки мо суроѓаи ўро намедонистем.

Дар шаклњои перфектї to be мазмуни ‘ташриф овардан’-ро мегирад.

I hear you’ve been to Switzerland this summer.

Ман фањмидам, ки тобистон ту ба вейтсария ташриф овардї. Has anyone been? Касе ташриф овард? I‘ve been for a walk. Ман саёњат кардам.

Феъли to be дар ифодањои муайян метавонад дигар мазмунро гирад.

Mr Black and Mr White were at school together when they were boys. Љанобон Блек ва Уайт дар бачагї як мактабро тањсил кардаанд.

Are the boys in bed?

Бачањо хобанд?

Дар забони англисї як ќатор ифодањои устувори дорои феъли to be ба миён омаданд, ки ба забони тољикї чун ќоида њамчун ифодањо бо феълњои амал тарљума мешаванд. Мисол:

Не was ill at ease.

Вай худро хиљолатманд њис кард.

Are you in earnest?

Шумо љиддї мегўед?

Yossarian was as bad at shooting skeet as he was at gambling. He could never win money gambling either. Even when he cheated he couldn’t win, because the people he cheated against were always better at cheating too.

Иоссарян ба мисли ќартабозї дар бозї бо табоќча њам суст буд. Вай ягон маротиба дастболо нашудааст. Вай њатто ваќте ќаллобї мекард, њам ѓалаба намекард, чунки шахсонеро мехост фиреб дињад, дар ќаллобї аз ў бартарї доштанд.[1]

Дар ин њамљоягињои охирин феъли to be мазмуни мустаќили худро гум карда, танњо функсияи алоќаро нигоњ медорад. Чунин холат ба њамаи хабарњои таркибии номии бо феъли «to be+ исм /сифат/ постпозитив» иттифоќ меафтад.

Дар ин ќайди худ ба як ќатор ифодањои дорои феъли to be истода мегузарем ва ифодањои дорои феъли to be бо исмњои монанди he is a turner, the task is easy ва ѓайрањоро сарфи назар мекунем чунки дар бораи онњо дар грамматикањои забони англисї биёр навиштаанд. Зарур аст, ки ба баъзе ифодањои дорои феъли to be назар андозем, ки хоси забони англисї мебошанд ва ба мо ањамияти калонро нишон медињанд.

Чи андоза ањамият доштани постпозитивњо дар забони англисї ба мо маълум аст. Тавассути постпозитивњои ба як ќатор феълњои маъмули забони англисї пайвастшаванда ва ба таркиби луѓавии асосии забон шомилбуда (to do, to go, to come, to make, to put, to give, to take ва ѓ.), феълњои мазмуни навдошта сохта мешаванд. Аммо њангоми иловаи постпозитив ба феъли амал, мазмуни феъли асосї дар ифодаи мазкур ё дар баробари мазмуни помтпозитиви иловашаванда нигоњ дошта мешавад, ё ифодаи ташкилшаванда мазмуни идиоматикї мегирад, ва инљо бо илова кардани постпозитив ба феъли to be сарбории асоси маъногї бар души постпозитив меафтад. Мисол:

Is Mr Brown in?

Љаноби Браун дар хона?

No, he is out.

Не, ў нест. (Вай баромад.)

Mr Brown is away at present.

Њоло љаноби Браун дар сафар.

I hear Mr Brown is back.

Ман шунидам, ки љаноби Браун баргаштааст. Ман корамро ба охир расонидам.

Аксари ин постпозитивњо гуногун мазмунанд.

The train is off.

Поезд рафт.

The meeting was off.

Маљлис баргузор нашуд.

The lights were on.

Чароѓ гирон буд.

What is on at our cinema?

Дар кинотеатри мо кадом намоиш рафта истодааст.

The children are not up yet.

Бачањо холо нахестанд.

The prices for foodstuffs were up.

Нархи хўрокворї баланд шуд.

Your time is up.

Ваќти шумо ба охир расид.

Луѓат теъдоди зиёди ифодањои постпозитивдори собитро ба ќайд мегирад: to be about to do smth. Тасмим ва нияти иљро кардани кореро.; to be up to smth. Ба фикри чизе афтодан; to be up to smb. аз касе вобаста будан, to be for (some place) ба куљое рањсипор шудан ваѓ.

Он ќадар феъли to be дар забони англисї нисбат ба феъли «будан» — и тољикї васеъ истифода бурда мешавад, ки аз мисолњои зер маълум аст, ки англисњо ба љои хабари соддаи таркибии феълї хабари таркибии номиро афзалтар медонанд, ки аз бандак-феъли to be ва сифат ё сифати феъли таркиб ёфтааст, ва мазмуни феъли мувофиќро дорад. Мисол:

Still she was hesitant, (вместо was hesitating).

Вай њоло њам шубња дошт.

Не felt that everyone disapproved of Scarlett and was contemptuous of him. (вместо contempted him)

Вай њис кард, ки њама атрофиён ўро ќабул надоранд ва нисбати ў нафрат доранд.

These visits were disappointing.

Ин ташрифњо ўро дилгир карданд.

She was shocked and unbelieving.

Вай дар њайрат буд ва ба ин бовар намекард.

Are you insulting, young man?

Шумо чї, љавонмард мехоњед маро тањќир кунед?

Чи тавре, ки аз мисолњо аён аст, ифодаи дорои бандак-феъли to be ва сифат ё сифати феълї ба феъли мувофиќ (шубња доштан, нафрат доштан) барбар аст, ки мо ифодаи мазкурро ба забони тољикї тарљума кардем.

Маъмулии ин шакл ба миён омадани иборањои рехта бо феъли to be- ро таъмин кард. Мисол:

I am serious.

Ман љиддї мегўям.

She was giddy.

Сари ў чарх зад.

Don’t be so literal.

Њамаро ба маънии аслаш нафањмед.

Не was homesick.

Вай барои хона зиќ шуда буд.

Элементи дуюм, яъне, номии ин намуд хабарњо метавонад њамчунин сифати феълии II бошад. Мисол:

She was amazingly well read.

Вай бењад фозил буд.

Бандак-феъли to be дар њамљоягї бо сифат ё сифати феълї дар наќши хабаритаркибии номї дигар феълњоро вобаста аз контекст танг карда мебароранд: to get, to turn, to grow ва ѓ., ки динамикаи амалро гузариш аз як њолат ба дигар њолат медињанд.[2] Мисол:

She was hot with sudden rage. Баногоњ вайро хашм фаро гирифт.

Rhett’s eyes were sharp with interest.

Дар чашмони Рета њавас дурахшидан.

He’s lived here only since the year we were married.

Вай дар инљо аз он рўзе, ки мо хонадор шудем зиндагї мекард.

Дар баъзе мавридњо to be дар ин ифодањо бо мазмуни феълњои to keep, to feel ва ѓ. баромад мекунад.

Suddenly she was sorry for him.

Банохост вай нисбати ў дилсўзї њис кард.

She was silent a moment.

Вай лањзае хомўш монд.

For a moment she was indignant that he should say other women were prettier, more clever and kind than she.

Муддате чанд вай ѓазаб њис кард, аз он ки мард гуфт, ки дигар занњо нисбат ба ў зеботар , донотар ва хушрўйтар буданд.

Њамчунин ифодањое бо феъли to be ва исм вомехўранд, ки мафњуми абстрактро ифода мекунанд. Онњо аз дигар ифодањо бо он фарќ мекунанд, ки аломати доимии шахс ё предмети ба он нигаронидашударо инъикос намекунад. Мисол:

I don’t imagine he’s much help.

Аз ў чунин фоидаи зиёдро њис намекунам.

They are very little trouble.

Онњо ягон хел ташвишро эљод намекунанд.

I’m a bad influence on you.

Ман ба шумо таъсири бад мерасонам.

I’m afraid, Father, I’ve been a disappointment to you.

Њарос аз он дорам, ки шуморо дилхунук кардам, падар .

She’s absolutely no use. Аз ў њељ муфид нест.

Aren’t you a perfect disgrace?

Канї, шумо шарм намекунед?

  1. Левицкая, Т. Р., Фитерман А. М. Глаголы адвербиального значения и их перевод на русский язык. «Тетради переводчика», № 2, М., «Международные отношения», 1964

  2. Крылова И. П., Крылова Е. В. Английская грамматика для всех. – М.: Высшая школа, 1989. – 270 с.


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Ифодаи хабар бо феъли to have ва тарҷумаи онҳо

  Феъли to have њам ба мисли to be нисбат ба феъли «доштан»-и забони тољикї …

Мувофиқати хабар бо мубтадо

Хабар бо мубтадои љумла аз рўйи шахсу шумора мутобиќ мешавад: What are you doing? – …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *