Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Забони англисӣ / Тарҷумаи хабар дар ҷумлаҳои гуногун

Тарҷумаи хабар дар ҷумлаҳои гуногун

 

Чї тавре, ки аллакай ќайд карда шуд, хабар дар љумлаи забони англисї мењвари њаќиќие мебошад, ки њамаи аъзоёни љумла љазб мешаванд. Алалхусус, љои таъиншудаи инкорро пеш за хабар новобаста аз ба чї дахл доштани он аз рўи мазмун ќайд кардан љоиз аст.

We do not advocate the rights of black Africans in order to drive white Africans.

Мо њуќуќњои африкоињои сиёњпустро њимоя мекунем, на аз барои он ки сафедпустони африкоиро бадарѓа кунем.

«Не wasn’t born here,» Leo said. «He was born in New York.»

«Вай дар ин љо таваллуд нашудааст, гуфт Лео. Вай дар Ню-Йорк таваллуд шудааст».

Аз ин љо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар забони тољикї инкор ба калима тааллуќ дошта, дар забони англисї инкор ба љумла тааллуќ дорад. Бинобар ин дар забони англисї инкор омили синтаксисї ва дар забони тољикї омили морфологї аст.

Мисоли ќобиди тазакккури он, ки дар љумлаи инкории забони англисї инкор ба љумла, на ба аъзоёни алоњидаи он дахл дорад, дар љумлаи мураккаби тобеъ инкорро ба ба сарљумла мансуб донистан мебошад.

I don’t think we’ve been to the theatre for two or three years.

Фикр мекунам , ки мо ба муддати ду-се сол ба театр нарафтаем

«Do you think he’ll pay the money back?» «No, I don’t think he will. (…)

Не фикр мекунам, намедињад.

Зарфњои замони муайян (often, never, ever ва ѓ.) њамчунин бевосита пеш аз хабар меоянд. Дар ин маврид мушоњида мекунем, ки њмаи ин зарфњои миќдорї дар тафовут ба зарфњои сифатї, ки одатан дар охири љумла меоянд, зарфи оnly дар бисёр њолат пеш аз хабар меояд, новобаста аз он, кик адом калимаро дар љумла вай муайян мекунад. (дар забони тољикї љои зарф ба мазмун рабт дорад)

I’ve only been along this road once.

Бо ин роњ ман њамагї як маротиба рафтаам.

It only blooms tonight.

Вай танњо њамин шаб гул мекунад.

Њамчунин тахмин кардан мумкин аст, ки мансуб донистани пешояндро дар охири љумлаи саволии махсус (What are you looking at?) ва дар охири љумлаи пайрави муайянкунандаи бепайвандак (The book you are looking for is on my desk) майли пешояндро ба хабар-феъли љумла (яъне, боз њам ба мењвари љумла) фањмида мешавад. [1]

Аммо на танњо зарфњои миќдорї пешояндњо њам сўи хабар –феъл май мекунанд. Ба онњо њамчунин намудњои њархелаи муайянкунандањои дахлдор сахт часпидаанд. Њамин тавр дар хабари таркибии номии бо феъли «to be + сифат» њоли андоз ва миќдор байни ду љанбањои хабар – байни бандак-феъли to be ва предикатив зада медароянд.

The postman was an hour late.

Почталион як соат дер кард.

The snow was three feet deep.

Барф чуќурии се фут дошт.

Кўшиши истифодаи муайянкунанда, ки њаќиќатан њол ва ё пуркунандаи такиби хабар ба њисоб меравад бо айёнияти зиёд дар љумлањои зерин нишон дода мешавад:

Не was mountain born.

Вай дар кўњистон таваллуд шудааст.

Не was house proud.

Вай аз хонаи худ фахр мекард.

Худ аз худ баъзн намуди хбарњои таркиби дар забони англисї моњиятан ба худ њамљоягии амал ва характеристикаи, яъне њоли амалро таљассум мекунад. Бахусус, инњоро «хабари дугоник» (double predicate) меноманд.

The sea was glimmering pale and greenish in the sunset.

Бо нурњои ѓуруби офтоб бањр бо тобишњои сабз ва кабуд инъикос мешуд

Miss Doolan came in triumphant.

Хонум Дулан бо нигоњи хурсандона даромад.

Далели дар таркиби худ мазмуни њол доштани ин намуд хабар он аст, ки дар мавриди аз сифат сота тавонистани зарф, мо хабари њоли тарзи амал ба даст меорем ва он ањамияти монанд ба хабари дугониуро дорад. Масалан, љумлаи охиринро метавонистем чунин таѓир дињем:

Miss Doolan came in triumphantly. Мисоли дигар меорем:

Не smoked a cigarette which glowed red in the wind.

Вай сигор кашид, ки дар шамол бо шўълаи сурх дурахшид.

Дар инљо ин вариант њам комилан дуруст аст, …which glowed redly in the wind.

Истилоњи «хабари дугоник» тасодуфї нест. Чунки њамљоягии феъл бо сифатро дар мавриди мазкур дар њаќиќат њамчун ду хабари чида метавон баррасї кард. Мисол:

The moon rose red. = The moon rose. It was red.

Miss Doolan came in triumphant. = Miss Doolan came in. She was triumphant.

Саъй ба муљазї ба сохтани чунин хабар оварда расонид. Мо онро метавонем бо хабаре, ки бо њамљоягии феълњои муайяншахс ва масдари натиља ифодашаванда муќоиса кунем, ки моњиятан њамчун пайвасти хабархои чида ба њисоб мераванд.[2] Мисол:

She looked up to meet his dark eyes and caught up an expression which startled and puzzled her at first.

Then the train ran for a mile and a half to stop at another little settlement.

Чунин пайвастњо ва ё њамљоягињо ба забони тољикї ё тавассути хабарњои чида ва ё ифодањои дорои сифати феълї тарљума мешаванд.

Чашмонашро бардошта, нигоњеро вохўрд, ва дар чашмони сиёњи ў таъбиреро хонд, ки ўро ба њайрат андохт ва моту мањбут кард.

Поезд аз назди мо бо масофаи якуним мил дуртар гузашт ва дар кадом дењаи хурдакак истод.

Ба ќатори «хабарњои дугоник» як намуд њамљоягињои хоси забони англисї дохил мешаванд, ки масдар амалро ифода карда, феъли тасрифї характеристикаи онро бо назардошти мазмуни њоли тарзи амал шомил мекунад. Мисол:

I tremble to think what would happen.

Ман бо дањшат фикр мекунам дар бораи он, ки чї воќеа рух медињад.

Не laughed to think that he had ever been madly in love

with her.

Барои вай фикр кардан дар бораи он, ки чї тавр девонавор ўро дўст медошт, хандаовар буд.

Баъзан гуруњи хабар бењад калон мешавад аз њисоби дар таркиби худ доштани мазмуни њол (њоли тарзи амал). Ин ба хабарњои таркибии чунин намуд иттифоќ меафтад:

I am horrid to say such things.

I was surprised to find Elliott very spry.[3]

Элементњои ин намуд хабарњои таркибї байни њамдигар сахт алоќаманданд, аммо њангоми тарљума онњоро бояд аз њамдигар гусаст, љумлаи содаи забони англисиро ба сарљумла ва љумлаи пайрав таќсим кардан лозим аст.

Дањшат аст, ки ман чунин чизњоро мегўям.

Ман њайрон будам, ки Эллиотт мардона тоќат кард.

Маъмулии чунин хабарњои бисёрљанба дар забони англисї ба муљазии воситаи баён ва ихљамъии љумлаи забони англисї рабт дорад.

Чї хеле, ки мебинем ин љумлањои сода ба забони тољикї ё чун љумлањои мраккаби тобеъ ё чун љумлаи содаи дорои калимањои туфайлї. Дар инљо мо тамоюли ихљамъкунии нутќ, ки хоси забон англисї аст мушоњида кардан мумкин аст.

Боз мустањкамтар тифоќии хабар бо њол дар дигар намуди њамљоягињо ошкор мешаванд, ки барои забони англисї аллакай аз рўи одат шудааст.

She was stung out of her fear.

Ин ўро чунин нороњат кард, ки вай њарос карданро бас кард.

This shocked Mr Campbell into speech.

Ин воќеа љаноби Кэмпбеллро чунон сахт мушавваш кард, ки ба гап даромад.

The new situation seemed likely to torture her into desperation. Дигаргунии њолати воќеа ба назар мерасид, ки ба нокомї меовард.

Дар чунин намуд њамљоягињо њамеша ањамияти њоли тарзи амал маъќул дониста мешаванд. Ин бори дигар аз тифокии хабари забони англисї ва мазмуни њоли тарзи амал гувоњи медињад.

Дар забони англисї феълњое њастанд бо мазмуни адвербиалї (зарфї), яъне чунин феълњое мебошанд, ки дар таркиби худ на танњо мазмуни амал балки характеристикаи ин амалро низ доранд. [4]

Онњо ќатори синонимии феъли «дидан»-ро ташкил медињанд

to frown — ќавоќ андохта нигоњ кардан

  1. Бархударов Л.С. Язык и перевод. – М.: Высшая школа, 1975. – 350 с.

  2. Аполлова М. А. Specific English (Грамматические трудности перевода). М., «Междунар. отношения», 1977.136 с.

  3. См. Т. Р. Левицкая, А. М. Фитерман. Глаголы адвербиального значения и их перевод на русский язык. «Тетради переводчика», № 2, М., «Международные отношения», 1964

  4. Л. С. Бархударов, Д. А. Штелинг. Грамматика английского языка. Изд. 3-е, М., «Высшая школа», 1965, с. 300—301.


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Ифодаи хабар бо феъли to be ва тарҷумаи он

  Феъли to be –и забони англисї дар забони тољикї феъли будан мувофиќ меояд. Чи …

Мувофиқати хабар бо мубтадо

Хабар бо мубтадои љумла аз рўйи шахсу шумора мутобиќ мешавад: What are you doing? – …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *