Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Диншиносӣ / Мусо ва Шабон

Мусо ва Шабон

 

Мусо ба ба роҳе мерафт чупонеро дид ки мегуфт:Эй офаридагор вой Худо ту куҷойи ки ман чокарт шавам саратро шона кунам ва пойпуши бароят бидузам, ҷомаҳоятро бишуям,шапушҳоятро бикушам,шир бароят биёварам.Бар дасти кучакат буса диҳам ва пойи кучакатро бимоламу пиш аз хоб хобгоҳатро бирубам.Ҳамаи бузҳо ман бархи ту бод эй Худои ки ҳамаи ҳои ҳави ман ёди туст.Чупон ҳам чунон жож мехоид ва ёва мегуфт Мусо бо ӯ гуфт: Ин суханонро барои ки мегӯи?Чупон гуфт:Вой бар ту ки пеш аз он ки динеро бипазири худро ба дини фурухтаи суханони газофу нораворо бар забон маёвар ва хомуш бош.Ганди ин гуфтаҳои ту ҷаҳонро ба палиди кашонда ба дини ту пурандинро пушонда.Кафшу пойтоба бар ту зебанда аст на бар Худои дурахшон чун офтоб.Бими он дорам ки агар даҳон набанди аз осмони оташи фуд ояд ва мардонро бисузонад ки ҳануз он оташ наёмада дудашро бар ҷони сиёҳат метавонам дид.Ту агар Худоро тавонову додгар медони ин номҳоро чи гуна густох ба ӯ мениҳи,агар суханони ту аз сари дусти ҳам бошад ҷуз душмани ба Худо бар он нишоне наметавон ёфт.Худо аз дустӣ нодон бениёз аст.Ин ёваҳоро барои ки мегӯи барои доя ва дояи худ кадом нишонаи аз танони будани Худо ба чашмат хурда?Чигуна Худоро ниёзманд ба кафшу шона ва хобгоҳе медонӣ ширро кӯдак мехурад ки боланда гардад пойпушро каси касе мехоҳад ки пойи бараҳна дошта бошад.

Агар ин суханон бардошти ту аз гуфтаи Худованд дар бораи яке аз шифтагон баркашидаи ӯст ки: “Ӯ ман аст ва ман ӯям” ва пурсишаш ки “Ман бемор шудам чаро ба дидори ман намеомади” ва ё “Одамиро ба чеҳраи худ офаридам” ба берун нигарӣ пардохтаиву ба он суйи сухан раҳ набурдаи инҳо ҳама нишонаи волои одами аст на гувоҳи пайкарпазирӣ Худо,чи гуна метавони аз даст ва пойи Худо сухан бигӯи?Даст ва по доштан дар одами сутуда аст дар бораи Худо андешаи нораво ва зишт.Мард ва зан ҳарду одамиву баробаранд вале агар ту занеро Фотима биноми ӯро ба пойгоҳдухти паёмбар баркашидаи вале агар мардеро Фотима бихони ба беадаби кардаи.Худо на зоида шуда ва на мезояд, зодан вижаи бошандае аст ки тан дорад ва ҳар чи дар ин ҷаҳон аст Худоиро набояд чун зойидашудагон ситоиш кард.

Чупон гуфт: “Эй Мусо даҳонам духти ва аз пушаймони ту ҷонам сухти”

Ҷомаро бидариду оҳи кард туфт сар ниҳодандар биёбоне ва рафт

Суруш омад ба гуши Мусо ки бандаи моро аз мо ҷудо карди ва ту барои пайвастан омадаи ё барои гусастан ҳар гиз дар роҳи ҷудои гом магзор ки зиштарин корҳо назди ман раҳо кардан аст.Хуйи касон ба хости ман аст шеваи ҳар кас дар зиндаги ба шинохти ман аст.Ӯ маро ситоиш мекунад ва ту онро накуҳиш мепиндори он чи ӯ ангубин медонад ту зуҳар мехонӣ.Ту нек медони аз гаронҷонӣ ва чолокӣ покиву нопоки дурем офаридан аз суйи ман меҳри буд ба офаридагон даст ба коре назадам ба умеди суд.Онҳо ки моро ситоиш мекнанд ва покам мехонанд бар покии ман намеафзоянд худ пок мегарданд.Ман ҳангоме ки одамиён ба ниёиш пардохтаанд гуфтаашонро намешунаваму бар забонашон наменигарам ман ба чигунагии дарунашон менигарам агар сухан ниёишгар фурутанона набошад вале дилаш фурутану ба суйи мо бошад мо ба сухан наменигарем ва ба дил менигарем ман сузи дил ва шигифтагӣ мехоҳам ман шӯру якрангӣ мехоҳам ман басузу бесоз мехоҳам.Ман ба онон менигарам ки шигифтагӣ ҷонашонро ба оташ кашидаву ҳамаи суханҳо ва вожагонро дар афрозаҳои он сузондаанд.Шифтагоне ки ҳар дам ба гунаи месузанд шифтагоне ки зиндагишон ва ҷону дилашон чун даҳ вайрона аст,оё касе аз даҳ вайрон боҷ мехоҳад?Оё касе аз шифта дар ниёиши дилситон сухани дуруст мехоҳад? Бигзор суханашро бигӯяд агар ҳам нораво бигӯяд бигзор бигӯяд куштае дар хун тапидаро бо об шустушӯ мадеҳ барои куштагон боиста ҳамон шустушӯй бо хун аст.Дар хонаи Худо ҳар гунаву ҳар ҷойи намозгоҳ аст.Об бозӣ ки дар дарё ғута мехурад чи ниёзе ба кафш дорад.Шифта дар кашида шудан ба суйи дилситон аз ҳеҷ оине пайрави намекунад.Ту аз сармастон сухани санҷида мехоҳи бишунави бо бараҳнагон сухан аз рафуи ҷомаи дарида мегӯи?Дидани шифтаи Худо аз динҳои дигар аст барои шифтаи дину киши Худост.

Шифтагӣ гувоҳу нишон намехоҳад, ки ба худ ошкор аст ҳамонанди гавҳари гаронбаҳо ки бе муҳру нишон арзандаву гаронбор аст.

Мусо чун пурхоши Худоро шунид кушид ки чупонро биёбад ҷойи пойи чупонро дунбол кард ки ҷойи пойи шифтагону шуридагонро ба осони метавон ёфт.Шурида чун рух дар шатранг гоми аз фароз то нашиб бар медорад ва гоми дигарро чун меҳраи пил ва каҷу ариб мегузорад.Шифтагоҳ чун хезоби дарафш бар меафрозаду гоҳе чун моҳи бар бар шикам равона мегардад гоҳе бар хок аз чигунагӣ дарун менависад ҳамонанди пешгӯйе ки бар шани пайкараҳо бар мезанад.Саранҷом чупонро ёфту бо ӯ гуфт:Мужда деҳ ки дастури Худо расид:

Ҳеҷ одобеву тартибе маҷу,

Ҳар чи мехоҳад дили тангат бигу.

Бидини бу бе шумори дини гузашта мешавад ва дини ту равшанбахши ҷон аст ту дар зинҳр Худоиву ҷаҳониён дар зинҳори ту осуда дил бирав ва забонро баркушоиву бо Худо роз ва ниёз кун.

Чупон гуфт:Эй Мусо кори ман аз инҳо гузашта сад ҳазор сол он суйтар рафтаам чун дарахтони биҳишти шукуфон гардидаам ту бар аспи ман тозиёнае зади асп маро бардошту аз гунбади сипаҳрон гузашт минуи Худо бо хоки мо ягона гузашт даст маризоди Мусо.Акнун он гаштаам ки натавон гуфт сухани ман бозгӯяндаи чигунагии даруни ман нест.Чун дар оина пайкараи мебини он пайкара аз они туст на аз они оина най барои ба ово даровардани ной дар он медамад на барои худ.

Эй раҳрав ба ҳуш бош сипоси ту ба даргоҳи Худо чун чун сипоси чупони ёва аст,агар руволи ту басе бартар аз равиши чупон бошад дар пешгоҳи Худо беарзиш ва ночиз аст.Чи мегӯиву ва токи мегӯи ки чун парда яксу равад мебини он чи мепиндошти нодуруст буда ин даҳшу меҳри Худои аст ки ёдкарди ту дар пешгоҳаш пазируфта меафтад,ҳамонанди намози зан доштан.Ҳамчунон ки намози ӯ олуда ба хун аст сипоси ту ва баршумори вижагиҳои Худо пайкар бахшидан ба Худост.Хуни палид ба об пок мешавад.Палидиҳои даруни одами танҳо бо оби нигариши Худои пок шудани аст.Оё ҳангомеки дар намоз пешони бар хок месои маъни: “Субҳона рабби-ал-Аъло”-ро медони?Равотар онки бегуи: “Эй Худо ин кори ман ҳамонанди худи ман шоистаи даргоҳи ту нест.Бадии маро подоши накуи деҳ”.

Меҳри худ ба замин чунон тофта ки палидиҳоро фуру мебараду гулҳоро мерӯёнад.Гулҳову шукуфаҳо гилҳои палидро мепушонанд,кошки аз палидиҳои мо низ ғунчаҳо мешукуфид.ногирунда чун мебинад ки дарсу дарсони кам аз хок аст орзу мекунад ки хок буд мегӯяд кош дар ҳамон хок будан хеш мемондам то донаи фишондаеро сабз гардонам.Ба гумони худ дар роҳи расои гом ниҳод роҳи маро пас заду раҳ оварди барнигарифтам аз ин руйи аст ки ногуранда ба суйи хок кашида мешавад ки суде аз роҳрави намебинад.Одами чун руй бар хок кунад бозичаи оз хеш аст чун ба суйи Худо гар ояд аз сар ниёз аст.Гиёҳе ки шур рӯидан дорад сабзу боланда мегардад ва шоха мегустарад чун ба суйи хок гароиш ёбад дар остонаи хушк шудан аст.

Агар ҷони ту ба суйи Худо кашида шавад гомҳои афзоишро то гомаи расои ба устувори бар медори агар суи хок духти фурӯ меравӣ ва майкоҳиву Худо “Фурӯравандагонро дуст дорад”.

Мусо гуфт:Эй роди корсоз ки як дам ёдкарди ту худ як зиндагии дароз аст дар об ва гил нигораҳои каҷмаҷ дидаам ва ҳамчунон ки фариштагонӣ офариниш одамро аз суйи Худо пазиро набуданд,ки он нигораҳоро дида буданд дар дилам пурхоше нишаста ки пурсишро бармеангезад:Омоҷ аз сохтани тандису сипас дар ӯ тухми табоҳе андохтан чист ки оташи ситаму табоҳи барафрухта гардаду ниёишгоҳ ва ниёишгаронро бисузад? Чаро хунобаву зардоба бояд ба ҷӯш ояд ва одамиро ба лоба барангезад?Медонам он чи мекуни ноби фурузон аст вале бояд бибинаму бовар кунам.Ҳар чанд ки он донистан мегӯяд:Хомӯш бош вале ози дидору огоҳи маро ба ҷӯш меоварад.Ту розҳои худро бар фариштагон намуди ки чунин нуше ба неш меарзад.Фариштагон ҳар чанд неши сарзаниши туро хурдаанд вале нуши ошкори розро низ чашидаанд.Ту рушнои даруни одамро ки парту донои бе каронаат буд ба фариштагон нишон додӣ ва гиреҳ аз душворишон кушодӣ.Бозгашти одами рустохез рози маргро ошкор мекунад,чунон ки дар баҳорон ки рустохези гиёҳон аст меваҳо рози баргро метбонанд зеро ки барг бо чигунагии худ дар пайванд бо дарахт бозгӯяндаи чигунагии мева аст.

Ҳар падидаеро барои боландагӣ ва фузуни замони боиста аст.Аз хун ва заҳак ки палиданд одами зебо падид меояду каме ё камбуд беш аз бешиву фузуни аст.Палмаро бояд шуст то барои навиштан омода гардад.Дил бояд покиза гардад то шури Худо бар он падид ояд ва рушноии Худоиро бадон бирасонад.Худо дили дилдодаро хун мекунад то бо ашки ӯ рози шифтагиро барнигорад.

Палмаро пеш аз шустан бояд шинохту дарёфт ки оё шоистагӣ навиштанро дорад?Роҳрав бояд тавоноиҳои худро бозшиносаду сипас ба пири рӯй оварад.Барои сохтани хонаи нав хонаи куҳнаро вайрон мекунад.Ҳангоми кандани чоҳ нахуст гилро аз жарфои замин берун мекашанд то ба оби гуворо даст ёбанд.Кудакон аз гарро метарсанд зероки бо омоҷи кори ӯ бегонаанд вале болидамард ба гарро зар медиҳад ва неши хун ошомашро арҷ мегузорад,борбар суйи боргарон медавад то онро аз ҳамтоёни худ бирабояд.Ҷангӣ борбаронро барои бор бибин набарди корбинон барои расидан ба рости ҳамчунон аст.Гирониву сахти бинояд осоиш аст талхи оғозаи ширини аст.Биҳишт дар душвори печида шудаву дузах бо оташи хостаҳои норавои мо баҳаргирӣ аз хостаи саршоркунанда вале нораво моро чун шохи тар омода барои сухтан мекунад вале агар дар оташи ранҷҳову дардҳое бисузем ки бар оянда шифтагии ростин аст,барои гом ниҳодан дар биҳишт ва баҳрагирӣ аз оби гуворои биҳиштӣ омода мегардем.Онки дар зиндони дузах гирифтор ояд нолаи нораво хурдаву ба нораво ком ронда ,онки дар кохи биҳишт аст бо равони фармонраво ҷангида ва ранҷи ин ситезаро бар худ ҳамвор гардонида .Онки дар тавонгарӣ беҳамтост дар пешаи худ пойдору бурдбор буда,онки саршор аз неруҳои минави аст дар ситез бо равони фармонраво ранҷҳо бурдааст.Курчашми ки аз музди дарёбандаи тану зиндагии тан фаротар рафта бо чашми дарун на ибрози чашми сар пардаҳоро мешикофаду аз чаҳорчуби ангезаҳо ва дастовезҳо фротар меравад.Ӯро барои дарёти дасту бовардошти корҳои шигирфи паёмбарон ниёзе ба нишонаҳои чун обу гиёҳу дастовезҳову шинохти ангезаҳо нест.

Ту ки пойбанди зиндагии ин ҷаҳониву фармонбардори дарёбандаҳо хеши ба ангезаҳову дастовезҳо овезон шав.Дастовез монанди пизишк асту бемор монанди чароғ аст ва куннаи бемори ба суйи пизишк рав шаби равшан мехоҳи дар чароғат куннаи нав бигзор.Вале офтобро ниёзе ба кунна нест.Боми хона коҳигил мехоҳад бом гардон бе ниёз ва дур аз коҳигил аст.Донои Худои аз роҳи дафтару дастовезҳои доноии ин ҷаҳони ба даст намеояд.

Ҳангоми Худо бар шифтагони худ намоён мешавад ,ки шабгоҳ танҳо бо ӯ бошанд ва дар андешаи ӯ,ин танҳои ва андешидан ба дилситон меваи андуҳи дилдода аз Худой аст.Агар ин андуҳ бисузад ва аз миён биравад он чигунагӣ ки аз намоёнии Худо даст дод аз миён мераваду мо аз шаби ангдешаангез минуи ба рузи зиндагӣ хоки боз мегардем.Танҳо дар шаб аст ки моҳ намоиши ҷонафсои дорад.Бар шаби тан моҳи равшани шаҳриёри ҷон метобаду ӯро аз ошнои ва пайвастан бо ёр саршор мегардонад.Бедили пурдарди дилхоҳро ҷустуҷӯ макун. Ту Исои ҷонро раҳо кардаиву ба парвариши харе тан пардохтаи.Донои ва шинохт аз Исо метобад на аз хар.Бонгу нолаи хари танро мешунави ва борони дил месузони ва намедони ки хар туро ба хари фармон медиҳад.Ту бояд бар Исо бояд дил бисузони на бар хар,сириштро бар хирад сарвар масоз.Сириштро бигзор то зор бигиряд.Хостаҳои нораворо аз ӯ биситону биҳил то воми ҷонро гузорӣ.Солҳои харбанда буди ва дунболи харе равони фармонравоёт гомбар медошти , дигар бас куну ба ёд биёвар, ки харбанда ҳамвора аз хар вопастар аст.Ин ки бояд ба равонат пушт куниву хурдатро пеш биандози баргирифта аз гуфтаи паёмбар аст.Гоҳи хиради шуморгар пасти меварзаду ҳамкор хари равони фармонраво мешавад ва дар ҷустуҷӯи суд аст.Агар ҷон бар тани чираҳ гардад хари тан хуи ва сиришт дилро мегирад ва дар сарои бехирадон хона мегирад.Он ҳангоме аст ки хирад равшангар бар хар нотавони тан пируз гашта ӯ зафт ва хар нотавон шудааст.Агар хирад нотавон гардад хар паҷмурдаи аждаҳо шавад.Гоҳе Исо ту пири роҳдон аст агар аз ӯ тангдил гашти раҳояш макун,ки ӯ расонандаи нерӯи минуи ба даруни туст. Эй Исо ки бо дами ҷон бахшат мурдагонро зинда мекуни бо ранҷҳои ин ҷаҳонӣ чигунаи? Ки дар ин ҷаҳон ганҷе нест,ки море бар он нахуфта бошад.Эй Исо аз дидори нобоварон чунӣ? Эй Юсуф аз рашки бародарон чигунаи?

Эй пири роҳдон ту ба мардуми нодон меҳр меварзи ва шабу рӯз чун шабу рӯз бар зиндагӣ мо меафзои.Оҳ аз он зардрӯёни беҳунар,ки аз зардоба ё хашми онон чизе ҷуз дарди сар намезояд.Бо онон ҳамон кун,ки офтоб мекунад,ки бар ҳамагон бе дареғ тобад.Мо дар ин ҷаҳон ғутавар дар дуруяи ва тарафанд ва дуздиву ду сухани чун саркаем,ту чун ангубин бо мо даромез,ки дармони зардоба саракнагубин аст мо гирифтори дилпечаем ва бар сараке меафзоем мо курдалони бадсириштро густариш мебахшем ту ба ангубин биафзои ту барои парвариши мо беш аз ин моя бигзор.Ин сазои мост рег дар чашм афзояндаи нобинои аст.Мо равзанаҳои дилро бар суйи хушиҳо норавои гузарон мекушоем ва рег бар чашми дил меафшонем.Дар сурмавор моро аз курдили бираҳон.Ситамгорони дилҳои паёмбарон ва баркашидагон иХудоро бо рафтори зишт ва нобовари ба оташ мекашад, вале онон пайваста мегӯянд: “Худоё мардумро роҳнамои кун,ки онон нодонанд.”

Тукон дорбуи,ки чун оташ дар ту гирад ҷаҳонро бо бӯи хуш биёгони на он дорбуи, ки аз оташ аз оташ коҳиш пазирад магар бод метавонад рушноиро барандозад.Эй пир роҳдон ки шукуҳи осмонҳо аз туст агар ситам куни ба аз меҳри дигарон ки ситам аз хирадманди некутар аз ёри нодон.Паёмбар фармуд: “Бехирад агар душмани кунад беҳтар аз онки нодон дусти варзад.”


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ Кишварҳо исломии муосир ва таносуби аҳолии онҳо Созмонҳои …

Шоха ва мазҳабҳои таърихии исломӣ

Шоха ва мазҳабҳои таърихии исломӣ Равияҳои асосии ислом Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат Фирқаҳои аҳли …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *