Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Таърих / Анимизм ва магия

Анимизм ва магия

 

Анимизм гуфта маҷмӯи бовариҳо ба ҷон, рӯҳ ва арвоҳоро мегӯянд. Анимизм (ҷонпарастӣ, арвопарастӣ) аз калимаи лотинии анима гирифта шуда манои луғавиаш ҷон, рӯҳ ва арво мебошад. Одамони ибтидоӣ боварӣ доштанд, ки ҳама гуна мавҷудоти табиат ҳам зинда ва ҳам мурдамурда, хоҳ дар ҳаракат буда ва хоҳ сокин дорои ҷон ва раво ҳастанд. Вале худи одам бошад дорои арвоҳ мебошад.

Одамони ибтидоӣ арвороҳро дорои ақлу сурат ва эҳсосот, соҳиби қувваюирода ва касбу ният мешумориданд. Боварӣ доштанд, ки арвоҳро ба мисли одамони зинда метавон идора ва роҳнамоӣ намуд. Онҳо хашмнок – зиёновар ва ҳалиму ёрирасон мешаванд. Эътиқод ба ҷон, рӯҳ ва арвоҳ аз ҳолатҳои хоббинӣ, рӯъё ва аз ҳуш рафтани одам ба вуҷуд омадаасту одами ибтидоӣба абадӣ ва намирандагии ҷону рӯҳ ва арвоҳ боварии қатъӣ дошт. Дигар ин ки боварӣ ба рӯу ҷон ва арвоҳ як қисми унсурии ҳатмии ҳар як дин буд ва мебошад. Яъне аз эътиқодҳои қадимтарин анимизм аз ҳама бештар ба дин наздик мебошад.

Ба ғайр аз ин се намуди эътиқодҳои динӣ боз дар ҷомеаи инсонӣ шаклҳои эътиқоди динии сеҳру ҷоду (магия), соҳиригарӣ (шаманизм) ва хурофотҳои зиёде вуҷуд дорад.

Динҳои табиӣ (ибтидоиро) ҷамъбастнамуда гуфтан мумкин аст, ки:

  1. Шахсият ва фардияти одамони ибтидоӣ ба дараҷае ба ҷомеа ва қабилаи худ вобастаанд, ки гуфта наметавонем, ки ҳар яке аз ин фардҳо дорои шахсиятанд.
  2. Ҷомеаи ибтидоӣ, ба ақида ва оинҳои худ сахт боварӣ дошта ҳеҷ навоварӣ ва таъғиротро қабул надоранд. Яъне тақлид ва консерватизми онҳо бениҳоят сахт аст.

Ин ду хулоса собит месозад,ки одами ибтидоӣ тасаввуроти худро дар бораи «муқаддассот» — чизҳои муқаддас, ману, қудратнокии сеҳру ҷоду ва хусусиятҳои антроморфизм-одамшаклии қувваҳои табиат ва худоён; зооморфизм- ҳайвоншаклии худоён; антропозооморфизм-дарахтшаклу растанишакл будани худоён; терноморфизм-қубоқашаклу моршакл-хазандашакл умуман будани худоҳо ташаккул ва сайқал дода будааст. Ин ҳама намуди эътиқодҳое будаанд, ки замина барои динҳои ҷамъиятӣ гардидаанд.

Агар пайдоиши эътиқодҳои динӣ хоси ҳама минтақаҳои сукунати ҷамъияти ибтидоӣ будаанд, пайдоиши динҳои қадима бештар хоси баъзе минтақаҳои тамаддунии ҷаҳонанд. Яъне, агар нишонаҳои пайдоишу устувории эътиқодоҳои динии хоси ҳама минтақаҳои кураи замин: Осиёю Африқо, Аврупову Австралия ва Океания бошанд, динҳои қадима ё минтақавӣ хоси минтақаҳои тамаддуние мебошанд, ки эътиқодҳои динӣ дар натиҷаи пешрафти иқтисоӣ, ҷамъиятӣ ва мадании минтақаҳо рӯ ба таҳаввулот оварда ба динҳои содда, оддӣ, минтақавӣ табдил ёфта, шаклҳои нави парастишу эътиқод,ки дигар характери ҷамоаи худро гум карда хусусиятҳои индивидуалиро гирифта, акнун ҳар як инсон чун шахсият баромад карда метавонист, мигирифт.

Ба ин минтақаҳо пеш аз ҳама Миср ва атрофи он, Бобулистон, Ҳиндустон, Чин, Юнон, Эрон дохил буданд. Маҳз ҳамин минтақаҳо ба гаҳвораи тамаддун башарӣ ба дин табдилёфта ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ динҳои қадима ҳам маҳз дар ҳамин минтақаҳо пайдо шудаанд.

Мисри Қадим, ки шароити табииаш барои зиндагонӣ ва маскуншавии инсон хеле мусоидат мекард, ба яке аз минтақаҳои тамаддуни ҷамъияти ибтидоӣ табдилёфта буд. Шароити ҷуғрофии он, ки дар бархурии минтақаҳои гуногуни иқлимӣ (ҳамсоягӣ бо ду баҳр: Миёназамин ва Сурх, бо Саҳрои Кабир дар Ғарбу бо нимсаҳрои Синай ва дарёи сероби Нил ва замини серҳосилаш) қарор дошт, сабаби асосии ҳои сукунати қадимӣ ва тамаддунӣ буд. Маркази тамаддуни ӯ бо туфайли қадимии фарҳангии диӣ, илму санъат, хату адабиёт, шаҳрсозӣ, хоҷагидорӣ ва ташкилоти (сохторӣ) сиёсии он буд. Аз ин лиҳоз Миср як минтақаи хоси пайдоиши парастишу эътиқодҳои динӣ будааст ва анъанаҳои бутпарастӣ (фетишизм), ҷон, рӯҳпарастӣ (анимизм) ва тотемизм васеъ паҳн будааст.

Мисри Қадим яке аз минтақаҳои қадимтарини иттиҳоди сиёсии одамон низ будааст. Аз ин рӯ, таҳаввулоти парастишу эътиқоҳои динии ин минтақа ҳам хеле барвақт, баробари таҳаввулоти сохтори сиёсии ин минтақа сар зад буд. Дар Миср ба мисли дигар минтақаҳо намудҳои эътиқоди динии бутпарастӣ (фетишизм ба маънии парастиши қувваҳои табиату ҳайвонот, паррандагону хазандагон), ҷонпарастӣ (анимизм, ба маънии рӯҳ) ва тотемизм- ба маънии худро аз ягон авлод, хешу табори махлуқот ё уайвоноти табиат донистан роиҷ аст.

Ахлоқи динӣ гуфта тариқ, усул, вақт, ҷой ва ҳамаи он фармудаҳои диниеро мегӯянд, ки иҳрои онҳо талаб карда мешавад ва ё иҷро карданашон шоистаи таъриф ва накарданашон ба гуноҳ, ҷазо ва ё ҳаракате сабаб мегардад. Ин ахлоқи динӣ хоси фақат ҳамон дине мебошад, ки дар бораяш сухан ё баҳс меравад. Яъне ахлоқи динии ҳар як инсон, халқ ва минтақа ҷанбаи умумибашарии фақат доираи худро дорад. Ахлоқи динии динҳои қадимаи мисрӣ, бобулӣ, юнонӣ ва ғайра вуҷуд доранд.


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1929-1990

Нақша: 1.ҶШС Тоҷикистон дар давраи бунёди ҷомеаи сосиалистӣ. 2. Халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги …

Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар осиёи миёна

Нақша: 1. Зарурияти гузаронидани тақсимоти миллӣ- марзӣ дар Осиёи Миёна. 2. Камбудӣ ва норасигиҳо дар …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *