Главная / Таърих / Дини зардуштия

Дини зардуштия

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 1 Средний: 4]

Дини зардуштия

Нақша:

  1. Зардушт ва оини он дар фарҳанги қадимтарини мардуми ориёӣ
  2. Ватани Зардушт

Эронинаслҳо яке аз қавму қабилаҳои Осиёи Марказӣ дар давраи ибтидоӣ чандин оинҳои яздонпарастӣ дошта дар охир аз ҳазораи ёздаҳи пеш аз мелодӣ ба дини миллӣ гузаштанро сар када буданд. Аввалин дини миллии эронинаслҳо Зардуштия буда номашро аз номи асосгузораш Зардушт гирифтааст. Зардушт писари Прушасп аз хонадони Спитаман аз деҳқонзодагони ориёӣ буда сол ва ҷои таваллудаш баҳси зиёде дорад.  Модараш Дуғдова низ аз оилаи ашрофи ориёи будааст. Зардушт ба ақидаи баъзе таърихчиён байни солҳои 1500-1000 то мело два дигарон дар ҳудуди солҳои 660 то мелод дар Рай, Мод, Бохтар ва ё Хоразм таваллуд шудааст. Зардушт дар луғати ориёи маънои «дорои уштур», «уштурбон» , «соҳиби уштур» — ро дорад. Аврупоиҳо Зардуштро Заратуштра яъне зара- доро туштра –уштур мешиносанд. Зиндагонии пайғамбар Зардушт он қадар равшан маълум нест. Аммо аз ривоятҳо зинаҳои зиндагии Зардушт дар анъанаҳои зардуштия оварда шудааст. Омадааст, ки Зардушт вақти таваллуд шуданаш механдидааст ва ҳануз дар давраи кўдакиаш нишонаҳои паёмбарӣ доштанашро собит гардиданд. Зардушт ҳоло дар ҷавонӣ бо хулқу атворӣ меҳрубонана ва сиришти латиф маъруф гардида буд. Дар 20-солагӣ тарки хонавода карда, барои ёфтани ҳақиқати мазҳабӣ ва ҷавоби мушкилоти рўҳонӣ ба мусофирату дарвешӣ мепардозад.

Мувофиқ ривоятҳои авастоӣ аввалин мўҷзоте, ки ба Зардушт рўй дода буд, ин рў ба рў шудан ва гуфтугў бо фаришта Ваҳумана (Баҳман), ки Пиндори нек ном дорад, ки ҳамтои Ҷабраил дар ислом аст, кардан аст.

Зардушт барои интишори таълимоти худ дар дарбори шоҳ Гуштосп (Виштоспиавастоӣ) роҳ меёбад. Пас аз озмоишу мубоҳисаҳои илмию мазҳабӣ таваҷҷуҳи шоҳро низ ба дини худ ҷалб мекунад. Вале дарбориён аз мақом пайдо кардани Зардушт тарсида бо дассисаи онҳо Гуштосп Зардуштро зиндонӣ  мегардонад. Баъди муолиҷаи аспи дустдоштаи шоҳ боз ба дастгирии шоҳ мушарраф мегардад ва баъд бо ёрию фармони Гуштосп таълимоти худро дар Эрону Тўрон ривоҷ медиҳад. Дар ин кор бо Зардушт Исфандиёр яке аз сарлашкарони эронӣ ёрӣ кардааст. Зардушт баъди интишори дини худ боз бист соли дигар паёмбарӣ кардааст, ки дар ин муддат байни Эрону Тўрон ду ҷанги калон шуд ва дар ҷанги дуюмин дар Балх дар назди меҳроби оташ аз дасти турониён кушта шуд.

Зардуштия аз ҷумлаи динҳои соҳибкитоб буда китоби муқаддаси он Авасто ба маънии ситоиш, наёиш, панд дониста мешавад. Мувофиқи таълимоти Зардушт Авасто китоби осмонӣ ва каломи Худовандист. Авасто таърихи дуру дароз дошта, ҳамчун таълимот аз оини ориёии оташпарастӣ манша гирифта на кам аз 3,5 ҳазор сола таърих дорад.  Авасто ҳамчун китоби шифоӣ қариб 1000 соли дигар роиҷ буд. Китобатшавии Авасто таърихи 2700  сола дорад. Вале нусхаи аввалини Авасто то ба мо омада нарасидааст. Аввалин маротиба китоби муқаддаси дини Зардуштия дар давраи имерияи Хахоманишиниҳ дар давраи Гуштосп ё доро дар 120ҳазор пусти гов бо ранги тиллодар ду нусха навишта шудааст, ки яке дар китобхонаи Гунди Шопур ва дигаре дар маъбади Истахр гузошта шуда буд.  Авастои аввалин гўё дорои ҳазору дусад фасл ва 21 қисм иборат буддаст. Ҳангоми истилоҳи Искандари Мақдунӣ қисми зиёди қисматҳои Авасто ба пуррагӣ созонида шуданд ва қисмати камее, ки ба тиб, фалсафа, нуҷум, риёзӣ дахл доштаро ба Юнон фиристониданд. Баъдтар дар замони ашкониё бо фармони Митридот (172-138)  аввалин маротиба баъд  аз сухтанаш Авасто китобат гардида шуд. Дар замони Сосониён дар давраи Ардашери Бобакон ва Шопур ҷамъоварии қисмҳои боқимондаи Авасто давом ёфта, дар охир мубади мубадон барои китобати он алифбои махсуси авастоӣ ихтироъ карданд. Яке аз донишмандони он давра авастои сосониро дар 21инаск иборат аз 348 фасл дорои 350 ҳазор калима таҳрир кард. Вале ин Авасто ҳам то замони мо омада нарасид. Баъди забти араб қисмҳои ба шариати исломӣ зиднабудаашро (қисмҳои бадеӣ, таърихиашро) ба арабӣ гардонида боқимондаашро нест каданд. Баъди ба ислом гаравидани аксари зардуштиён қисми ночизе аз таъқиби араб ба Ҳиндустон фирор кард ва қисме пинҳонӣ зардуштӣ монданд.

Дар асри 18 Анкетил Дюперрони фаронсавӣ дар вақти сафири Ҳиндустон буданаш ба боварии Зардуштиён даромада аз забони муъбадон Авастои боқимондаро навишта гирифта ба оламиён шиносонд.

Авастои ҳозира, ки ба воситаи А. Дюперрон то ба мо омада расидааст 21 қисм набуда, дорои 5 китоб аст: Ясно, Яштҳо, Вандидод(Видедат), Виспарат ва Хурд Авесто иборат  мебошад. Ясно ин китоби муноҷотӣ, Виспарад ин маҷмўи амрҳои динӣ, Видевдат ин китоби зиди девҳо, Яштҳо ин китоби сурудҳои муқаддаси динии то зардуштӣ ва зардуштӣ ва Хурдакавасто бошад ин китоби дуҳоост.

Авастои имрўза ҳамагӣ  85 ҳазор калимаро дарбар гирифтааст. Авасто ба ба забоҳои зиёди ҷаҳон, аз ҷумла англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолявӣ, русӣ, арабӣ, хитойӣ, ҳиндӣ, ҷапонӣ, тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Дини зардуштия ин дини тавҳидӣ (яктопарастӣ) буда Худои муъбади худро Аҳурамаздо-Худои ҳоким меномиданд ва ў офаридгори рушнонӣ, доноию ақл, абадулабад бо бадӣ ва дуруғ дар мубориза асту бо ростӣ ва ростгўӣ роҳбар мебошад, шинохта мешавад. Томоми мавҷудот бо идораи Аҳурамаздо офарида шудаанд. Инчунин қувваи Аҳриманӣ, ки қувваи бадӣ шинохта мешуд доим бо қуваи некӣ дар мубориза буд.

Дар дини зардуштия мақоми фаришьагон низ баланд аст. Ҳар як фаришта ба коре банд аст ва номи худро дорад. Номҳои форсии онҳо Баҳман, Урдубиҳишт, Шаҳривар, Испандароз, Хурдод, Амрдод аст. Фришта Баҳман пиндор ва хиради некаст, ки нахустин таҷаллии Аҳурамаздо буда, дар ҳама ҷои офариниш падидор аст.

Урдубиҳишт фариштаи ростӣ ва адолат, беҳтарин қонун ва адолот дуюмин таҷаллии Аҳурамазо мебошад. Шаҳривар фариштаи идораи илоҳӣ, ҳадди салтанати илоҳӣ, некў ва қудрати илоҳӣ тавассути кадоме, ки зиндагӣ маҷро мегирад, ба шумор меравад.

Испандароз фариштаи шавқат, лутф, мазҳари фурутанӣ ва таслими комил дар баробаи иродаи илоҳӣ, ҷилвагари модии он замин ё модда (ҷисм) ба сурати ҷавҳари худ мебошад.

Хурдод фариштаи расоӣ қаноат, мазҳари тандурустӣ, камол, баробарӣ ё чеҳраи кушоди ҷаҳон аст. Амрдод фариштаи бақо ва ҷовидонӣ, замони бепоён аст.

Аз нуқтаи назари фалсафии зардуштия Баҳман беҳтарин ва нахустин хиради ҷаҳонӣ буда, Урдубиҳишт рўҳу ҷони ҷаҳонӣ, Шауривар қудрату идора, Испандоз нахустмоддаест, ки ба аҳли ҷаҳон ошкор гардиданд. Ин чор нерў дар ҳамдигар дар ҳамоҳангӣ ба фаъолият мепардозанд. Ва ба воситаи Ҳурдод- макони бепоён, ба ҳадафи худ, таҳаллӣ мерасад. Зардуштиён ибодати худро ба воситаи 5 вақт намоз, рузадорӣ, парҳезкорӣ ва аз руи принсипи гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек ба ҷо меоварданд. Намозҳои зардуштиён бисёр дарозу тўлонӣ ва душвор мебошанд.

Ватани Зардушт ва таълимоти динию ахлоқии ў

Зардушт писари Поурушасп аз қабилаи Спитам буда, пеш аз хама аз «Готхо» номи ў ба мо маълум мегардад. Соли таваллуд ва xои аниқи зисти ўро муайян кардан хеле душвор аст. Модом ки «Авесто» дар Ориёи Шарқӣ, яъне дар Осиёи Миёна дар сарзамини тоҷикон навишта шуда бошад, пас Зардушт низ дар хамин сарзамин ба дунё омадааст. Модараш Дуғдова аз Роғ буд, ки дар сарзамини Афғонистон воқеъ гардидааст. Ватани Зардушт Суғду Бохтар ба шумор меравад, ки тахминан дар охири асри VII пеш аз мелод умр ба сар бурдааст.

Асосгузори таълимоти нав Зардушт кўшиш мекард, ки идеологияи ягонаи ҷамъияти ғуломдориро бунёд созад ва бо ин рох қабилахои ориёиро бо хам муттахид намояд. Зардушт дар бораи худ дар Готхо хамчун Зоотар- яъне корманди дин, рухонимаълумот додааст. Тахминан дар синни 30-33 солагиў пайғамбар шуда, барои тарғибу ташвиқи яккахудоикўшиш менамояд. Воқеаи пайғамбар гардидани Зардушт дар Готхо хеле хуб инъикос гардидааст. Як гуфтаи ў аз Ясно ҷолиби қайд аст: «то он даме, ки дар ман қувва ва имконият хаст, ман одамонро таълим медихам, ки ба сўи хақиқат ва ростираванд». Лекин хақиқати холи зиндагипайғамбарро ба он хулоса овард, ки хамаи некихое, ки хаст, хилофи он бадихо вуҷуд дорад.

Дар вақти яке аз ин мулоқотхо хамрохи Ахуро-Маздо (хурмузд) душмани ў Ангра Манну (Ахриман) пайдо мешавад.

Аз ин xо, мувофиқи таълимоти Готхо дар олам ду xавхари хамзод  хурмузд ва Ахриман вуҷуд дорад, ки хам дар аъмоли заминию хам осмонива масоили офариниши олам қудрати баробар доранд. хурмузд хама чизи хубу некро, Ахриман бошад хама чизи баду палидро офаридаанд.

Зухури пайғамбарии Зардушт аз рўи сарчашмахои пахлавишабохате ба меъроxи пайғамбари мусулмонон хазрати Мухаммад дорад. Аз сарчашмахои дини мусулмониниз бармеояд, ки Расули Акрам ба олами улвирасида, хангоми сўхбат бо хастиоллох 99 хазор калому хикмат ва асрори ғайб омўхтааст. Ва xои шубхае нест, ки ба олами лохут расидани Зардушт ва «Авесто»-ву «Занд»-ро омўхтани вай дар даврахои минбаъда ба дини мусулмонирох ёфта, оини ростиву накўкориро дар китоби муқаддаси «Қуръон» тақвият бахшидааст.

Замоне, ки Зардушт зухур намуд ва даъвои пайғамбарикард, дар миёни қавму қабилахои сарзамини Бохтар парастиши оташ, буту санамхо, офтобу моху ситорахо ва хайвоноти мухталиф ҷой дошт. хадафи тарғиби яккахудоипеш аз хама муттахид сохтани қавму қабилахои ориёии шахрнишину муқимибуд, ки зинаи ибтидоии инкишофи xомеаро паси сар намуда, ба тарзи зиндагии нисбатан баландтар- чорводорию зироаткорӣ, косибию хунармандӣ, тиxорату муомилот рў меоварданд ва дехкадаву шахристонхо обод мекарданд. Аслан номи Ахуро-Маздо аз қисматхои «Ахура» сарвар ва «Маздо»-доно таркиб ёфта, маънои сарвари доноро ифода мекунад. Ангро-Майну бошад Ангро- бад ва Майну – андеша, яъне ба маънои бадандеш омадааст.

Дар оини зардушти макрўх сохтани унсурхои муқаддас – оташ, об, хок ва хаво гунохи азим ба шумор мерафт. хатто ба об партофтан, дар оташ сўзонидан ва ба хок супоридани xасади одамон манъ шуда буд. Фаро расидани марг ва бемориро одатан ба кирдори Ахриман нисбат медоданд ва намехостанд аз нафаси бади он аносири муқаддас олуда гардад. Парастиши оташ хамчун рамзи нур, равшанӣ, фурўзон нигох доштани оташи дайру оташкадахо маълум гардид. Тадқиқотхои бостонию археологинишон медиханд, ки яке аз сабабхои оташпараст ва офтобпараст шудани ориёихо сардии замини ватани онхо буд. Офтоб ва оташро наxотбахши худ мехисобиданд.

Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишхои ахлоқиро дар либоси дин  ба xилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарчашмаи зиндагива ашёи хамешагии хеш қарор дод. Ба қавли Фридрих Вилгелм Нитшеи олмони«Зардушт аз хама мутафаккирон ростгўйтару ростандешатар буд». Мутафаккири бузурги хинду Робиндранат Такур дар ситоиши ин пайғамбари ростива адолат гуфтааст: «Зардушт дар таърихи башар нахустин касест, ки динро ба як шакли ахлоқидаровард Зардушт бузургтарин пайғамбарест, ки дар оғози таърихи башарият зухур намуд ва бо василаи фалсафаи худ башарро аз бори сангини маросим озод намуд».

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1929-1990

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]Нақша: 1.ҶШС Тоҷикистон дар давраи бунёди ҷомеаи …

Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар осиёи миёна

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]Нақша: 1. Зарурияти гузаронидани тақсимоти миллӣ- марзӣ …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *