Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Таърих / Сохтори идоракунии давлати Сомониён.

Сохтори идоракунии давлати Сомониён.

                   Нақша:

 

  1. Низоми идораи марказї ва мулки Сомониён.
  2. Сабабҳои барҳамхурии давлати Сомониён.

 

Ташкили хуби идоракунии давлат  бешак дар рушду камоли он  саҳми муносиб мегузорад. Инро хонадони Сомониён хуб медонистанд.  Яке аз намояндагони  олимақоми ин хонадони бонуфўз – Исмоил инро хуб дарк мекард.  Аз ин рў баробари ба сари қудрат омадани хеш  масъалаи аз рўи нақша  ташкилу амал намудани давлатро ба миён гузошт. Баъди ғалабаи      Исмоил аз болои  Саффориён  (с 900)  Сомониён ташкили  идоракунии бонизомро  ба миён гузоштанд.  Исмоил  шакли беҳтарини   идоракунии давлатро дар девонҳо  ( вазоратҳо) медид. Вай таҷрибаи давлатҳои гузаштаро ба инобат гирифта  бо роҳи девонҳо  идора намуданро асос  мешуморид. Исмоили Сомониї  барои идораи тамоми  корҳои давлати бузурги  марказиятнок  зарурияти дастгоҳи  давлатиро нағз мефаҳмид. Дар ташкили чунин сохти давлатдори  ба ғайр аз Исмоили Сомонї  боз наберааш  Насри 11 Сомонї  ( 914 – 943)  низ нақши бузург  бозидааст.  Дар замони салтанати Насри 11 дар атрофи  регистони Бухоро  даҳ бинои азим сохта шуд, ки дар ҳар кадоми он девонҳои  алоҳида ҷой гирифтаанд.  Ин шакли идоракуни ҳанўз дар  замони арзи вуҷуд кардани  давлати Сосониён  ташкил шуда буд. Ин усулро арабҳо низ истифода намуданд.  Ҳангоми  дар хилофат ҳукмрон будани Аббосиён  бо кўмаки тоҷикону  эрониҳо онҳо  бо роҳи девонҳо идора кардани давлатро  таҷриба карданд. Яке аз сабабҳои асосии дар дарбори хилофати Араб роҳ ёфтани  оли Бармакиён низ дар ҳамин зикр меёбад. Зеро онҳо дар замони ҳукмронии Сосониён вазирони ин давлати  муқтадир буда,  дар такмили идоракунии мамлакат саҳми муносиби хешро гузошта буданд.

Азбаски онҳо мардони заковатманд буданду  дар идоракунии мулк  таҷрибаи хоса доштанд, бинобар  ин арабҳо ба онҳо такя намуда, аз таҷрибаашон баҳраманд шуданд. Аммо Сомониён сохтори арабию сосонии идоракунии давлатро хеле  такмил доданд.

Давлати Сомониён аз ҷиҳати сохташ  феодалї буда, ба ду даргоҳ:

дарбори подшоҳї ва девонҳо,  яъне  вазоратҳо ё  идораҳои ҳарбї- гражданї тақсим мешуд. Идораҳои  девонҳо дар рў ба рўи бинои дарбори подшоҳ қарор доштанд. Дар замони Насри 11 ибни Аҳмад дар Регистони Бухоро даҳ девон амал мекард. Инҳо  чунинанд:

  1. Девони вазир ё Ҳоҷиби бузург. – Ин калонтарин девон ба шумор мерафт. Тамоми девонҳои дигар тобеи  он буда, ҳар сари вақт  ба вай ҳисобот пешкаш менамуданд. Сардори девон дар дарбор  ба мавқеи  хоса соҳиб буд. Вай баъди амир шахси дувум ба шумор мерафт.

Амир дар интихоби  сардорони ин девон кўшишҳои зиёде ба харҷ медод.  Зеро он ҳалкунандаи он ҳалкунандаи ҳаёту мамоти давлат буд. Бинобар ин  амирони Сомонї  кўшиш ба харҷ медоданд, ки одамони дасти тоза дошта, покдилу олиму сиёсатмадрро интихоб намуда, сарпарастии ин девонро ба онҳо вогузор намоянд.

  1. Девони муставфї ё хазинадор. Ин девон оиди  воридоту содирот кор мебурд. Муставфї – девонсолор баъди ҳоҷиби бузург дар дарбор шахси дувуми обрўманд ба шумор мерафт. Подшоҳ ба вазифаи муставфї одамони ба худ содиқ ва дасти тоза доштаро пешбарї мекард. Зеро тамоми боигарї ва амволи мамлакат дар зери дасти вай нигоҳ дошта мешуд.
  2. Девони Расоил ё амид-ул- мулк. — Корҳои муҳими давлатиро иҷро мекард. Сирҳои асосии давлатдориро он дар худ таҷассум намуда, идораи умури сиёсї бо кишварҳои хориҷиро ба ўҳда дошт. Сардори ин девонро аз  одамони ба амир наздик  таъин  менамуданд.  Дар масъалаҳои  мухталифи сиёсию байналмилалї амирро  мушовир буд.
  3. Девони соҳибушурот ё артиш. —  Вазифаи вазири мудофиа ( ҷанги) –ро адо мекард.  Дар замони Сомониён он сипаҳсолор ном дошт. Сопаҳсолорро худи амир таъин мекард ва ў аз болои кори артиш, таъминоти он бо озуқа, сару либос кор мебурд. Сардори девон соле як маротиба паради ҳарбї созмон медод.  Паради низомиро, ки аз ҳисоби  қушуни савора, пиёдагард, найзазан ва филҳои ҷангї ташкил мешуд,

худи подшоҳ қабул мекард. Инчунин  ин девон  вазифаи  посбонї ва таъмини  амнияти  мулкро  ба ўҳда дошт.

  1. Девони соҳиб – ул- барид ё алоқа. — Яке аз муҳимтарин девонҳои давлатї  ба ҳисоб мерафт. Дар ихтиёри он ҳама воситаҳои ахборї буд. Тамоми хабару воқеъоте, ки дар қаламрави  давлат рух медод, албатта,  ин девон  ба самъи  подшоҳ  ва дарбориён мерасонд. Сардори ин девон ҳуқуқ дошт, ки бо подшоҳ ва халиф озодона гуфтугў намуда, кори хешро ҳал  кунад. Ин девон дар ихтиёраш амволи зиёди нақлиётї, кабутарони хатбар ва чизҳои дигар дошт.  Кормандони он танҳо хизмати ҳукуматдоронро  ба ҷо меоварданд. Хату номаҳои мардуми оддиро  аз маҳал ба  маҳал  намебурданд.
  2. Девони муҳтасиб ( савдо). —  Муҳтасибон дар даргоҳи Сомониён мақоми махсусро соҳиб буданд. Онҳо таҳти сарпарастии  сардори девони худ  аз болои кори бозорҳо, фуруши маҳсулот, тарозудорї,  сифати моли ворид мешудагї  назорат мебурданд.

Баробари ин муҳтасиб аз болои тартиботи шаҳрдорї назорат карда, пеши роҳи майнўшону  авбошонро мегирифтанд.  Ғайр аз ин  ба муқобили дуздию фосиқї  чораҳои зарурї  меандешиданд.

Муҳтасибон аз ҳисоби зердастони хеш  дастаи махсус созмон дода дар маҳалҳо мегаштанд. Шахсоне, ки бо ҷиноят аз тарафи онҳо дастгир мешуданд, дар маҷлиси  васеи  маҳал  муҳокима намуда, ба онҳо ҷазои  сазовор медоданд.

  1. Девони мушриф ё ашроф. – Сардори ин девонро мушриф мегуфтанд.  Дар  «Таърихи Байҳақї»  мушриф чун хазинадор  ёд карда мешавад. Бинобар ин ашроф вазифаи нигоҳ доштани сирру асрори давлатиро иҷро мекард.  Бо супориши подшоҳ аз паси шахсони масъул  назорат мебурд.
  2. Девони амлоки хосаи султон ё аззиёъ.  —  Дар замони оли Сомон ин девон  вазифаи ҷамъ намудани амлокро аз мулкҳои султонї ( давлатї)  адо мекард.
  3. Деваони алқузо ё қозї. – Ин девон ба даъвоҳои мардум расидагї мекард, тақрибан  дар ҳукми  вазорати додгустар буд.  Раис ё вазири онро дар марказ қозиюлқузот  мегуфтанд.  Шахсе, ки фиқҳу шаръи исломро медонист ба ҳамин мансаб таъин мешуд.  Ошти додани мухолифин,  назорату сарпарастии  ба шаваҳар додани духтарони беволидайн, содир намудани ҳукмҳои додгустарї,  назорат аз болои вақфномаҳо,  кайфар  ( ҷазо) додани қарздорон ва ғайра  вазифаҳои ин девон  ба шумор мерафтанд.
  4. Девони авқоф ё вақф. —  Он масъули назорат  бар масоҷид  ва  арозиву  амокини  ( замину макон ) вақфи ва кори мутаваллиён буд. Сиёсати хукумати марказї ба он нигаронида шуда буд, ки соҳибони вақфҳоро  дар хидмати хеш нигаҳ дорад.

Бо девонҳо идора  намудани мамлакат  кори давлатдоронро як дараҷа ба тартиб медаровард.  Зеро сардорони девонҳо  вазифаи дар наздашон бударо  бе таъхир иҷро мекарданд. Ба ғайр аз девони алоқа,  девонҳои дигар  ҳам ба ҳокимони маҳалҳо  ва ба хукумати марказї итоат мекарданд.

 

Хонаводаи Сомониён хамчун ахли хонаводаи Тахириён дар дарбори хилофат мақоми хоса доштанд. Асосгузори сулолаи Сомониён Сомонхудод писарони Асад баъди шўриши Рофеъ ибни Лайс ҳокими мулкҳои алоҳида; Нўҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чоч ва Илёс дар Ҳирот ҳоким таъин шуданд. Дар солхои 70-уми асри 1Х дар Мовароуннаҳр  ба майдони мубориза писарони Аҳмад Наср ва Исмоил баромаданд. Соли 888 Исоил бар болои бародараш ғалабаи комил ба даст овард. Соли 892 баъди марги Наср Исмоил ҳокими мутлақ эълон шуд. Замони ба сари қудрат омадан ва барҳамхўрии сулолаи Сомониёнро ба се двра тақсим кардан мумкин аст.

Давраи якум аз соли 817 огоз шуда соли 874 анҷом меёбад. Ин давра ибтидои муборизаҳои халқи барои истиқлолият ва ташкили давлати

мутамарказонида мебошад. Давраи дуюм аз соли 875 оғоз ёфта солҳои 60-уми асри X ба охир мерасад. (875-960). Намояндагони барҷастаи ин давра Исмоил ва Насри II ба ҳисоб мерафт. Солҳои 961-999. Дар ин давра амирони Сомони ба давлатдорї кам аҳмият дода лашкар ва идоракунии онро ба ихтиёри гуломони турк месупуранд, оқибат лашкари туркон дар барҳамхўрии давлати Сомониён мусоидат кардаанд.

Дар давраи ҳукмронии Исмоили Сомонї ва дигар ворисони ў хусусан наберааш Насри II ( 914-943) барои таъсиси лашкари доимї хизматҳои зиёде кардаанд. Лашкари Сомониён асосан аз ғуломони турки музофотҳои гирдуатрофи Мовароуннахр иборат буд.

Дар давраи ҳукмронии писари калонии Нўҳ Абдумалик (954-961) болоравии нуфузи сиёсии саркардагони ҳарбии гвардияи турк ва ба дасти онҳо гузаштани қариб тамоми корҳои идораи давлати ба амал меояд.

Хусусан сардори гвардияи турк Алптегин ба сифати Ҳоҷиби  бузург сар мебардорад. Абдумалик бидуни розигии ў ҳатто касеро ба маснади вазорат таъин карда наметавонист. Абдумалик аз афзудани нуфўзи Алптегин ба ташфиш афтода бо мақсади ўро аз пойтахт дур кардан соли 961 ҳокими Хуросонро ба ў супурд. Алптегин соли 962 ба Балх ҳуҷум оварда лашкари Амрро шикаст дод. Сипас ба тарафи Афгонистон рафта шаҳри Ғазна ва шимолу ғарбии Ҳиндустонро ба даст дароварда ҳокимияташро барқарор намуд. Танҳо пас аз марги Алптегин (с963) ба Мансур Ибни Нўҳ муяссар шуд, Ғазнаро боз ба зери итоати худ дарорад. Набудани якҷоягї ва низоҳои байнихудї боиси суст гардидани давлати Сомониён гардид. Бахусус муборизаи баъзе феодалон ва ҳокимон барои ҳокимият, исёнҳои пай дар пай давлати Самониёнро хеле суст карда буданд.

Дар давраи ба тахт нишастани Нўҳи II ибни Мансур (976-997) давлат рў ба таназул ниход. Ў ҳатто бар зидди душмани камқувватарин мубориза бурда наметавонист. Ҳатто баъзе ҳокимон бо душман забон як

карда бар зидди халқи худ яроқ мегирифтанд. Амсоли он ҳокими Хуросон Абўалии Симчурї, ки бо Қарохониён забон як карда аз фиристодани лашкар ба Мовароуннаҳр ба ёрии амири Сомонї даст кашид.

Дар сафи лашкар ягонаги набуд сабаб дар он буд, ки девони «Соҳиб- ул –ушрат» ба масъалаи аз ҳисоби тоҷикон тайёр намудани сарлашкарони  боистеъдод аҳамият намедоданд.

Лашкар, ки ҳалкунандаи тақдири давлат аст, дар дасти халқҳои аҷнабї буд, аз ин рў ба давлат хиёнат карданд. Сабаби дигар солҳои охир амирони Сомонї  зулму истибдод истисмори халқро пурзўр карда, аз ёри ва дастгирии онхо дур шуданд. Соли 999  Қарохониён бо сардории Насри Илокхон ҳуҷум карда пойтахти давлати Сомониён – Бухороро ғасб намуданд. Муборизаи Абўиброҳим Исмоил Мунтасир нишон дод, ки туркони қарахонї, ғазнавї, хоразмї, салҷуқї ва ғайра барои нест кардани давлати Сомониён иттифоқи мустаҳкам баста буданд.


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1929-1990

Нақша: 1.ҶШС Тоҷикистон дар давраи бунёди ҷомеаи сосиалистӣ. 2. Халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги …

Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар осиёи миёна

Нақша: 1. Зарурияти гузаронидани тақсимоти миллӣ- марзӣ дар Осиёи Миёна. 2. Камбудӣ ва норасигиҳо дар …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *