Главная / Таърих / Ташкилёбии Давлати Сомониён

Ташкилёбии Давлати Сомониён

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]

Нақша:

Ташкилёбии давлати Сомониён.
Исмоили Сомонї – бунёдгузори давлати Сомониён.

Сарсилсилаи хонадони Сомониён- Сомон аслан аз вилояти Балх, ё худ атрофи Самарқанд ва ё аз Тирмиз буд. Ба тибқи маълумоте, ӯ дини исломро қабул карда, дар шахсияти ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ, ки намояндаи хилофати Араб буд, борои худ пуштибоне пайдо намуд ва аз ин сабаб ба аломати эҳтиром нисбат ба ин мард фарзанди худро Асад ном кард. Асад чор писар дошт; Нӯҳ, Аҳмад, Яҳъё ва Илъёс.  Ҳамаи фарзандони  Асад дар аҳди хилофати Маъмун ба корҳои идораи давлат кашида шуда, Нӯҳ ба Самарқанд, Аҳмад ба Фарғона, Яҳъё ба Чоч ва Уструшан, Илъёс ба Ҳирот ҳоким таъин гардида буданд.

Дар зоҳир ин чунин ба назар мерасид, ки гуё ҳар яке аз чор бародар ҳокими вилояти инъомшудае мебошад ва бевосита ба қоиммақоми Хуросон итоат мекунад.  Аммо дар асл ин тавр набуд. Бародари аз ҳама калон Нӯҳ мақоми махсусе дошт. Дар робитаҳои хориҷї хамчун сардори хонадон баромад мекард. Таҳқиқи сиккаҳо нишон медиҳад, ки дар давраҳои аввал бародарон худро на ҳамчун  моликони алоҳида, балки ҳамчун  аъзои як хонадон ҳисоб мекарданд, ки дар сари он Нӯҳ қарор гирифта будааст.

Пас аз вафоти Нуҳ додари ӯ  Аҳмад сардори ин сулолаи навбунёд гардид.  Аҳмад, ки марди нисбатан доно ва тавоно буд, бо мақсади муайян ба « ҷамъ кардани» замини бародараш ва собит намудани мавқеи аввалияти худ камар баст. Ӯ дар вақти зиндагиаш ҳукмронии Самарқандро ба писари худ Наср супурд, ки вай баъди вафоти падараш дар соли 864 сарсилсилаи Сомонї гардид. Соли 875 халифа ҳам Насрро ҳамчун  сардори сулола эътироф намуда, зимоми идораи давлатро ба дасти ӯ дод.

Аҳволи  Наср бисёр вазнин буд. Хешовандони калонтарини ӯ мулки алоҳида талаб мекарданд ва гоҳо, ҳатто зоҳиран бошад ҳам, вайро ҳамчун сардори сулола эътироф кардан намехостанд. Муборизаи Наср бо майлу кушишҳои ҷудошавии бародаронаш на ба таври кофи қатъи буд ва на бароре дошт. Масалан, амаки Наср Муҳаммад ибни Нӯҳ дар

овони ҳукмрони карданаш дар Чоч, ҷиянашро чун сардори сулола шинохта, ба номи у сиккаҳои миси мебаровард. Вақте, ки Чоч ба дасти бародари Наср Яъқуб расид, у сиккаҳоро ба номи худ баровардан гирифт.  Дигар бародари  Наср Асад дар Фарғона ҳукм меронд.  Ин ду бародар дар мубориза ба муқобили бародарони дигари худ муттафиқ буданд. Асад дар пойтахти Фарғона Ахсикат ба номи худ пул мебаровард ва Насрро лоақал чун ҳукмрон  ёд намекард. Наср бо ҳамаи ин созиш менамуд.  Муносибати Наср хусусан бо бародараш Исмоил  мураккаб  буд.  Наср ибни Аҳмад бародари  дастпарвари худ Исмоилро  амири вилояти Бухоро таъин намуд  ва бо ҳамроҳии вазир Исмат ибни Муҳаммади Марвази, дабир Фазл ибни  Ахмади Марвази ва гурӯҳи сипоҳиёну дарбориёни хоси худ соли 874  ба  Бухоро фиристод. Руҳониёни бонуфузи Бухоро тахти сарварии Абуабдуллоҳ  ба пешвози Исмоил ибни Аҳмад баромада,  ӯро ба шаҳр хайра мақдам намуданд.  Исмоили Сомони солҳои 874 – 892 расман  ба сарвари хонадон, бародари калониаш  Насри Сомони итоат мекард.

Рӯзҳои вуруд омадани Исмоили Сомони ба Бухоро шаҳру рустоҳо мушкилиҳои зиёди сиёсї,  ҷомеавї, мазҳабию ҳунарї, заифии дастгоҳи  идоравии давлати  вуҷуд доштанд. Лекин Исмоил имконияти  амалии бо силоҳ итоат кунонидани  шаҳру мардуми онро надошт. Танҳо хираду заковат,  тоқату тамкин, ҳушёриву  устуворї  баҳри ислоҳи  пайдарпайи  офату мусибатҳои  мардумон даркор буду халос.

Ҳоло Исмоил  машғули мустаҳкамкунии мавқеи худ буд, ки  нохост Ҳусейн ибни Тоҳир бо лашкари дуҳазорнафараи  мусаллаҳ  аз дарёи Ому  гузашт.  Ӯ омодаи забти  Бухоро  шуд.  Аз ин ҳодиса Исмоил воқиф гашт. Исмоил ҳафтод нафар сипоҳии Ҳусейнро асир намуд, худи Ҳусейн ба Хуросон  гурехт. Сипас Исмоил инсондӯсти зоҳир намуда, ба асирон ҷома пушонида, онҳоро ба мулкашон ҷавоб дод.

Наср бинни Аҳмад Исмоилро ӯҳдадор  намуда буд,ки  соле аз хироҷи Бухоро  панҷсад ҳазор дирҳам  ба ҳукумати маркази  ирсол кунад.

Азбаски дар Бухоро ҷангу ҷидол давом мекар, амир Исмоил  саривақт андозро ба Самарқанд  нафиристод.  Он гоҳ Наср назди Исмоил қосид фиристода, аз ӯ мол пурсид, вале Исмоил бо баҳонае талаботи  бародарро иҷро накард. Ин рафтори Исмоил  миёни бародарон ҷудои андохт. Наср ба муқобили  Исмоил тайёрии ҳарбї дида  дигар бародаронаш ва туркони  Исфанҷобро ба кӯмак даъват намуд. Лашкари якҷояи бародарон  ба Бухоро ворид шуданд, муборизаи дурударози байни бародарон сар шуд. То вақтҳои охир муаррихон чунин мепиндоштанд, ки  ин муборизаи сиёсии  ҳокимиятталабї  мебошад.  Аммо тасвири  муфассали ин ду бародар  нишон медиҳад, ки  муборизаи онҳо дар заминаи иқтисодї қарор гирифта буд ва Исмоил  фақат мехост  Бухороро бо тамоми хуқуқ ва имтиёз  дар дасти худ  нигоҳ  дорад.  Дар задухурди соли 888  Исмоил ғалаба кард, вале тахтро аз Наср  кашида  нагирифт, зеро он вакт  ӯ чунин даъво  надошт. Танҳо соли 892 пас аз вафоти  Наср  ба тахти салтанат нишаст ва мулки хосаи ӯ Бухоро  пойтахти давлати  Сомониён гардид. Фавти Наср  ба муборизаҳои  дохилии хонадони  Сомониён дар аҳди  Исмоил  хотима  бахшид. Акунун ӯ вазифадор шуд, ки иқтисодиёти давлатро  пурзур намуда, ба ҳуҷумҳои  ғоратгаронаи  бодиянишинони  Осиёи Миёна  нуқта гузорад. Бо ҳамин мақсад ӯ ба Туркистон лашкар кашид  ва ба Бухоро ғаниматҳои зиёде овард. Юриши Исмоли Сомони ба Шимолии  Осиё  пеши роҳи тохтутозҳои  ғоратгаронаи турконро гирифт. Мустақилияти  Исмоил ба хилофат мақул набуд. Ин буд, ки Амри Саффори аз хилофат фармон гирифт то ин, ки Исмоилро нобуд созад.  Муҳорибаи байни Исмоилу Амр соли 900 дар назди Бухоро сурат гирифт. Дар ин муҳориба Амр талафоти калон дода таслим шуд.Баъди асир  гирифтани Амр ибни Лайс  Исмоил ӯро қатл накард. Вайро ба ихтиёри халиф ба Бағдод фиристод.  Амр  ду сол дар ҳабс хобид ва баъд бо фармони халиф  Муътамид  кушта шуд.

Як муддат ҷангҳо пасанда шуданд. Акнун Исмоили Сомони  барои мустаҳкам  намудани  иктисодиёти давлат  ва ободии шаҳрҳои  он камар баст.

Аҳолии Бухоро аз  подшоҳ  талаб намуд, ки  барои аз туркони бодиянишин эмин нигоҳ доштани шаҳр бояд атрофии онро девор гирифт. Исмоил чунин изҳор намуд: « То вақте, ки ман зиндаам, қалъаи  Бухоро ман ҳастам ».

Исмоил  сиёсатмадори  замони худ буд. Зеро ҳар як душворие, ки  сар мезад,  мустақилона ҳал мекард.  « Ҳеч кас аз оли Сомон  босиёсаттар аз  вай набуд », гуфтааст Наршахи .  Дар замони амирии ӯ давлатдории  Сомони  ба дараҷаи баланди  тараққиёти хеш расид. Исмоили Сомони заминҳои Саффориёнро ҳам  ба итоати хеш даровард.

Давлати бузурге, ки  Исмоили Сомони  ташкил ва мустаҳкам намуда буд,  алаккай дар замони  ҳукмронии писараш  Аҳмад бинни Исмоил  ( 907- 914) якбора паст рафт. Зеро  аз сиёсати пешгирифтаи ӯ  феодалони маҳаллї,  заминдорони калон,  гвардияи дарбори  ва халқ норози шуданд. Якбора ҳокимони мулкҳои калони Сомониён- Самарқанд, Сиистон,  Рай, ва ғайра  бар зидди ҳокимияти марказї шӯриш бардоштанд.

Кушта шудани Аҳмад ибни Исмоил  низ муносибатҳои  дохилї дарбори  Сомониёнро хеле тезутунд  намуд. Иддае аз наздикони  хонадони подшоҳ барои сохиб шудан  ба  тоҷу  тахт муборизаро оғоз намуданд. Аммо аз қабили дарбориён ва мутафаккирони олимартабаи  Бухоро  одамони солимақл ёфт шуданд, ки  ба тоҷу тахт арзанда будани  писари хурдсоли Аҳмад Насри 11-ро эътироф намуданд.  Насри 11 ибни  Аҳмад ( 914-943) соҳиби тоҷу тахти Сомониён гашт.  Азбаски ӯ ноболиғ буд,  бо маслиҳати  мутафаккирони дарбор идора намудани давлат бар  Абдуллоҳ Муҳаммад  ибни Аҳмади Ҷайҳони  вогузор шуд.

Дар рафти солҳои 925- 929 ҳокимони вилоятҳои алоҳидаи Хуросон ба муқобили ҳукумати марказии  Сомониён хуруҷҳо карда, бо дастгирии хилофати Араб  ба ҷудоандозии мулкҳо даст заданд. Аммо амир Насри 11 тавонист,ки ин хуруҷҳоро сари вақт фурӯ нишонад. Солҳои охири

ҳаёти хеш Насри 11 ҳокимиятро дар Нишопуру Рай ва дигар заминҳои  Хуросон  мустаҳкам намуд.

Чи хеле, ки сарчашмаҳо ёдовар мешаванд,  тамоми хислатҳои одамгари  ва ҳокимии  бобояш Исмоил ибни Аҳмад да Насри 11 таҷассум  ёфта буданд. Ӯ дар ҳалли масъалаҳои  мухталиф  ба саросемакорї роҳ надода,  ҳаматарафа вазъиятро  омӯхта,  таҳлил намуда, сипас қарор қабул мекард.

Насри 11 ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш  ба ҷои хеш писари калониаш  Исмоилро ворис монда буд. Аммо Исмоил пеш аз падар вафот кард. Дар солҳои охири ҳаёт ва давлатдориаш  Насри 11  пайрави ақидаи карматиён шуд. Ҳатто ӯ ба гуфтаи сардори карматиён  Нахшаби гӯш медод, ки ин боиси норозигии  рӯҳониёни ислом гардид.  Хостанд, ки дар вақти маҷлиси бошукуҳ  Насри 11- ро шаҳид гардонанд. Аммо аз ин сӯиқасд  писари подшоҳ Нӯҳ ибни Наср огоҳ шуда, саркардагони  сӯиқасд то оғози маҷлис дастгир гашта, сарашон аз тан бурида шуд. Насри 11 дар назди ҳозирин  сухан карда, ба фоидаи писараш Нӯҳ,  ки  ба ҳаракати кармати  майл надошт,  аз тахту тоҷи Сомониён даст кашид.

Гарчанде Нӯҳ доир ба мустаҳкам кардани ҳокимият  баъзе чораҳо дид, вале  норозигиҳои  лашкариёни дарбори, ошубҳои баъзе аз сулола  ва ашрофони маҳалли ба миён омаданд. Вай ҳатто дар соли 947  якчанд моҳ  пойтахташ  Бухороро   аз даст дод. Солҳои зиёде ба мубориза бо ҳокими Чағониён —  Абӯалии Чағонї банд шуд ва билохира  маҷбур гашт,  ки ӯро сипоҳсолори  Хуросон таъин кунад.  Нӯҳ ибни Наср 28 августи соли 954  вафот намуд.   Ҳукмронии Нӯҳи 1 боиси бадии вазъи оммаи меҳнаткашон шуд.   Дар давраи ӯ як сол пеш гирифтани андозҳо дар шакли қарз  ҷори гашт ва ҳамчунин иҷрои ӯҳдадориҳои зиёде ба миён омад.

Дар давраи амири дигар – Абдумалик ибни Нӯҳ ( солхои 954- 961) ва Мансури 11 ибни Нӯҳ (солхои 961- 976) дар дохили давлат  қувваҳои марказгурез қувват гирифт  ва низову ошӯбҳо  ба миён омаданд ва

таъсири лашкари турк дар дарбор афзун гардид.  Азбаски ҳоло Абдумалик хеле ҷавон буд, як муддат идоракунии ҳокимиятро шахси бонуфӯзи дарбор  Абӯбакр ибни Малик ба зима гирифт. Баъди он, ки Абдумалик дар кори идоракунии  давлат малака ҳосил намуд, Абӯбакр ибни Малик ба Хуросон рафт. Дар замони Абдумалик ибни Нӯҳ таъсири туркон дар дарбор боло гирифт. Подшоҳ бе розигии  ҳочиби бузург Алптегин  кореро ба сомон  расонида наметавонист. Ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки  бе рухсати ҳочиби бузург подшоҳ ягон шахсро аз мансаб гирифта, ба мансаб таъин карда наметавонист. Дар замони ҳукмронии Абдумалик ибни Нӯҳ   задухӯрд ва исёнхои феодалони маҳаллї ниҳоят авҷ гирифтанд ва дар натиҷа давлати Сомониён сусту нотавон шуда монд.   20 ноябри соли 961 ҳангоми асптозї  Абдумалик шаҳид шуд.

Марги ногаҳонии Абдумалик ибни Нӯҳ  боиси кашмакашиҳои  дохилию  норозигии умум гашт,  дар дохили давлат қувваҳои марказгурез қувват гирифта,  низову ошӯбҳо ба миён омаданд ва таъсири сарлашкарони турк дар дарбор афзун гардид. Амир Нухи II ибни Мансур (солхои 976-997) дар 13-солаги ба тахт шинонида шуд, вале ба ҷои ӯ модараш ва баъд вазир Абулҳусайн Абдуллоҳ ибни Аҳмади Утби ҳукмрони менамуданд. Баъди вафоти ин вазир дар солҳои 80-уми асри X дар давлат низоъ ва кашмакашиҳо бо иштироки сарлашкарон Тош, Фоиқ, Абӯлҳасани Симҷурї ва дигарон зиёд мешавад ва артиши Сомониён аз артиши Бувайҳиёни Эрон шикаст мехӯрад. Дар натиҷа як қатор вилоятҳои давлати Сомониён ба дасти ошӯбгарон афтод, даромади хазина кам шуд ва туркони лашкари дарбор худсарї менамуданд. Ҳамаи музофоти Хуросон амалан ба дасти Абӯалии Симҷурии қобилиятноку мансабпараст гузашт, ки ӯ аз таҳти ҳукмронии Нӯҳи II берун рафта буд. Дар ин шароит дар Ҳафтруду Кошғар давлати Қарохониҳо қувват гирифт ва соли 992 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум намуд. Кӯшишҳои Нӯҳи II доир ба ҳимояи мамлакат бе натиҷа монданд, зеро ӯро аҳоли дастгири накард, шиори ҷиҳод ҳам кӯмак нарасонд, чунки

қарохониҳо низ мусулмон будан ва волии Хуросон Абӯалии Симҷурї бо Буғрохони қарохони махфиёна шарик буд, сарлашкар Фоиқ бошад, ба ҷониби душман гузашт. Дар натиҷа Бухороро қарохониҳо ишғол карданд ва Нӯҳи II ба Омул фирор кард. Вале вазъиятро марги ногаҳонии Буғрохон наҷот дод, баъди ин ҳодиса лашкари қарохониён Бухороро ғорат намуда ақибнишини карданд.

Нӯҳи II бо ёрии ҳокими Ғазна Сабуктегин соли 994 нерӯҳои ошӯбгарї Абӯалии Симчурї  ва Фоиқро дар Хуросону Балх шикаст дод ва барои ин хизмат волигии Хуросонро ба писари Сабуктегин Махмуд бахшид. Ба ҳамин минвол ҳокимияти Нӯҳи II муввақатан барқарор шуд, вале солҳои 995-996 дар ҳавзаи Сирдарё, вилоятҳои шимолу шарқиашро аз даст дод. Дар ин ҷо қаламрави фарғонагии давлати карохониҳо ташкил шуд, ки марказаш Урганҷ буд. Солҳои охири ҳукмронии Нӯҳи II н сарвари мекарданд. Нӯҳи II 23-июли соли 997 дар ҳамин гунна вазъият вафот намуд. Каме пештар Нухи-11ро табиб ва олими чавон Абӯали Ибни Сино муолиҷа намуда, ба ин васила ба китобхонаи машҳурї дарбори Сомониён роҳ  ёфта буд.

Дар давраи Сомониёни охирин Мансури II ибни Нӯҳ ( солхои 997-999)  ва  Абдумалик ибни Нӯҳ (соли 999) ҳуҷуми қарохониҳо ба Мовароуннаҳр ва  тақсими мулки Сомониён дар байни қарохониёну ғазнавиён ба амал омад.

Дар ин давра  дар дасти Сомониён  танҳо Мовароуннаҳр монда буду халос. Ғайр аз ин Сомониён соли  999  ба ҳуҷуми қарохониён дар зери роҳбарии  Наср гирифтор шуда  давлатдориро аз даст доданд.

Охирин намояндаи  Сомониён  Абӯиброҳим Исмоил  якчанд маротиба  бар болои Қарохониён ғалаба ба даст даровард, вале соли 1005 ӯ ҳам кушта шуд ва бо ҳамин ҳукмронии  сулолаи Сомониён  аз байн рафт.

Рӯйхати адабиётҳо:

  1. Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон Китоби – 1., Душанбе, 1983 саҳ 13-247.
  2. Раҳмонов Э. Ш. «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Китоби – 1», «Аз Ориён то Сомониён» Душанбе 1999. Саҳ 3-137.
  3. Шукуров М. Р. Раҳматуллоев А. З. Таърихи халқи тоҷик. Қисми 1. Душанбе, соли 1975 саҳ 3-29.
  4. Ҳазратқулов М. Эътиқоду ананаҳои бостонии Аҷам. Душанбе- “Ирфон”, соли 1986 саҳ. 6-52, 53-111.
  5. Бобохонов М. Таърихи тоҷикони ҷаҳон. Душанбе.; Ирфон 2002.
  6. Мухторов А., Раҳматуллоев А. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе 2001.

7.Зикриёев Ф., Набиева Р. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе 2006.

5 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1929-1990

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]Нақша: 1.ҶШС Тоҷикистон дар давраи бунёди ҷомеаи …

Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар осиёи миёна

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]Нақша: 1. Зарурияти гузаронидани тақсимоти миллӣ- марзӣ …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *