Главная / География / Географияи саноати сабук ва хуроквории  Чумхурии Точикистон

Географияи саноати сабук ва хуроквории  Чумхурии Точикистон

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]
Географияи саноати сабук ва хуроквории  Чумхурии Точикистон
Географияи саноати сабуки Чумхурии Точикистон.

Саноати сабукяке аз сохахои мухимтарини саноати чумхури ба шумор рафта дар заминаи истифода бурдани махсулоти кишоварзи тараққи кардааст. Ин соха яке аз сохахои мухимтарини хочагии халқ буда барои таъмин намудани талаботи ахоли бо матоъ либос, пойафзол ва дигар молхои зарури хизмат мекунанд. Бинобар он дарачаи некуахволии мардумон ба тараққиёти устувори ин сохахо вобаста аст.

Саноати сабук сохаи мехнатталаб буда ба захирахои мехнати эхтиёчи зиёд дорад. Махсусан қувваи коргарии занона бештар истифода мешавад. Агар дар саноати вазнин асосан қувваи коргарии мардонаро истифода баранд дар саноати сабук қувваи коргарии зиёди занона истифода бурда мешаванд. Махсулоти ин сохаи саноат холо ба 18 мамлакати дунё содир карда мешавад.

Тавсифи саноати љангал ва коркарди чуб.

Саноати пахтатозакунизиёда аз 70 корхонахои калону миёнаро дарбар мегирад. Заводхои пахтатозакуни бо корхонахои саноати бофандаги, равғанкаши, химия, машинасози ва энергетика алоқаи зич доранд.

Саноати матоъхои пахтагин.Ин сохаи саноат нисбат ба имкониятхои мавчуда дар чумхури чандон тараққи накардааст ва талаботро қонеъ карда наметавонад. Саноати матоъхои пахтагини Точикистон дорои 2 – корхонаи калон, ки 99 % махсулоти онро истехсол мекунанд (Итиходияи истехсолии матоъхои пахтагини шахри Душанбе ва фабрикаи бофандагии шахри Конибодом) ва якчанд корхонахои хурду миёна ва муштарак (корхонаи муштараки «Чавони», корхонаи муштараки Точикистон бо Кореяи Чануби «Кабоол – Точик — Текстайл» дар шахри Хучанд, ЧС «Ресанда» дар шахри Қурғонтеппа, корхонаи калобаресии Фархор ва ғайра) мебошад.

Саноати абрешимяке аз сохахои хеле қадимтарини саноати чумхури аст. Корхонахои саноати абрешим асосан дар шахрхои Душанбе, Хучанд, Конибодом чойгир шудаанд. Корхонахои коркарди аввалини ашёи хом – пиллапази қариб дар хамаи нохияхое, ки ба кирмакпарвари машғуланд, чойгир карда шудаанд. Калонтарин корхонаи он камбинати абрешими шахри Хучанд аст, ки хар сол 93 % матоъи абрешими чумхуриро истехсол мекунад аст. Дар баробари ин ЧСШК «Точикатлас», корхонаи муштараки «Абрешим»-и Ветнаму Точикистон ва дигархо мебошанд.

Саноати пашмаз корхонахои иттиходияи қолинбофии шахри Қайрақум, ки соли 1961 ба фаъолият шуруъ кардааст, фабрикаи калапушхои пашмини шахри Хучанд ва як қатор корхонахои хурду миёна, ки дар нохияхои чануб ва шимоли чумхури чойгир шудаанд.

Саноати чарму пойафзолдар таркиби саноати сабук хиссаи начандон калон дорад. Корхонахои калонтарини ин соха дар Душанбе, Хучанд ва Қурғонтеппа чойгир шудаанд. Ин корхонахои дар заминаи итиходияи чарми Душанбе, инчунин ашёи хоми кашонида кор мекунад. Дар якқатор нохияхои чумхури корхонахои хурд (ЧСШК «Муина»-и нохияи Бохтар, коркарди пусти нохияи Данғара ва ғайра) бунёд гардидаанд. Корхонахои чарму пойафзол бо якдигар зич алоқаманд мебошанд.

Дар як қатор шахрхои чумхури корхонахои кулолгари ва хунархои бадеи вучуд дорад. Дар шахри Турсунзода бошад заводи махсулоти чинивори сохта шудааст, ки ба истехсоли чойник, пиёла, табақахои чини, хиштхои баоташ тобоваранда, изоляторхо ва ғайрахо махсус гардидааст.

Саноати дўзандаги –бо хусусиятхои хоси чойгиршавии худ фарқ мекунад. Вале махсулоти он талаботро пурра қонеъ намегардонад. Тараққиёти минбаъдаи ин сохаро бе тачхизонихои техники, чалби коргарони истисоснок, бехавасмандгардонии коргарон тасаввур кардан нашояд. Корхонахои калонтарини он ЧСШК «Зинат», КМ «Чавони», ЧСШК «Гулдаст» ва ғайрахо мебошанд.

Географияи саноати хўроквории Чумхурии Точикистон.

Саноати хўрокворихамчун қисми мухими комплекси агросаноати дар таъмин намудани ахоли бо озуқа ва самаранок истифодабарии захирахои ашёи хом нақши мухимро мебозад. Ин соха саноат аз 34 корхонаи калони саноати, 55 корхонаи агрохочаги, 18 корхонахои хурд ва 10 – хо корхонахои дигар иборат аст. Холо сохахои консерваи меваю сабзавот, майкаши, равғанкаши, равғани эфир ва хўроквори ривоч меёбад. Саноати хўроквории чумхури заминаи мустахками ашёи хом дорад. Саноати хўроквориро сохахои кишоварзи, боғу токдори ва чорводори бо ашёи хом таъмин менамояд. Иншоотхои асосии он ЧСШК – и «Комбинати консервабарории шахри Хучанд», ЧС «Тамоку», ЧС «Шахрина», ЧСШП – и «Сиёма», КМ – и «Оби — Зулол», ЧСШП – и «Фабрикаи тамокуи шахри Душанбе», заводхои равғанкашии шахрхои Душанбе, Конибодом, Қурғонтеппа, Кулоб, комбинатхои ордкаши, истехсоли машрубот ва оби чав, намаки ош ва ғайрахо мебошанд.

Саноати равғанкаши –аз пумбадона равған истехсол мекунад. Ин соха дорои чор корхонаи калони (Душанбе, Конибодом, Қурғонтеппа, Кулоб) мебошад, ки иқтидори истехсолии онхо хар сол зиёда аз 29 хаз. тонна равғани растани мебошад. Дар асоси партовхои онхо собуни чомашўи истехсол менамоянд. Дар корхона ғайр аз равған боз миқдори зиёди кунчора тайёр карда мешавад, ки хўроки серғизои чорвоаст. Дар Точикистон ғайр аз равғани пахта инчунин равғани эфир аз анчибар истехсол карда мешавад, ки дар саноати косметики ва қаноди васеъ истифода карда мешавад. Корхонахои он дар нохияхои Турсунзода ва Қумсангир чойгиранд. Дарачаи истехсолот дар ин корхонахо хело паст шудааст.

Саноати консервасохаи махсусгардидаи саноати хўрок-вори буда ба коркарди махсулоти наботи ва хайвони (сабзавот, мева, шир, гўшт), машғул аст. Вай аз 12 корхона иборат аст. Корхонахои консервабарори дар вилояти Суғд дар шахрхои Хучанд, Конибодом, Исфара, Уротеппа ва Панчакент чойгир шудаанд, ки 80 % махсулоти чумхуриро истехсол мекунанд. Дар нохияхои води Хисро 12,5 %, Вахш 5,1 % ва Кўлоб 1 % махсулоти саноати консерви истехсол карда мешаванд.

Истехсоли махсулоти тамокукорхонаи тамоку феметиро дар бар мегирад, ки онхо корхонахои муштараки Точикис-тону Хитой ва Точикистону Шветсия буда дар шахрхои Душанбе ва Панчакент чойгир шудаанд.

Корхонахои қаноди дар шахри Душанбе ва Хучанд чойгир шудаанд. Иншооти калонтарини ин соха фабрикаи «Ширин» — и шахри Душанбе мебошад.

Калонтарин корхонахои саноати ордкаши бошад дар шахрхои Душанбе, Вахдат, Қайроқум, Нов, шахраки ба номи Исоев (Колхозобод) сохта шудаанд. Комбинатхои гўшт бошад дар шахри Дуанбе, Хучанд ва заводи гушт дар шахрхои Қурғонтеппа, Кўлоб, Конибодом, Исфара, Панчакент бунёд шудаанд, ки ба коркард ва истехсоли махсулоти гушти, хасиб ва ғайрахо сару кор доранд.

Дар шахрхои Душанбе, Хучанд, Қурғонтеппа ва Кўлоб комбинат ва заводхои коркарди шир сохта шудаанд. Онхо маска, чурғот, шир, творог, қаймоқ, сметана, панир, яхмос ва ғайрахо истехсол менамоянд.

Саноати ситехсоли намаки ош бошад дар чумхури 2 корхонаи асосиро дарбар мегирад, ки намаки йоднок истехсол менамоянд ва дар нохияхои Восеъ ва Ашт чойгир шудаанд. Иқтидори истехсолии солонаи онхо 73 хазор тоннаро дарбар мегирад.

15 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]Об ҳамчун сарвати табиӣ ва аҳамияти он …

Гурӯҳи металҳои ранга 

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Ба ин гурӯҳ металҳои мис, рӯҳ, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *