Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / География / Ахоли ва захирахои мехнатии Чумхурии Точикистон

Ахоли ва захирахои мехнатии Чумхурии Точикистон

Географияи чойгиршавии ахоли

Ахоли гурўхи одамоне мебошанд, ки на вобаста аз синну сол, чинс, миллат, урфу одат ва ғайра дар худуди муайян, қитъа, мамлакат ва ё чамъият зиндаги ва фаъолият мекунанд. Точикистон чумхурии сермиллат аст. Дар он зиёда аз 55 – халқу миллат бо забон, маданият ва урфу одаташон гуногун умр ба сар мебаранд.  Шумораи ахолии Точикистон зиёда аз 8,2 млн нафарро дар бар мегирад.

Афзоиши ахолии Точикистон асосан бо рохи табии мушохида мешавад. Соли 1990 афзоиши табии ба сари хар хазор нафар 33 нафар ва холо бошад ин нишондихандаба 23,3 нафар расидааст. Зиёд шудани шумораи ахоли на фақат ба афзоиши табии, балки ба кучида омадани мардум солхои Хокимияти Шўрави аз дигар нохияхои мамлакат низ алоқаманди дорад. Дар 10 соли охир баъди пош хўрдани Иттиходи Шўрави ва сарзадани чанги шахрванди дар Точикистон, мухочирати ахоли ба беруни кишвар боз хам зиёдтар шуд, ки ин сабаби паст шудани дарачаи афзоиши механики ахоли гардид.

Дар солхои 1988 таносуби  рафтагон нисбат ба омадагон 10,5 хазор нафарро ташкил дода бошад, пас соли 1992 ин рақам 94,7 хазор касро ташкил кард. Минбаъд ин таносуб паст фуромад ва соли 2007 ин нишондиханда ба 38,5 хазор нафар расид. Соли 1992 аз Точикистон ба Руссия – 59651 нафар (59%0), ба Узбекистон – 14068 нафар (20%), Украина – 7471 нафар (14%), ба Қазоқистон – 2841 нафар, ба Туркманистон 9156 нафар ба Қирғизистон – 380 нафар ва берун аз худуди ИДМ – бошад 6623 нафар кўчида рафтанд.

Пас аз мўътадил гаштани вазъият ба Точикистон на танхо точикон, балки намояндагони дигар халқхое, ки дар ин чо пеш зиндаги мекарданд, баргаштанд.

Соли 2014 – ўм нишондихандаи афзоиш табиии ахоли дар Точикистон 22,3 нафарро (ба сари 1000 нафар ахоли) ташкил дод, ки ин нисбат ба дарачаи соли 1990 қариб 1,5 баробар камтар мебошад.

Дар солхои аввали гузариш ба муносибатхои бозоргони дар Точикистон паст шудани дарозумри мушохида карда мешуд. Холо дарозумрии мардхо  68,1 ва занон бошад 73,2 солро ташкил медихад.

Ба дарозумрии ахоли сатхи зиндагии ахоли низ таъсири калон мерасонад. Дарачаи некуавхоли на фақат аз рўи дарачаи истеъмолоти модди, хизматрасонии неъматхои маънави ва ичтимои муайян карда мешавад, балки аз рўи мачмўи шароитхое, ки тарзи зисту зиндагии хозиразамони ахолиро муайян мекунанд, вобаста мебошад. Баланд бардоштани нафақапули, дастгири намудани оилахои камбизоат, имтиёзхо барои пардохти газпули, барқпули ва дигар имтиёзхое, ки ахолии камбизоат бо онхо мўхточ аст, аз қабили хамин омилхои дарозумри мебошанд. Кўхсор будани қисми зиёди Точикистон ва гуногунии шароити табиию иқтисоди сабаби нобаробар чойгиршудани ахолии чумхури гардидааст. Дар нохияхои Точикистони Шимоли ва Чанубу Ғарби, ки нохияхои нисбатан тараққикарда мебошанд, зиёда аз 85% ахоли сокин шудаанд. Зичии ахоли ба хисоби миёна дар Точикистон (дар 1км мураббаъ) 50,6 нафарро ташкил медиханд. Чойхои нисбатан серахолии Точикистон водихои Хисор (56 нафар) ва Вахш (дар 1 км мураббаъ 102) нафар мебошад. Зичии ахоли дар нохияхои кўхсори чумхури нисбатан кам аст. Чунончи, дар Вилояти Кўхистони Бадахшон дар 1км мураббаъ 3,3 нафар ва дар Шарқии Помир аз 1 кас хам камтар ахоли чойгир шудааст. Ба хисоби миёнаи ин нишон-диханда дар вилояти Хатлон ба 88, 5 нафар, дар Суғд ба 74,8 нафар ва дар нохияхои тобеи чумхури ба 47,9 нафар мерасад.

Таркиби ахолии Точикистон.

Инкишофи сохахои асосии хочагии халқи саноат, кишоварзи, нақлиёт, пешрафти фархангу, маориф ва тандурусти дар афзоиш шумора ва хайати ахолии шахру дехоти чумхури таъғироти кулли ба амал овард. Мувофиқи маълумотхои омори қариб 30% ахолии чумхури дар шахрхо маскун шудаанд. Соли 2007 шумораи ахолии шахрхои чумхури ба 1896,7 хазор нафар расид. Хиссаи ахолии шахр дар Шимоли Точикистон ва водии Хисор аз хама зиёдтар аст (зиёда аз 35%) ва дар нохияхои кўхсори Точикистони Маркази ва Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон аз хама камтар (тақрибан 10%) аст.

Айнизамон дар чумхури 17 шахр ва 57 шахрак мавчуд аст. Дар ин шахрхо бинохои серошёнаи ба зилзила тобовар месозанд. Холо шахрхои калонтарини мамлакат Душанбе (679,4 хазор нафар) ва Хучанд (153,2 хазор нафар) мебошанд.

Афзоиши ахолии шахрхои Точикистон дар ин давра аз хисоби чунин омилхо зиёд гардид:

  1. Аз хисоби ахолии шахрхои кўхан (Хучанд, Истаравшан, Конибодом, Қурғонтеппа, Кўлоб ва Панчакент).
  2. Аз хисоби шахрхои навбунёд (Шўроб, Норак, Қайроқум, Чкаловск, Сарбанд, Адрасмон, Табошар, Дўсти, Нефто-

бод, Консой, Зарафшон ва ғайра).

  1. Аз хисоби аз дигар нохияхо кучида омадани коргарону мутахассисон.

Қисми зиёди ахолии Точикистон дар дехот зиндаги мекунанд. Ба ахолии дехот дарачаи баланди афзоиш хос аст. Шумораи ахолии дехот дар хама чо як хела нест. Хиссаи ахолии дехот дар таркиби ахолии Бадахшони кўхи (86%), Хатлон (73%) ва Нохияхои тобеи Марказ (72%) бартари доранд. Ин пеш аз хама ба машғулият ва дарачаи баланди афзоиши табии ахоли вобаста мебошад. Дехахо аз чихати миқёс, шакл ва мавқеи чойгиршави, шароити табии, махсусгардонии хочаги, вазифа ва дигар аломатхо аз як дигар фарқ мекунанд.

Хайати милли ва ичтимоии ахоли. Точикистон чумхури сермиллат буда, дар он намояндахои даххо миллату халқиятхо зиндаги мекунанд ин ба инкишофи таърихи вобастааст.

Точикон. Қисми асосии ахолии чумхуриро ташкил медиханд (80%). Онхо бо забони хозираи точики гуфтугў мекунанд. Гурўхи ками точикон, ки дар чойхои душворгузар ва водихои баландкўх зиндаги мекунанд, забони қадима ва лахчавиро нигох доштаанд. Ба онхо яғнобихо ва точикони Помири Ғарби дохил мешаванд. Точикон бештар дар водии дарёхои Хингоб, Сурхоб, Яхсу дар болооб ва миёнаоби дарёи Зарафшон, Помири Ғарби, водихои Вахшу Хисор ва Точикистони Шимоли маскун шудаанд. Точикон ғайр аз Точикистон дар Ўзбекистон (қариб 8 млн нафар), Қирғизистон (зиёда аз 200 хаз. нафар), Қазоқистон (зиёда аз 80 хаз. нафар), Руссия (тақрибан 700 хаз. нафар) зиндаги мекунанд. Дар хорич асосан дар Афғонистон, Эрон, Хитой ва мамлакатхои Шарқи наздик ва Шарқи Миёна сокин мебошанд.

Дар чумхури аз чихати шумора чои дуюмро ўзбекхо мегиранд. (15,3%). Онхо дар водихои қисми ғарби ва шимоли чумхури сокин шудаанд. (нохияи Турсунзода, Бешкент, Шахритус, Спидамен, Расулов, Зафаробод ва ғайра). Инчунин қирғизхо (1,1%) дар нохияхои Мурғоб (Помири Шарқи) ва Чиргатол, ки хамсархади чумхурии Қирғизистон мебошад сукунат доранд. Дар чануби чумхури миқдори ками қазоқхо (0,2%), туркманхо (0,3%) чойгир шудаанд. Қазоқхо дар нохияхои Қумсангир, Панч, Фархор, туркманхо дар води Вахш, нохияи Чиликул зиндаги мекунанд. Ғарй аз ин дар Точикистон намояндахои дигар миллатхо – русхо (1,1%), лақайхо (0,8%), тоторхо (0,3%), қўнғуротхо (0,2%), арабхо (0,2%), қатағанхо (0,1%) ва ғайра зиндаги мекунанд. Конститутсияи Чумхурии Точикистон баробархуқуқи тамоми шахрвандони Точикистонро новобаста аз нажод, чинс, миллат, дин, мазхаб, пайдоиши ичтимои ва ғайра хифз мекунад. Дар Точикистон забони давлати точики буда, дигар миллатхо метавонанд озодона ба забони худ мулоқот намоянд.

 Захирахои мехнати.

Минбаъд барои таъмини инкишофи иқтисоди пеш аз хама донистани захирахои мехнати ва роххои оқилона истифодабарии он нихоят зарур аст. Афзоиши захирахои мехнати ба дарачаи афзоиши табии ва шумораи умумии ахоли зияя вобаста мебошад.

Захирахои мехнати ахолии қобили мехнатро меноманд, ки дар истехсолоти чамъияти ширкат меварзанд. Як қисми онхо дар истехсолот машғули кор буда, қисми дигарашонро бекорон ташкил менамоянд. Ба зами ин хангоми истифода бурдани комёбихои илму техника дар истехсолот як қисми коргарон ихтисор карда мешаванд. Қисми зиёди ахолии қобили мехнати чумхури ихтисос ва дониши муайян доранд.

Оқилона истифода бурдани захирахои мехнати барои инкишофи истехсолоти чамъият ва баланд бардоштани некуахволии халқ ахамияти калон дорад. Мавчудияти захираи қувваи кори дар дехот шахрхои хурд ва шахракхо водор месозанд, ки сохаи калони хочагии халқро инкишоф дода, шабакаи муассисахои маърифатию маиширо зийд намоем. Холо миқдори умумии ахолии машғули корхои хочагии халқ 82,1% дар сохахои истехсолоти модди ва 17,8% дар сохахои ғайри истехсоли банд аст. Касбхои нисбатан маълум – пахтакори, боғдори, токпарвари, чорводори, бофандаги, ресандаги ва ғайра мебошанд. Яке аз масъалахои асосии инкишофи иқтисодии чумхури оқилона ва дуруст тақсим кардани қувваи кори дар хама сохахои хочагии халқ аст. Аз худ кардани нохияхои кўхсор ва ривоч додани иқтисодиёти онхо низ корес басо мухим. Ин имкон медихад, ки захирахои мехнати дар махалхо оқилона истифода бурда шавад.

Шумора ва доираи ахолии қобили мехнат аз шаклхои тараққиёти қуввахои истехаолкунандаи мамлакат вобаста мебошанд. Дар асоси қонуниятхои мехнати, ки дар Точикистон қабул карда шудаанд, чунин қисми ахоли ба захираи мехнати дохил мешаванд:

а) ахолии синну солашон 15 -63 мардхо ва 15 – 58 занхо, ба ғайр аз  маъюбони мехнат ва чанг, гурўххои 1 – 2, ки кор намекунанд, инчунин шахсоне, ки дар асоси имтиёзхои мавчуда, ки хуқуқи ба нафақа баромадан доранд;

б) ахолии синну солашон калон ё хурд нисбати одамони қобили мехнат, ки дар истехсолоти чамъияти машғули кор мебошанд.

Мувофиқи қонунгузории нави мехнатии Чумхурии Точикистон аз соли 1998 сар карда ашхоси 15 сола ба шумораи захирахои мехнати дохил карда мешаванд. Дар баробари моликияти давлати, ки пеш моликияи аоси буд, шаклхои нави моликият, ба монанди моликияти хусуси, коллективи, омехта ташкил шудаанд. Аз рўи фаъолияти иқтисодиашон, таркиби шуғли ахоли низ тагир ёфт. Хиссаи шуғли ахоли солхои охир дар моликияти давлати кам шуда, дар шаклхои моликияти ғайри давлати ва омехта зиёд шуда истодааст. Алхол дар моликияти хусуси ва коллективи 66,9% ахолии қобили мехнат шуғл меварзанд.

Пайваста ба ин, баъди солхои 90 – уми асри сипаришуда камшавии коркунони сохахои маориф, тандурусти, фархангу санъат ба назар мерасад, ки ин холат оқибати нохуш дорад. Бо иқтидори пурраи худ кор накардани аксари корхонахо, музди ками мехнат дар муассисахои бучави сабабгори дар бозори мехнат зиёдшавии шумораи бекорон гардид. Алалхусус бекорон дар байни чавонон, ки беш аз 27% қувваи қобили мехнатро ташкил медиханд, зиёд аст.

Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозори проблемаи истифодаи захирахои мехнати дар чумхури яке аз проблемахои асоси ба шумор меравад. Ин муаммо дар холати пурра ба кор андохтани иншоотхои мавчуда ва навбунёди саноати, хочагии қишлоқ ва сохахои ғайри истехсоли хали худро меёбад.


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Ҳолати ҳозира ва дурнамоии рушди саноати кӯҳи

Пайдоиши соҳаҳои саноат дар пешрафти ҷамъияти инсонӣ нақши хеле бузург бозид. Инқилоби  илмӣ – техникӣ …

Захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо

Об ҳамчун сарвати табиӣ ва аҳамияти он Сарчашмаҳои оби тозаи кўраи Замин, аз ҷумла Тоҷикистон …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *