Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Менеҷмент / Қарорҳои идоракунӣ

Қарорҳои идоракунӣ

 

1.Мушкилот ҳамчун заминаи қабули қарор

2. Қарор ва намудҳои он

3.Қарори самаранок ва марҳилаҳои қабули он

 

1.Мушкилот ҳамчун заминаи қабули қарор

Қарори идоракунӣ – ин хулосаи андешакардашуда оиди зарурати татбиқи ягон амалиётест, ки бевосита ё бавосита бо расидани мақсадҳои дар назди ташкилот гузошташуда ва аъзоҳои он алоқаманд мебошад.

Одатан зарурати қабули қарор бо мушкилотҳои фаъолият вобастагӣ дорад, яъне саволҳои мураккаби назариявӣ ё шароитҳои амалии ташкилот.

Мушкилотҳо ё ба ибораи русӣ проблемаҳо доимо мундариҷаи муайян, ҷои аниқ, вақти пайдоиш ва ҳалли он, такроршавӣ, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва доираи муайяни одамонро соҳиб мебошанд. Ин одамон метавонанд сабабгори пайдоиши мушкилот, ташаббускор ва иштирокчии ҳалли он гарданд.

Бисёр вақт нофаҳмо мемонад ё сабабҳои пайдоиши мушкилот, ё роҳҳои бартараф кардани он ва барои ҳамин ҷустуҷӯи ҳалли он тадқиқотҳои махсусро талаб мекунад, ки дар асоси он сохтори худи мушкилот ва робитаҳои дохилии элементҳои ҷудогонаи он фаҳмида мешавад.

Дар системаи идоракунӣ якчанд омилҳоеро ҷудо мекунанд, ки сабабгори пайдоиши мушкилотҳо мегарданд:

  1. Принсипҳои нодурусте, ки фаъолияти ташкилот дар он асос меёбад. Масалан, сатҳи пасти даромаднокӣ, ки дар натиҷаи он фоидаи ба даст омада, ҳатто барои додани маош ё супоридани андоз кифоягӣ намекунад.
  2. Меъёрҳои нодурусти баҳодиҳии фаъолияти ташкилот, сохтор, коллектив ё коргарони алоҳида.
  3. Хатогиҳое, ки дар ҷараёни расидани мақсад ба амал омадаанд.
  4. Шароитҳои ѓайричашмдошт, ба мисоли офатҳои табиӣ, фалокатҳои технологӣ, дигаргуниҳои ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки онҳоро пешбинӣ кардан мураккаб аст.

Замина ва натиҷаи таҳлили мушкилотҳо ба гурӯҳбандии он овард, ки аз рӯи якчанд аломатҳо муайян мешаванд:

— Яке аз чунин аломатҳо дараҷаи муҳимият барои ташкилот мебошад. Чунончи, мушкилотҳои асосӣ, масалан нарасидани маблаѓ барои сармоягузорӣ ё сохтори куҳнашудаи аппарати истеҳсолӣ на танҳо ба вазъияти имрӯза, балки ба вазъияти ояндаи ташкилот таъсир расонида метавонад.

— Дигар аломати мушкилотҳо ин масоҳати он мебошад , ки бо шумораи аъзоёни ташкилот асос меёбад ва ин мушкилотҳо дар ин ё он дараҷа худи онҳоро халалдор месозад.

— Мушкилотҳоро аз рӯи сатҳи таваккалкунӣ фарқ кардан мумкин аст. Он бо эҳтимолияти руй додани оқибатҳои нохуш барои ташкилот муайян мешавад.

— Инчунин мушкилотҳоро вобаста аз имконияти ҳалшавӣ гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст .

Баъзеи онҳоро, ки дар асл зиёд нестанд, дар ягон ҳолат ҳал карда намешаванд ; дигарашро аз сабаби нарасидани маблаѓ ҳал карда намешаванд ва ѓайра .

Беҳтар мешуд, агар мушкилотҳоро ҳар сари чанд вақт бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ пешгирӣ намудан, ки ин эҳтимолияти кам кардани сар задани вазъиятҳои ногуворро имкон медиҳад.

2.Қарор ва намудҳои он

Қарорҳои идоракуниро аз якчанд нуқтаи назар тавсиф намудан мумкин мебошад:

  1. Аз рӯи дараҷаи таъсир ба ояндаи ташкилот қарорҳо ба стратегӣ ва тактикӣ ҷудо карда мешаванд. Намуди якум, роҳҳои асосии тараққиёти ташкилотро муайян месозад ва намуди дуюм бошад, амалҳои конкретии пешравиро муайян мекунад. Чунончи, карори ташкилот оиди баромадан ба бозори беруна ба намуди стратегӣ дохил мешавад ва қарор оиди гузаронидани чорабиниҳои зарурӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатнокии махсулоти истеҳсолшуда, ба намуди тактикӣ дохил мешавад.
  2. Аз рӯи имкониятҳои муҳлати иҷрошавӣ қарорҳо ба дурнамо, ки дар оянда татбиқ мешаванд ва ҷорӣ, ки ба талаботҳои имрӯза равона гардидаанд, тақсим мешаванд. Масалан, ба намуди якум қарор оиди маблаѓгузорӣ барои таъмири корхона ва ба намуди дуюм, ҷудо кардани маблаѓ барои коѓазҳои қимматноки кӯтоҳмуддат дохил шуда метавонанд.
  3. Вобаста аз рӯи давомнокии татбиқшавӣ ҷудо намудани карорҳоро ба дарозмуддат (зиёда аз 5 сол), миёнамуддат (аз 1 то 5 сол) ва кӯтоҳ муддат (то 1 сол) қабул шудааст.
  4. Аз рӯи дараҷаи ҳатман иҷрошавӣ, қарорҳоро ба директивӣ, тавсиядиҳанда ва нигаронидашуда ҷудо мекунанд. Чунончи, карорҳои директивӣ асосан аз тарафи органҳои болоии идоракунӣ таҳия карда мешаванд ва иҷроиши онҳо ҳатмӣ мебошад. Қарорҳои тависядиҳанда дар органҳои машваратӣ – ҳар гуна комитетҳо ва комиссияҳо таҳия мегарданд. Иҷроиши онҳо дилхоҳ мебошад, лекин ҳатмӣ нест. Қарорҳои нигаронидашуда низ ба монанди директивӣ ба зинаҳои поёнии идоракунӣ равона шудаанд ва ин қарорҳо хусусияти ояндабиниро доранд.
  5. Аз рӯи тарзи қабул, қарорҳо ба машваратӣ, муштарак ва парламентӣ ҷудо мешаванд.

Қарори машваратӣ онро ифода мекунад, ки шахси қабулкунандаи он, пеш аз ҳама бо атрофиёни худ маслиҳат мекунад.

Қарори муштарак дар натиҷаи розигии ҳама аъзоён кабул карда мешавад.

Қарори парламентӣ бошад, дар натиҷаи розӣ будани қисми зиёди аъзоён қабул карда мешавад.

  1. Аз рӯи масоҳати иҳотакунӣ қарорҳо ба умумӣ ва махсус ҷудо карда мешаванд. Қарорҳои умумӣ ба мушкилотҳои якранга дахл доранд, масалан оиди саршавӣ ва хотимаи рӯзи корӣ, танаффусҳои нисфирӯзӣ, муҳлати додани маош ва ѓайра.

Қарорҳои махсус бошад, бо мушкилотҳои махдуд вобастаанд, ки танҳо ба як намуди сохтор ё гуруҳи одамони дар он кор мекарда тааллуқ доранд.

  1. Аз рӯи соҳаи татбиқнамоӣ қарорҳо метавонанд бо истеҳсолот, фуруш, тадқиқотҳои илмӣ, кадрҳо ва ѓайра алоқаманд бошанд; аз рӯи мундариҷа қарорҳо мешаванд: техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

Қарорҳои техникӣ оиди омилҳои объективии фаъолияти ташкилот – истифодабарии таҷҳизот, технология ва ѓайра қабул карда мешаванд.

Карорҳои иқтисодӣ бо хароҷотҳое, ки ташкилот мекунад ва натиҷаи он вобастагӣ доранд.

Қарорҳои иҷтимоӣ нисбати шароити меҳнат, музди меҳнат, имтиёзҳо ва кафолатҳо қабул карда мешаванд.

 

3.Қарори самаранок ва марҳилаҳои қабули он

Қарори самаранок дар асоси таҳлили шароитҳои объективие, ки ташкилот дар он фаъолият мекунад, қабул карда мешавад. Чунин қарор дар якчанд марҳила тайёр ва қабул карда мешавад.

Дар марҳалаи аввал, дар асоси таҳлили вазъият, умуман «майдони мушкилот» муайян мегардад, ки дар чорчубаи он бо ёрии омӯзиши аломат ва нишонаҳои ҷудогона, мушкилотҳои дар назди ташкилот истода ошкор мегарданад.

Марҳилаи дуввуми ҷустуҷӯи қорори самаранок ин таҳлили мушкилот мебошад. Азбаски таҳлил метавонад хароҷотҳои зиёди вақт, қувва ва маблаѓро талаб кунад, барои ин боандешона назар кардани он зарур мебошад.

Марҳалаи сеюми ҷараёни коркард ва ҳалли мушкилот дар гузоштани масъалаҳои конкретӣ ва тасвияи шароитҳои умумии ҳалли он иборат мебошад, ки имкон медиҳад воситаи самаранок ва оқилонаи амалиётҳо интихоб карда шавад.

Марҳилаи чорум дар муайян намудани имконият ва мувофиқи мақсад будани ҳалли мушкилоти ба вуҷуд омада иборат мебошад.

Марҳилаи панҷуми кор аз болои қарори самаранок, муайян намудани меъёрҳои интихоби варианти ниҳоиро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи шашуми коркард ва қабули карори самаранок тасвияи вариантҳои гуногуни он ба амал меояд. Дар таҷриба моҳияти он дар бартараф ва маҳдуд кардани вариантҳо нописанд иборат мебошад. Интихоби ягона вариант – ин ёфтани чунин пайвандкунандаи ҳам нишондиҳандаҳои сифат ва миқдор мебошад.

Марҳилаи ҳафтуми қабули қарори самаранок аз интихоби ягона вариант иборат мебошад, ки дар таҷриба татбиқ мегардад.

Агар ба ҳама кӯшишҳо нигоҳ накарда, интихоби варианти пурсамар муяссар нагардад, қабули қарорро ба дигар вақт гузаронидан мумкин аст, масалан вазъият метавонад таѓъир ёбад.

Марҳилаи ҳаштуми қабули қарори самаранок дар мувофиқсозии холатҳои асосии он бо иҷрокунандагон ва одамони ба он ҳавасманд иборат мебошад.

Сипас, дар марҳилаи нӯҳум тасдиқкунии қарор аз тарафи роҳбарияти ташкилот ё зерсохтор ба амал меояд, ки барои татбиқаш онҳо бо захираҳои лозима идора мекунанд ва аз болои натиҷаҳои қарор ҷавобгарии шахсӣ мебаранд.

9 Загрузки

----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Этика ва маданияти менеҷмент

1. Этикаи менечмент ва омилхои интихоби этикӣ 2. Масъулиятнокии ичтимоии ташкилот ва бахои фаъолияти иҷтимоӣ …

Сохтор ва намояндагии менеҷмент

1. Сохтори идоракуни ва унсурхои он 2. Ҳукукхои идоракуни дар ташкилотхo 3. Шаклхои сохтори идоракуни …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *