Главная / Ҳуқуқ / Музокираи судӣ

Музокираи судӣ

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]

 

Суд, судя баъди анҷоми тафтиши судӣ ба музокираи судӣ мегузарад.

Музокираи судӣ қисми мустақили муҳокимаи судӣ мебошад, ки дар он тарафҳо дар нутқи худ ва луқмапартоӣ (в речах и репликах) ҳолатҳои дар тафтиши судӣ муайяншударо баҳо медиҳанд. Дар музокираи судӣ ҳар яке аз тарафҳо ба маълумотҳои тафтиши судӣ такя намуда хулосаи худро доир ба масъалаҳои аз ҷаниби суд ҳалшаванда асоснок мекунанд. Музокираи судӣ чи барои ҳимояи манфиати иштирокчиён ва чи ба суд барои ҳалли дурусти парванда аҳамият дорад ва ба шахсони дар толори суд иштирокдошта низ таъсири тарбиявӣ дорад.

Дар музокираи судӣ айбдоркунанда, ҷабрдида ё намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, судшаванда дар ҳолати даст кашидан аз ҳимоятгар ва ҳимоятгар ҳуқуқи нутқ кардан доранд. Пайдарҳамии баромади иштироккунандагони музокираи судӣ тибқи пешниҳоди онҳо аз ҷониби суд муайян мегардад. Вале дар ҳама ҳолат бояд аввал айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ суханронӣ кунанд, ки мутобиқи натиҷаҳои тафтиши судӣ хулосаро дар бораи айбдории судшаванда асоснок менамоянд, ба кирдори ӯ баҳо медиҳанд, ақидаи худро дар бораи ҷазое, ки бояд дода шавад, изҳор менамоянд ё ҳуқуқ доранд аз айбдоркунӣ даст кашанд.

Мавриди зикр аст, ки иштироккунандагони музокираи судӣ ҳуқуқ надоранд, суханронии худро бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд баррасӣ нашудаанд, асоснок кунанд. Аммо онҳо ҳангоми зарурат барои таҳқиқ ба суд пешниҳод намудани далелҳои навро дар бораи аз нав оғоз намудани тафтиши судӣ дархост карда метавонанд. Агар иштироккунандагони музокираи судӣ оид ба ҳолатҳои наве, ки барои парванда аҳамият дорад, маълумот диҳанд ё ба далелҳои қаблан таҳқиқнашудаи ба парванда дахлдошта истинод кунанд, суд, судя бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ тафтиши судиро аз нав оғоз мекунад. Пас аз хатми тафтиши судии аз нав оғозшуда суд, судя аз сари нав музокираи судиро мекушояд.

Суд, судя ҳуқуқ надоранд давомнокии музокираи тарафҳоро бо вақти муайян маҳдуд созанд, вале раисикунанда ҳуқуқ дорад, суханронии шахсони ширкаткунандаи музокираро, агар онҳо ҳолатҳоеро дар бар гиранд, ки бо парвандаи баррасишаванда иртибот надоранд, қатъ намояд.

Баъди суханронии иштирокчиёни музокираи судӣ ҳар кадоми онҳо метавонанд дар ҷавоби нутқи намояндагони тарафҳо бо эродҳо (норизоии ҷавобӣ, луқмапартоӣ) боз якмаротибагӣ баромад кунанд. Ҳуқуқи изҳори эроди охирин ба судшаванда ё ҳимоятгари ӯ тааллуқ дорад.

Ҳар як иштироккунандаи музокираи судӣ метавонад ба тариқи хаттӣ ба суд тавсияи қарори таклифнамудаашро оид ба масъалаҳои нишондодашуда пешниҳод кунад, вале тавсияи пешниҳодгардида барои суд, судя ҳатмӣ нест.

Сухани охирини судшаванда

Пас аз хотима ёфтани музокираҳои судӣ раисикунанда ба судшаванда сухани охирин медиҳад. Сухани охирини судшаванда ин ҳуқуқи ӯ буда, аз ин ҳуқуқ маҳрум намудани судшаванда барои бекор намудани ҳукм асос шуда метавонад. Вале дар сурате, ки судшаванда аз толори суд барои риоя накардани тартибот берун шуда бошад, надодани сухани охирин ба судшаванда барои бекор нгамудани ҳукм асос шуда наметавонад.

Дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, вақте ки дар парвандаи ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноят якчанд судшавандагон айбдор шуда бошанд, тартиби додани сухани охирин ба судшавандагон муайян нашудааст. Ба назари мо дар чунин ҳолат суд бояд мустақилона бо кадом тартиб ба судшавандаҳо додани сухани охиринро ҳал намояд.

Инчунин, оид ба парвандаҳо бо айбдоркунии хусусӣ, ки айбдоршаванда даъвоҳои зидди даъво пешниҳод кардааст тартиби ба судшавандаҳо додани сухани охирин муайян нашудааст. Дар чунин ҳолат сухани охирин бояд аввал ба судшавандаи даъвои якумро пешниҳодкарда ва баъд ба судшавандае, ки зидди даъво даъво пешниҳод кардааст, дода шавад.

Ҳангоми сухани охирин ба судшаванда додани ҳама гуна савол манъ аст.

Суд, судя наметавонанд давомнокии сухани охирини судшавандаро бо вақти муайян маҳдуд созад, вале раисикунанда ҳуқуқ дорад, агар судшаванда ба ҳолатҳое дахолат намояд, ки ба парвандаи баррасишаванда марбут намебошанд, ӯро аз суханронӣ боздорад.

Сухани охирини судшаванда аҳамияти исботкуниро надорад ва маълумоте, ки ӯ дар сухани охирин хабар медиҳад, барои қабули ҳукм асос шуда наметавонад. Ин маълумот танҳо барои аз нав оғоз кардани тафтиши судӣ асос шуда метавонад. Яъне агар судшаванда дар сухани охирин оид ба ҳолатҳои наве, ки барои парванда аҳамият дорад, маълумот диҳанд ё ба далелҳои қаблан таҳқиқнашудаи ба парванда дахлдошта истинод кунад, суд, судя бо дархости ӯ ё бо ташаббуси худ тафтиши судиро аз нав оғоз мекунад. Пас аз хатми тафтиши судии аз нав оғозшуда суд, судя аз сари нав музокираи судиро кушода, ба судшаванда сухани охирин медиҳад.

Баъди шунидани сухани охирини судшаванда суд, судя барои баровардани ҳукм дарҳол ба хонаи машваратӣ медароянд ва дар ин бора раисикунанда дар маҷлиси суд эълон мекунад. Раисикунанда вақти хондани ҳукмро ба иштирокчиёни мурофиаи суд пеш аз даромадан ба хонаи машваратӣ эълон мекунад.

6 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон …

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *