Главная / Ҳуқуқ / Пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи кассатсионӣ

Пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи кассатсионӣ

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]

ШИКОЯТ ВА ЭЪТИРОЗИ КАССАТСИОНӢ

Дар суди марҳилаи кассатсионӣ ҳукм, таъинот ва қарори суди зинаи аввал, ки эътибори қонуни пайдо накардааст аз нав дида баромада мешавад. Пешбурди парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ дар асоси шикояти тарафҳо ё эътирози кассатсионӣ нисбат ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум сурат мегирад.

Шикоят ва эътирози кассатсионӣ нисбати ҳукм, таъиноти суд ва қарори судя –ин шакли санҷидани қонунӣ ва асоснок будани санадҳои мазкур буда, дар асоси тафтиши маводҳое, ки дар парванда мавҷуданд ва маводҳои нав пешниҳодшуда сурат мегирад ва аз ошкор намудани камбудиҳо дар фаъолияти суд, дигар мақомот иборат буда, имкон медиҳад, ки хатогиҳои аз тарафи суд ва мақомоти тафтишот ҷойдошта нисбатан зуд ислоҳ карда шаванд.

Суди зинаи кассатсионӣ бояд вазифаҳои мушаххсеро, ки дар назди марҳилаи мазкур меистад, яъне ёфтан ва ислоҳ намудани вайронкунии қонун аз тарафи суди марҳилаи якум ва дигар марҳилаҳои гузаштаро, иҷро кунад. Дар як вақт зинаи кассатсионӣ ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин намуда, ба мустаҳкам намудани қонуният дар фаъолияти мақомоти тафтишот ва суд мусоидат мекунад ва иҷроиши ҳукмҳои ғайриқонуниро пешгирӣ намуда, барои дуруст татбиқ намудани қонун аз тарафи суди поёнӣ мусоидат менамояд.

Ба пешбурди парванда дар марҳилаи кассатсионӣ хусусиятҳое, ки аз принсипҳои демократии мурофиаи ҷиноятӣ бармеоянд хосанд. Чунончӣ, озодии шикоят кардан; хусусияти тафтишӣ доштани санҷиши кассатсионӣ; санҷидани қонунӣ ва асоснок будани ҳукм; пешниҳоди (талаб кардани) маводҳои нав; манъ будани тағйир додани ҳукм ба ҳукме, ки ҷазои нисбатан вазнинтарро муқаррар мекунад.

Мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ тибқи тартиби кассатcионӣ шикоят ва эътирозҳо ба ҳукмҳои эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ карда мешаванд.

Ҳуқуқи шикоят оварданро ба ҳукм маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгари онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ӯ доранд. Даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо бошанд ҳуқуқ доранд ба ҳукм дар қисми вобаста ба даъвои гражданӣ шикоят оваранд.

Ҳуқуқи эътироз овардан ба ҳукм ба прокуроре тааллуқ дорад, ки дар суд ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ баромад кардааст. Инчунин, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда ва муовинони онҳо дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд, сарфи назар аз ширкаташон дар мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ, ба ҳукм эътироз оваранд.

Бо тартиби кассатсионӣ шикоят карда ва эътироз оварда мешаванд аз:

— ҳукмҳои судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва ҳукмҳои судҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе ба Суди шаҳри Душанбе;

— ҳукмҳои судҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳукмҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ ва Суди шаҳри Душанбе ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳукмҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳукмҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шикоятҳо ва эътирозҳои кассатсионӣ ба воситаи суде, ки ҳукмро баровардааст, пешниҳод мегардад, аммо бевосита ба марҳилаи кассатсионӣ овардани шикоят ё эътироз ба баррасии шикоят ё эътироз монеъ намешавад.

Аз ҳукме, ки ҳангоми баррасии такрории парванда бароварда шудааст бо тартиби умумӣ шикоят ва эътироз овардан мумкин аст.

Мӯҳлатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан ба ҳукмҳо. Тарафҳо метавонанд аз ҳукми суд дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи эълони он, агар маҳкумшуда таҳти ҳабс қарор дошта бошад дар ҳамин мӯҳлат аз лаҳзаи ба ӯ супорида шудани нусхаи ҳукм шикоят кунанд ё эътироз оваранд. Шикоят ва эътирозҳое, ки бо гузаронидани мӯҳлати мазкур арз шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

Дар ҷараёни мӯҳлати барои шикоят кардан аз ҳукми муайянгардида парвандаро аз суд талаб карда гирифтан мумкин нест.

Дар сурати бо сабаби узрнок гузаронидани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан шахсоне, ки барои шикоят кардан ва эътироз овардан ҳуқуқ доранд, метавонанд ба суди ҳукмбароварда дар хусуси барқарор намудани мӯҳлат дархост пешниҳод намоянд Дархости барқарор намудани мӯҳлат дар муҳокимаи судии парванда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, судя ҳуқуқ дорад, шахсеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, барои додани баёнот ё хулоса даъват кунад.

Аз қарори суд дар хусуси рад намудани барқарор кардани мӯҳлати гузаронидашуда ба суди болоӣ, ки ҳуқуқ дорад, мӯҳлати гузаронидашударо барқарор ва парвандаро тибқи шикоят ё эътироз баррасӣ намояд, шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.

Дар хусуси шикоят ва эътирози дохилшуда судяе, ки ҳукм баровардааст, маҳкумшуда ё сафедшуда, ҳимоятгар, айбдоркунанда, ҷабрдида ё намояндаи ӯ, инчунин даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро, ба шарте, ки эътироз ё шикоят ба манфиати онҳо дахолат кунад, огоҳ намуда, мефаҳмонад, ки онҳо ҳуқуқ доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттӣ эродҳои худро ба шикоят ё эътироз пешниҳод кунанд. Бо хоҳиши онҳо суд нусхаи эътироз ё шикоятро, ки тарафи дигар додааст, ба онҳо месупорад.

Эродҳое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 362 КМҶ ҶТ шикоят кардан ва эътироз овардан иҷрои ҳукмро бозмедорад. Пас аз гузаштани мӯҳлати барои шикоят ё эътирози ҳукм муайянгардида судяе, ки ҳукмро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродҳои нисбат ба он расида ба суди марҳилаи кассатсионӣ мефиристад ва дар ин бора тарафҳоро огоҳ мекунад.

Шахсе, ки аз ҳукм шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро то оғози маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бозхонад.

Шахсе, ки аз ҳукм шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро тағйир диҳад ё шикоят ё эътирози худро бо далелҳои нав пурра кунад. Зимнан, дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи тағйир додани шикоят, ҳамчунин дар шикояти иловагии ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндагони онҳо, ки пас аз гузаштани мӯҳлати овардани шикоят ё эътироз ба ҳукм пешниҳод шудааст дар бораи бад кардани вазъи маҳкумшуда, ба шарте, ки чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда ҷой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.

Шикоят кардан ва эътироз овардан аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум. Аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум ба истиснои муқаррароти қисми 3 моддаи 363 КМҶ ҶТ аз ҷониби шахсони дар моддаи 357 КМҶ ҶТ зикршуда шикояти хусусӣ кардан ё эътирози хусусӣ овардан мумкин аст.

Аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи таҳқиқи далелҳо, дархости иштироккунандагони мурофиа, интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ, инчунин риояи тартибот дар толори маҷлиси суд, ғайр аз таъиноти (қарори) дар хусуси ситонидани ҷарима баровардашуда, шикоят ё эътироз карда намешавад. Эрод ба қарорҳои дар боло зикршуда, мумкин аст ба тариқи шикояти кассатсионӣ ё эътироз нисбати ҳукм пешниҳод шавад.

Шикояти хусусӣ ё эътироз аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум аз ҷониби тарафҳо дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи бароварда шуданашон дода шуда, ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ карда мешаванд.

Дар сурати шикоят кардан ва эътироз овардан ба таъиноте (қароре), ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ бо баровардани ҳукм хотима ёфтааст, парванда танҳо пас аз гузаштани мӯҳлати барои шикояти ҳукм муайянгардида ба суди марҳилаи болоӣ фиристода мешавад. Зимнан, агар ба ҳукм шикояти кассатсионӣ оварда шуда бошад, тафтиши шикояти хусусӣ ё эътирози хусусӣ аз ҷониби он марҳилаи судӣ анҷом дода мешавад, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ мекунад.

Ҳуқуқи шикоят кардан аз таъиноти суд ва қарори судя, инчунин ба шахсоне тааллуқ дорад, ки дар парвандаи мазкур ба сифати тараф иштирок надоштанд, вале таъинот ё қарор ба манфиати онҳо дахолат мекунад.

6 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон …

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *