Главная / Ҳуқуқ / Ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ

Ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]

 

Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи шикоят ва эътирозҳои кассатсионӣ қонунӣ, асоснок ва одилона будани ҳукм ва дигар қарорҳои судиро тафтиш менамояд.

Парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ аз тарафи суд дар ҳайати се нафар судя баррасӣ карда мешавад.

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе бояд парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро дар мӯҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз аз рӯзи ворид шуданаш баррасӣ кунанд. Ҳангоми махсусан мураккаб будани парванда ё дар ҳолатҳои дигари истисноӣ раиси суди дахлдор метавонад бо қарори худ ин мӯҳлатро то чордаҳ шабонарӯз дароз кунад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро бояд дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи ворид шуданаш баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисно Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ метавонанд бо қарори худ ин мӯҳлатро то як моҳ дароз кунад.

Дар сурати дароз кардани мӯҳлати баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ иштирокчиёни парванда бояд пешакӣ огоҳ карда шаванд.

Шикоят ё эътирози кассатсионӣ инҳоро бояд дар бар гирад:

— номи суде, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст;

— маълумот дар хусуси шахсе, ки шикоят ё эътирозро овардааст (вазъи мурофиавии ӯ), ҷои истиқомат ва маҳалли будубоши ӯ;

— ҳукм ё дигар қароре, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст ва суде, ки ин қарорро баровардааст;

— ваҷҳҳои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст, нодурустии ҳукм ё дигар қарор дар чист ва хоҳиши ӯ аз чӣ иборат аст.

— номгӯи маводе, ки ба шикоят ё эътироз замима карда шудааст;

— имзои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст.

Ҳангоми бо шикоят ё эътирози кассатсионӣ ворид шудани парванда раиси суди марҳилаи кассатсионӣ ё муовини ӯ оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва судяи маърӯзакунандаро таъин намуда, дар айни замон раисикунанда, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунад.

Дар бораи ҷой ва вақти баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ тарафҳо бояд огоҳ карда шаванд. Масъалаи даъвати маҳкумшудае, ки таҳти ҳабс қарор дорад, аз ҷониби суд ҳал карда мешавад. Маҳкумшудаи таҳти ҳабс қарор дошта, ки хоҳиши ширкат кардан дар баррасии шикояташ ё эътирози хилофи манфиати ӯ овардаи прокурор намудааст, бояд ба маҷлиси судии марҳилаи кассатсионӣ оварда шавад.

Ҳозир нашудани шахсоне, ки дар бораи ҷой ва вақти маҷлиси кассатсионӣ саривақт огоҳ гардидаанд, барои баррасии парванда монеа шуда наметавонад.

Маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгари онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, ки барояшон ҳуқуқи шикоят овардан аз ҳукм дода шудааст, инчунин ҳимоятгари маҳкумшуда (сафедшуда) ё намояндаи ҷабрдида, ки пас аз баровардани ҳукм супориши онҳоро қабул кардаанд, дар ҳама ҳолатҳо ба маҷлиси кассатсионӣ роҳ дода мешаванд. Бо хоҳиши онҳо барои асоснок кардани шикоят ё эътироз ё эрод гирифтан ба онҳо сухан дода мешавад.

Ҳамин тавр, баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ бо тартиби зерин сурат мегирад:

Раисикунанда маҷлиси судро кушода, эълон мекунад, ки кадом парванда ва дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионии кӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Пас аз ин раисикунанда муайян мекунад, ки аз рӯи парванда киҳо ҳозир шудаанд ва баъд суд масъаларо дар бораи имконияти баррасии парванда ҳал менамояд. Сипас раисикунанда ҳайати суд, прокурор ва тарҷумонро эълон мекунад ва ба шахсони ба суд ҳозиршуда ҳуқуқи изҳори рад намуданро фаҳмонда, аз онҳо мепурсад, ки аризаҳои радкунӣ доранд ё не. Оид ба радкунии арзшуда суд таъинот мебарорад.

Раисикунанда аз шахсони ҳозиршуда дар бораи дархости онҳо пурсида ва суд аз рӯи баррасии дархост таъинот мебарорад.

Баррасии парванда бо иттилооти судяи маърӯзакунанда оғоз ёфта, ӯ моҳияти парванда ва ваҷҳҳои шикоят ё эътирозро баён мекунад. Пас аз маърӯза шахсони шикоят ё эътироз арзкарда ваҷҳҳои худро асоснок мекунанд. Дар сурати пешниҳоди маводи иловагӣ раисикунанда ё судяи маърӯзакунанда онҳоро эълон мекунад ва барои шиносоӣ ба прокурор ва шахсони дар моддаи 368 КМҶ ҶТ нишондодашуда медиҳад, ба шарте, ки онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд. Пас аз ин маҳкумшуда ё сафедкардашуда, ҳимоятгарон онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, ба шарте, ки онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд, баёнот медиҳанд. Баъди додани баёнот суд хулосаи прокурорро мешунавад ва барои баровардани таъинот ба хонаи машваратӣ меравад.

Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошад.

Тартиби маҷлиси суд ва чораҳое, ки нисбат ба вайронкунандагон андешида мешаванд ба тартиби маҷлиси суд ва чораҳо дар суди зинаи якум монанд аст. Яъне маҷлиси суд дар шароите, ки барои кори мӯътадили суд ва амнияти иштироккунандагони мурофиа мусоид аст, гузаронида мешавад. Ҳангоми ба толори маҷлиси суд ворид шудани суд бо хитоби котиби маҷлиси суд «Суд меояд, хоҳишмандам аз ҷой бархезед!» ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд.

Ҳамаи иштироккунандагони муҳокимаи судӣ аз ҷой бармехезанд ва ҳар гоҳ ба суд бо ибораи «Мӯҳтарам суд» муроҷиат мекунанд, нишондод медиҳанд ва арзи изҳорот мекунанд. Сарфи назар кардани қоидаҳои мазкур танҳо бо иҷозати раисикунанда мумкин аст.

Ҳамаи иштироккунандагони муҳокимаи судӣ, ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони дар толори маҷлиси суд ҳозирбуда бояд фармоиши раисикунандаро дар бобати риояи тартибот дар маҷлиси суд ба ҷо оваранд.

Ҳангоми риоя накардани тартибот дар толори маҷлиси суд, итоат накардан ба амри раисикунанда иштирокчии мурофиа огоҳ карда мешавад, ки дар сурати такроран риоя накардани тартибот ӯ аз толори маҷлиси суд берун ё ба андозаи то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Суд, судя метавонад ҳар як иштирокчии мурофиаро, ба истиснои айбдоркунанда ва ҳимоятгар аз толори суд берун кунад. Ба ғайр аз ин нисбати судшаванда, ҳимоятгар ва айбдоркунандаи давлатӣ ҷаримабандӣ низ татбиқ карда намешавад. Дар бораи аз толори маҷлиси суд берун кардани иштирокчии мурофиа ва ҷаримабандӣ шудани ӯ таъинот (қарор) бароварда мешавад.

Шахсоне, ки дар толори маҷлиси суд ҳузур доранд, вале иштирокчии мурофиа намебошанд, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя накардани тартибот бо амри раисикунанда аз толори маҷлиси суд берун карда мешаванд. Ба ғайр аз ин суд онҳоро ба андозаи то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда метавонад.

Агар аз ҷониби иштирокчиёни муҳокимаи судӣ ё шахси дар толори маҷлиси суд ҳузурдошта ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир шуда, ба суд ва нисбати қоидаҳои муайяннамудаи суд беэҳтиромӣ зоҳир гардад, суд ҳуқуқвайронкунандаро пурсиш ва далелҳои ӯро тафтиш намуда, ҳуқуқ дорад дар ҳамон муҳокимаи судӣ дар бораи ба ӯ татбиқ кардани яке аз ҷазоҳои маъмурии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот (қарор) барорад.

Агар дар амали вайронкунандаи тартиботи маҷлиси суд аломатҳои ҷиноят вуҷуд дошта бошад, суд маводи дахлдорро барои ҳалли масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор равон мекунад.

Суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаро, ғайр аз ҳолатҳои дар моддаи 273 КМҶ ҶТ зикргардида дар маҷлиси ошкорои суд баррасӣ мекунад.

То сар шудани маҷлиси суд шахсе, ки аз ҳукм шикоят ё ба он эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад шикоят ё эътирози худро бозхонад. Прокурори болоӣ ҳуқуқ дорад, ки эътирози овардаи прокурори поёниро бозпас хонад.

Суд бо ваҷҳҳои дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардашуда вобаста набуда, парвандаро дар ҳаҷми пуррааш дар ҳаққи ҳамаи айбдорон, аз ҷумла нисбат ба онҳое, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ наовардаанд, месанҷад.

Ҳангоми бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намудани парванда суд яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:

1) ҳукмро бетағйир ва шикоят ё эътирозро беқаноат мемонад;

2) ҳукмро бекор ва парвандаро қатъ менамояд;

3) ҳукмро тағйир медиҳад;

4) ҳукмро бекор мекунад ва парвандаро барои тафтиши нав ё ба муҳокимаи нави судӣ мефиристад.

Асос барои бо тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани ҳукм инҳо шуда метавонанд:

1) яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ. Таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ ба шарте яктарафа ё нопурра ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми анҷом додани он ҳолатҳои барои баровардани ҳукм аҳамияти ҷиддӣ дошта муайян карда нашуда бошанд. Таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ дар ҳама ҳолат яктарафа ё нопурра эътироф карда мешавад, агар доир ба парванда: — шахсоне нопурсида монда бошанд, ки нишондодҳои онҳо барои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд ё экспертизае гузаронида нашуда бошад, ки мувофиқи қонун гузаронидани он ҳатмист, ҳамзамон ҳуҷҷатҳое талаб карда гирифта ё далелҳои шайъие, ки дарёфт нагардида ба парванда ҳамроҳ карда нашуда бошанд, ки аҳамияти ҷиддӣ доранд; — ҳолатҳое таҳқиқ нашуда бошанд, ки дар таъиноти судӣ парвандаи ҷиноятиро ба тафтиши нав ё муҳокимаи нави судӣ фиристода нишон дода шудаанд; — маълумот оид ба шахсияти судшаванда пурра муайян карда нашуда бошад;

2) мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои воқеии парванда. Ҳукм ба ҳолатҳои воқеии кор номувофиқ эътироф карда мешавад, агар: — хулосаи суд бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шудаанд, тасдиқ нашаванд; — суд ҳолатҳоеро, ки ба хулосаи он таъсири ҷиддӣ расонида метавонистанд, ба ҳисоб нагирифта бошад; — далелҳои ба ҳам муқобил, ки барои хулосаи суд аҳамияти ҷиддӣ доранд, мавҷуд бошанду дар ҳукм нишон дода нашуда бошад, ки суд бо кадом асосҳо баъзеи ин далелҳоро қабул кардаасту далелҳои дигарро рад намудааст; — хулосаи суд, ки дар ҳукм ифода ёфтаанд, ихтилофҳо дошта бошанду барои ҳал намудани масъалаи гунаҳгор будан ё бегуноҳии шахси маҳкумшуда, ё худ сафед кардашуда, барои дурустии татбиқ намудани қонуни ҷиноятӣ ё барои муайян кардани чораи ҷазо таъсир расонанд ё худ таъсир расонда метавониста бошанд;

3) ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ чунин вайронкунии принсипҳо ва дигар муқаррароти умумии КМҶ ҶТ ҳангоми пешбурди парванда эътироф карда мешавад, ки бо роҳи маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи қонун, риоя накардани расмияти пешбурди судӣ ё бо роҳи дигар ба таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда халал расонида, барои баровардани ҳукми одилонаи судӣ таъсир расонидаанд ё метавонистанд таъсир расонанд.

Ҳукм бояд бекор карда шавад:

— вақте ки яктарафа ё нопурра будани тафтиши судӣ натиҷаи саҳван аз баррасӣ истисно кардани далелҳои имконпазир ё беасос рад кардани пешниҳоди тараф дар таҳқиқи далелҳое бошад, ки барои парванда аҳамият дошта метавонистанд;

— таҳқиқ накардани далелҳое, ки бояд ҳатман таҳқиқ шаванд (набудани хулосаи коршинос, ҳангоме ки он ҳатмӣ мебошад, иҷро накардани таъиноти суде, ки парвандаро аз муҳокимаи пешакӣ барои тафтиши иловагӣ фиристодааст ва ғайра).

Ҳукм дар ҳар ҳолат бояд бекор карда шавад, агар:

— ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 288 КМҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд қатъ нагардида бошад;

— ҳукм бо ҳайати ғайриқонунии суд бароварда шуда бошад;

— парванда дар ғоибии судшаванда баррасӣ гардида бошад, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 280 КМҶ ҶТ;

— парванда бе иштироки ҳимоятгар баррасӣ шудааст, ҳангоме ки иштироки ӯ тибқи қонун ҳатмӣ мебошад ё бо тарзи дигар ҳуқуқи айбдоршаванда барои доштани ҳимоятгар вайрон карда шуда бошад;

— дар суд ҳуқуқи айбдоршаванда (судшаванда) дар бобати истифодаи забони модарӣ ё хизмати тарҷумон вайрон карда шуда бошад;

— ба судшаванда ҳуқуқи иштирок дар музокираи судӣ пешниҳод нашуда бошад;

— ба судшаванда сухани охирин дода нашуда бошад;

— ҳангоми баровардани ҳукм махфӣ будани машварати судяҳо вайрон карда шуда бошад;

— ҳукм аз тарафи судя ё яке аз судяҳо имзо нашуда бошад;

— дар парванда протоколи маҷлиси суд набошад;

4) нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ. Қонуни ҷиноятӣ нодуруст татбиқшуда ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки: — суд қонунеро, ки татбиқ карда шудани он лозим буд, татбиқ накарда бошад; — суд қонунеро, ки татбиқ карда шудани он лозим набуд, татбиқ карда бошад; — суд қонунро нодуруст маънидод кардааст, ки он ба мазмуни дақиқи қонун мухолиф бошад;

5) номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда. Ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти мaҳкумшуда чунин ҷазо номувофиқ дониста мешавад, ки агар он аз доираи пешбиникардаи қонуни ҷиноятӣ берун набаромада бошад ҳам, вале аз рӯи намуд ва андозаи худ, чӣ аз ҷиҳати сабукӣ ва чӣ аз ҷиҳати вазниниаш баръало беадолатона мебошад.

Мавриди зикр аст, ки суд дар вақти ба тариқи кассатсионӣ дида баромадани парванда метавонад ҷазоеро, ки суди марҳилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ки қонуни оид ба ҷинояти сабуктарро татбиқ кунад, вале ҳақ надорад, ки ҷазоро пурзӯр намояд ва ҳамчунин қонуни доир ба ҷинояти вазнинтарро татбиқ кунад. Ҳукмро бо зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти вазнинтар ё худ барои сабук будани ҷазо фақат дар ҳамон мавридҳо бекор кардан мумкин аст, ки бо ҳамин асосҳо прокурор эътироз оварда ё ҷабрдида шикоят карда бошад.

Суд метавонад парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намуда, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи сархатҳои панҷум-нуҳуми қисми 1 моддаи 27 ва моддаи 28 КМҶ ҶТ ҳукми айбдоркуниро бекор карда ва парвандаро қатъ кунад.

Ҳукми сафедкунандае, ки судя танҳо ё суд баровардааст, дар марҳилаи кассатсионӣ танҳо аз рӯи эътирози прокурор ё шикояти ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндагони онҳо, инчунин шикояти шахси аз ҷониби суд сафедкардашуда, ки бо асосҳои сафедкунӣ розӣ намебошад, мумкин аст бекор карда шавад.

Ҳукми сафедкунанда, таъинот дар бораи қатъ кардани парванда ё дигар қароре, ки ба манфиати судшаванда бароварда шудааст, наметавонад бинобар ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, нуҳум ва даҳуми қисми 3 моддаи 375 КМҶ ҶТ бекор карда шавад.

Суд ҳангоми бекор кардани ҳукм ва ба муҳокимаи нави судӣ ирсол намудани парванда дар таъйинот нишон медиҳад, ки пешбурди парванда бояд аз таҳқиқ ё тафтиши нав ё аз муҳокимаи судӣ сар карда шавад.

Дар сурати бекор кардани ҳукм бинобар зарурати эълон кардани айби нисбатан вазнинтар ё айбе, ки аз рӯи ҳолатҳои воқеӣ аз айби дар ибтидо эълон кардашуда ҷиддан фарқ мекунад, парванда тавассути суде, ки ҳукм баровардааст, барои тафтиши нав ба прокурор равон карда мешавад.

Дар сурати бекор кардани ҳукм бо сабаби роҳ додан ба вайронкунии қонун ҳангоми баррасии парванда дар суд, парванда барои баррасии нав ба ҳамон суде, ки ҳукмро баровардааст, дар ҳайати нав ё ба суди дигар ирсол карда мешавад.

Агар ҳангоми баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ муайян карда шавад, ки суди марҳилаи якум қонуни ҷиноятиро нодуруст татбиқ кардааст ё ҷазои таъинкарда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда мувофиқ нест, суди марҳилаи кассатсионӣ метавонад парвандаро ба баррасии нав надода, тибқи муқаррароти моддаи 378 КМҶ ҶТ ба ҳукм тағйирот ворид намояд, ба шарте, ки ҷазои тағйирдодашуда аз ҷазои дар ибтидо таъиншуда зиёд набошад ва ё қонуни ҷиноятии нисбатан вазнин татбиқ нашуда бошад. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад ба ҳукм тағйироте дарорад, ки ба ҳолатҳои дар ҳукми суди марҳилаи якум муқаррар карданашуда ё ин ки ба далелҳои радкардаи он асос карда шуда бошад.

Дар таъиноти кассатсионӣ инҳо бояд зикр гарданд: — вақт ва ҷои баровардани таъинот; — номи суд ва ҳайати коллегияи кассатсионӣ, ки таъинотро баровардааст; — шахсоне, ки зимни баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ иштирок доштанд; — шахсоне, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ арз намудаанд; — моҳияти шикоят ё эътироз; — мазмуни қисми хулосавии ҳукме, ки аз он шикоят карда ё эътироз оварда шудааст; — асосҳои қабули қарор дар марҳилаи кассатсионӣ; — қарори суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз.

Қисми баёнияи таъинот дарҷи мухтасари ваҷҳҳои шахсеро, ки шикоят арз ё эътироз кардааст, эродҳои дигар шахсони иштирокчии марҳилаи кассатсионӣ, инчунин асосҳои қабул кардани қарорро дар бар мегирад. Агар шикоят ё эътироз қонеъ гардонида нашуда бошад, асосҳое, ки тибқи он шикоят ё эътироз беасос ё камаҳамаият дониста шудааст, нишон дода мешаванд. Ҳангоми бекор кардан ё тағйир додани ҳукм зикр карда мешавад, ки талаботи кадом моддаҳои қонуни ҷиноятӣ ё мурофиавии ҷиноятӣ вайрон карда шудааст ва ин вайронкуниҳо аз чиҳо иборатанд; асосҳое, ки тибқи онҳо ҷазои таъиннамудаи суди марҳилаи якум ғайриодилона эътироф шудааст. Дар сурати ба тафтиши нав ва муҳокимаи нави судӣ фиристодани парванда нишон дода мешавад, ки кадом вайронкуниҳои қонун бояд бартараф карда шаванд. Дар айни замон суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад оид ба исботшуда ё исботнашуда будани айб, оид ба ҳаққонӣ ё нодурустии ин ё он далел ва бартарии як далел нисбат ба далели дигар, оид ба татбиқи қонуни ҷиноятӣ дар бораи ҷазо аз ҷониби суди марҳилаи якум, дар бораи чораи ҷазо масъалаҳоро пешакӣ ҳал намояд.

Таъинот дар хонаи машваратӣ бароварда шуда, ба он ҳамаи ҳайати суд имзо мегузоранд ва пас аз баргаштани ҳайати суд аз хонаи машваратӣ фавран эълон карда мешавад.

Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолати зарурӣ оид ба парванда экспертизаи судӣ таъин намуда, баррасии парвандаро боздорад, маводи иловагии пешниҳодшударо таҳқиқ кунад, намуди низомро таъин кунад, ба шарте, ки он бо ҳукм таъин нашуда бошад, инчунин ба қарори суд дигар тағйиротро, ки вазъи маҳкумшударо бадтар намекунанд, ворид намояд.

Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ барои иҷро дар мӯҳлати на дертар аз ҳафт шабонарӯзи баъди баровардани он якҷоя бо парванда ба суде, ки ҳукмро баровардааст, фиристода мешавад.

Таъиноте, ки мувофиқи он маҳкумшуда бояд аз ҳабс озод карда шавад дар ин қисм фавран иҷро карда мешавад, ба шарте, ки маҳкумшуда дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок дошта бошад. Дар ҳолатҳои дигар нусхаи қисми хулосавии таъинот ҷиҳати иҷрои қарори аз ҳабс озод кардани маҳкумшуда фавран ба маъмурияти маҳалли таҳти ҳабс нигоҳдорӣ фиристода мешавад.

8 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон …

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *