Главная / Ҳуқуқ / Марҳилаи ба иҷро расонидани ҳукм, таъинот ва қарор

Марҳилаи ба иҷро расонидани ҳукм, таъинот ва қарор

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]

МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ МАРҲИЛАИ

ИҶРОИШИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ, ҚАРОР

Ба иҷро расонидани ҳукм, таъинот, қарор – ин марҳилаи мустақил ва анҷомёбии мурофиаи ҷиноятӣ буда, дар он иродаи ҳокимиятии суд амалӣ карда мешавад, ки он дар ҳукм, таъинот, қарори эътибори қонунӣ пайдонамуда ифода ёфтааст. Инчунин дар марҳилаи мазкур суд дар ҳадди муайянкардаи қонун аз болои иҷроиши дуруст ва саривақтии ҳукм назорат бурда, бевосита қарорҳои алоҳидаи худро доир ба масъалаҳои зерин амалӣ мекунад: 1) доир ба иҷро расонидани ҳукм; 2) назорат аз болои иҷроиши ҳукм; 3) ҳалли масъалаҳое, ки ба иҷроиши ҳукм вобаста мебошанд.

Иҷроиши ҳукм марҳилаи охирони мурофиаи ҷиноятӣ буда, нисбати ҳар як парвандаи ҷиноятие, ки дар маҷлиси суд баррасӣ мешавад, ҳатмӣ мебошад.

Дар ҷараёни иҷроиши ҳукм, таъинот ва қарорҳо мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷамъият амалҳои ерини мурофиавии ҷиноятиро анҷом медиҳанд: а) суд ҳукм, таъинот ва қарорҳоро ба иҷро медарорад, аз боли иҷроиши саривақтӣ ва дурсти онҳо назорат мебарад, маъалаҳое,ки ба иҷроиши ҳукм вобаста мебошанд баррасӣ ва ҳал менамояд; б) прокурор аз болои иҷроиши саривақтӣ ва қатъии ҳукм, таъинот ва қарорҳо аз ҷониби судҳоро назорат мебарад, дар маҷлисҳои судие, ки масъалаҳои вобаста ба иҷроиши ҳукм баррасӣ мешаванд, иштирок мекунад, ба суд доир ба масъалаҳои вобаста иҷриоиши ҳукм хулоса медиҳад, нисбати таъиноти суд эътироз баён мекунад; в) мақомоти иҷрои ҷазо ба суд дар бораи озод намудани маҳкумшудагон аз адои ҷазо бинобар сабаби беморӣ, маъюбӣ, бо сабаби тағйирёбии шароити нигоҳдорӣ пешниҳод мекунад, дар маҷлисҳои судие, ки масъалаҳои мазкур ҳал мегардад, иштирок мекунад.

Тамоми амалҳои мурофиавии ҷиноятие, ки дар рафти иҷроиши ҳукм, таъинот, қарор анҷом дода мешаванд ва муносибатҳои ҳукукии дар натиҷаи ин амалҳо ба вуҷуд омада қисми таркибии мурофиаи ҷиноятӣ буда, амалҳо ва муносибатҳои комплексие мебошанд, ки аз марҳилаи мустақили мурофиаи ҷиноятӣ будани ба иҷро расонаидани ҳукм, таъхинот ва қарор, гувоҳӣ медиҳанд.

Аҳамияти марҳилаи мазкур аз он муайян мегардад, ки он барои амалигардонии қарори суд оид ба парвандаи ҷиноятӣ, иҷроиши самараноки он аз ҷонибӣ мақомоти давлатӣ заминаи зарурӣ муҳаё сохта, барои мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳукуқӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, амалигардонии принсипи ногузирии ҷазои ҷиноятӣ мусоидат мекунад.

Тартиби эътибори қонунӣ пайдо кардан

ва иҷрои ҳукм, таъинот ва қарори суд

Ҳукми суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мӯҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, ба шарте, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда нашуда бошад, эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва бояд ба иҷро расонида шавад. Дар сурати шикоят ё эътироз овардан ба тариқи кассатсионӣ ҳукм, ба шарте, ки бекор карда нашуда бошад, дар рӯзи баровардани таъинот эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Ҳукм аз ҷониби суди марҳилаи якум дар мӯҳлати на дертар аз се шабонарӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани он ё баргардонидани парванда аз суди марҳилаи кассатсионӣ ба иҷро расонида мешавад.

Агар ҳукми айбдоркунанда дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 81 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро нашуда бошад, шахси барои ҷиноят маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад.

Агар ҳукм танҳо нисбат ба яке аз маҳкумшудагон шикоят ё эътироз оварда шуда бошад, он то баррасии тамоми ҳукм дар суди марҳилаи кассатсионӣ ба андозаи пуррааш эътибори қонунӣ пайдо намекунад.

Таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мӯҳлати шикоят ё эътироз, вале дар сурати арзи шикояти хусусӣ ё эътироз кардан пас аз баррасии парванда аз ҷониби суди болоӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ба иҷро расонида мешавад.

Таъиноти (қарори) суде, ки аз он шикоят ё ба он эътироз кардан мумкин нест, пас аз баровардани он фавран эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ба иҷро расонида мешавад.

Таъиноти (қарори) суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парванда ҳангоми ҳалли масъалаи таъини маҷлиси суд ё дар маҷлиси суд дар он қисме, ки ба озод кардани айбдоршаванда ё судшванда аз ҳабс марбут аст, бояд фавран иҷро карда шавад.

Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ аз лаҳзаи эълони он эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо бо тартиби назоратӣ ва бо сабаби ошкор гардидани ҳолатҳои нав аз нав дида баромада мешавад.

Ҳукм, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои ҳамаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ буда, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба иҷро расонида шаванд.

Иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор ба зиммаи суде гузошта мешавад, ки парвандаро дар марҳилаи якум баррасӣ намудааст. Фармоиши иҷрои ҳукм аз тарафи судя якҷоя бо нусхаи ҳукм ба он мақомоте, ки тибқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷрои ҳукм ба зиммааш гузошта шудааст, ирсол мегардад. Дар сурати бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намудани парванда тағйир додани ҳукми суди марҳилаи якум ба нусхаи ҳукм нусхаи таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ замима карда мешавад.

Мақомоти иҷрокунандаи ҳукм фавран ба суде, ки ҳукмро баровардааст, аз иҷрои он хабар медиҳанд. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, бояд аз маҳалли адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда огоҳ созад.

Иҷро накардани ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд боиси ҷавобгарии ҷиноятии пешбининамудаи моддаи 363 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, ки тибқи он маҳкумшудаи таҳти ҳабси пешакӣ қарордошта аз озодӣ маҳрум карда шудааст, маъмурияти маҳалли адои ҷазо вазифадор аст яке аз хешовандони наздики маҳкумшударо огоҳ созад, ки ӯ барои адои ҷазо ба куҷо равон карда мешавад.

Барои вохӯрӣ бо маҳкумшудае, ки таҳти ҳабси пешакӣ қарор дорад, то ба иҷро расонидани ҳукм тибқи муқаррароти моддаи 352 КМҶ ҶТ имконият дода мешавад.

Дар ҳолати қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ дар хусуси иҷрои ҳукм даъвогари гражданӣ огоҳ карда мешавад.

ПЕШБУРД ОИД БА БАРРАСӢ ВА ҲАЛЛИ

МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ИҶРОИ ҲУКМ

Иҷрои ҳукм дар бораи маҳкум кардани шахс ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин мумкин аст мавқуф гузошта шавад: — бемории вазнини маҳкумшуда, ки ба адои ҷазо халал мерасонад — то шифо ёфтани ӯ; — ҳомила будани маҳкумшуда ё фарзандони ноболиғ доштани зани маҳкумшуда, ба ғайр аз онҳое, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд, — то ба ҳаштсолагӣ расидани фарзанди хурдӣ; — ҳангоме ки адои фаврии ҷазо барои маҳкумшуда ё аъзои оилаи ӯ аз сабаби сӯхтор ё дигар офатҳои табиӣ, бемории вазнин, марги ягона узви қобили меҳнати оила ё дигар ҳолатҳои истисно боиси оқибатҳои вазнин гардида метавонад, — ба мӯҳлати муайяннамудаи суд, вале на бештар аз шаш моҳ.

Агар фавран пардохтани ҷарима барои маҳкумшуда ғайриимкон бошад, пардохти онро ба мӯҳлати то шаш моҳ дароз кардан ё ба давраҳо тақсим кардан мумкин аст.

Масъалаи мавқуф гузоштани мӯҳлати иҷрои ҳукм аз ҷониби суд бо дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунии ӯ, хешовандони наздик, ҳимоятгар ё бо пешниҳоди прокурор ҳал карда мешавад.

Агар маҳкумшуда дар давоми адои ҷазо ба бемории рӯҳӣ ё дигар бемории вазнин гирифтор шуда бошад, ки ба адои ҷазо халал мерасонад, суд бо пешниҳоди сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ ҳуқуқ дорад маҳкумшударо аз адои минбаъдаи ҷазо озод кунад.

Суд ҳуқуқ дорад, ҳамзамон бо озод кардани маҳкумшудаи гирифтори бемории рӯҳӣ аз адои минбаъдаи ҷазо нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро татбиқ намояд ё ӯро ба парастории мақомоти тандурустӣ ё хешовандони наздик супорад.

Ҳангоми ҳалли масъалаи аз адои минбаъдаи ҷазо озод кардани шахсоне, ки гирифтори бемории вазнин мебошанд ва он ба адои ҷазо халал мерасонад, ба ғайр аз онҳое, ки ба бемории рӯҳӣ гирифторанд, судя вазнинии ҷинояти содиркардашуда, шахсияти маҳкумшуда ва дигар ҳолатҳоро ба эътибор мегирад.

Суд, судя баробари маҳкумшударо бо сабаби беморӣ аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан ҳуқуқ дорад, ӯро на танҳо аз ҷазои асосӣ, балки аз ҷазои иловагӣ низ озод кунад.

Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суди маҳалле, ки маҳкумшуда ҷазоро адо мекунад, бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо ва комиссияи назоратӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак) татбиқ карда мешавад. Нисбат ба онҳое, ки ҷазоро дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, чунин чораҳо аз ҷониби суд бо пешниҳоди фармондеҳии қисми интизомӣ татбиқ мегарданд.

Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани шахсоне, ки то ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардаанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 91 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ё комиссияи назоратӣ татбиқ карда мешавад.

Агар суд шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карданро рад намояд, баррасии такрории пешниҳод оид ба ҳамин масъала баъди се моҳи аз рӯзи баровардани қарор дар бораи рад кардан имконпазир аст.

Суд баробари татбиқи шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан метавонад ба зиммаи маҳкумшуда ӯҳдадориҳои зеринро гузорад: — бе иҷозат тағйир надодани маҳалли истиқомат; — нарафтан ба ҷойҳои муайян; — гузаштани курси муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсико-мания ва ё бемориҳои таносулӣ; — расонидани ёрии моддӣ ба оила; — иҷрои ӯҳдадориҳои дигаре, ки барои ислоҳи ӯ мусоидат мекунанд.

Назорати рафтори шахсе, ки аз ҷазо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, ба зиммаи мақомоти давлатии ваколатдор рафтори хизматчиёни ҳарбӣ ба зиммаи фармондеҳии қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ гузошта мешавад.

Агар маҳкумшуда дар давоми мӯҳлати қисмати адонакардаи ҷазо тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад, ки барои он дар ҳаққи ӯ ҷазои маъмурӣ андешида шуда бошад ё аз иҷрои ӯҳдадорие, ки суд ҳангоми татбиқи шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ба зиммааш гузошта буд, ашаддӣ саркашӣ кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти дар қисми 5 моддаи 393 КМҶ ҶТ зикргардида дар бораи бекор кардани шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва татбиқи қисми адонашудаи ҷазо қарор қабул мекунад.

Агар то гузаштани мӯҳлати санҷиш шахси шартан маҳкумшуда бо рафтори худ ислоҳ шудани худро собит карда бошад, суд бо пешниҳоди мақомоте, ки аз болои рафтори шартан маҳкумшуда назорат мекунад, метавонад дар бораи бекор кардани маҳкумкунии шартӣ ва бардоштани доғи судии маҳкумшуда қарор қабул кунад.

Суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 7 моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди мақомоти дар қисми 1 моддаи 394 КМҶ ҶТ зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумкунӣ ва барои адои ҷазои мутобиқи ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкумшуда қарор қабул мекунад.

Мутобиқи моддаи 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсе, ки ҷазои маҳрум кардан аз озодиро адо мекунад, суд мутобиқи рафтори ӯ дар давраи адои ҷазо метавонад қисми адонакардаи ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кунад.

Иваз намудани қисми ҷазое, ки адо карда нашудааст, ба ҷазои нисбатан сабуктар баъди аз тарафи маҳкумшуда воқеан адо кардани мӯҳлате, ки дар қисми 3 моддаи 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, мумкин аст татбиқ шавад. Дар ин сурат мумкин аст маҳкумшуда ҳамзамон аз ҷазои иловагӣ низ пурра ё қисман озод карда шавад.

Дар сурати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз корҳои ислоҳӣ суд онро дар доираи мӯҳлатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 52 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ иваз мекунад. Дар айни замон вақте, ки дар тӯли он маҳкумшуда кор кардааст, ҳангоми муайян кардани мӯҳлати маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар сурати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз пардохти ҷарима суд онро дар доираи мӯҳлатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ иваз карда метавонад.

Қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ, ки бо адои ҷазо ҳамроҳ карда шудааст, аз ҷониби суд бо пешниҳоди мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, ки ба хулосаи комиссияи духтурони равонпизишкӣ асос ёфтааст, анҷом дода мешавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшуда аз ҷониби суд тибқи аризаи шахси маҳкумшуда ё бо пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.

Агар шахсе, ки ҷазои маҳрум кардан аз озодиро адо мекунад, дар муассисаи табобатӣ ҷойгир карда шуда бошад, мӯҳлати дар он ҷо будани маҳкумшуда ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Агар дар ҳаққи маҳкумшуда якчанд ҳукми иҷронашуда мавҷуд бошад ва суде, ки ҳукми охиринро баровардааст ин масъаларо ҳал накарда бошад суде, ки ҳукми охиринро баровардааст ё суди ҳамноми маҳалли иҷрои ҳукм вазифадор аст, дар бораи нисбати маҳкумшуда татбиқ кардани ҷазоҳоро аз рӯи ҳамаи ҳукмҳои зикршуда дар асоси моддаи 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот (қарор) қабул кунад.

Агар мӯҳлати умумии ҷазоҳо зиёда аз панҷ сол маҳрум кардан аз озодиро ташкил диҳад, масъала аз ҷониби ҳайати дастаҷамъонаи суд баррасӣ карда мешавад.

Масъалаҳои мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм — мутобиқи моддаи 390 КМҶ ҶТ, доир ба озод намудан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мӯҳлати ҳукми айбдоркунӣ — мутобиқи моддаи 81 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 386 КМҶ ҶТ, дар бораи иваз кардани маҳдуд кардани озодӣ ва ҷарима бо чораҳои дигари ҷазо — мутобиқи моддаҳои 49, 54 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 395 КМҶ ҶТ, ҳамчунин тамоми гумонҳо ва норавшаниҳое, ки ҳангоми иҷрои ҳукм ба вуҷуд меоянд, аз ҷониби суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳал карда мешаванд.

Агар ҳукм берун аз ҳудуди фаъолияти суде, ки ҳукмро баровардааст, иҷро карда шавад, ин масъалаҳо аз ҷониби суди ҳамном ва дар сурати дар ноҳияи иҷрои ҳукм мавҷуд набудани суди ҳамном аз тарафи суди болоӣ ҳал карда мешаванд. Дар ин ҳолат нусхаи қарори иҷрои ҳукм ба суде, ки ҳукмро баровардааст, фиристода мешавад.

Масъалаҳои озод намудан аз адои ҷазо бо сабаби бемории вазнин — мутобиқи моддаҳои 79 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 391 КМҶ ҶТ, доир ба шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудан — мутобиқи моддаҳои 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 392 КМҶ ҶТ, дар бораи иваз кардани қисми адо карданашудаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар — мутобиқи моддаҳои 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 394 КМҶ ҶТ, оид ба қатъ намудани татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббии ба адои ҷазо ҳамроҳ кардашуда — мутобиқи моддаҳои 100 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 396 КМҶ ҶТ, дар бораи гузаронидан аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 397 КМҶ ҶТ аз тарафи суди ноҳиявии маҳалли адои ҷазо, сарфи назар аз ин ки ҳукм аз ҷониби кадом суд бароварда шудааст, ҳал карда мешаванд.

Масъалаҳои бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо — мутобиқи моддаҳои 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 393 КМҶ ҶТ, доир ба шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан — мутобиқи моддаҳои 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 392 КМҶ ҶТ аз ҷониби суди ноҳиявии маҳалли зисти маҳкумшуда ҳал карда мешаванд.

Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо озод кардан аз адои ҷазо дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 391 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудааст, аз тарафи суд ба таври дастаҷамъона анҷом дода мешавад. Ҳамаи масъалаҳои дигари марбут ба иҷрои ҳукмро судя дар маҷлиси суд танҳо ҳал карда мекунад.

Дар бораи вақти баррасии масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм ба прокурор ва маҳкумшуда хабар дода мешавад. Масъалаи даъвати маҳкумшударо, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад, суд, судя ҳал мекунад. Агар масъала бо иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ марбут бошад, даъвогари гражданӣ даъват карда мешавад. Ҳозир нашудани шахсони зикршуда ба баррасии парванда монеъ намегардад.

Ҳангоми аз тарафи суд баррасӣ шудани масъалаҳои шартан, пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, дар бораи иваз кардани қисми адокарданашудаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар, доир ба гузаронидани маҳкумшуда аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ намояндаи мақомоти иҷрои ҷазо даъват карда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки парванда аз тарафи суд бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ё комиссияи назоратӣ ё ин ки бо пешниҳоди бо комиссияҳои мазкур мувофиқашудаи мақомоти иҷрои ҷазо баррасӣ карда мешавад, судя ба ин мақомот доир ба вақт ва маҳалли баррасии пешниҳод хабар медиҳад.

Ҳангоми аз тарафи суд баррасӣ шудани масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо нисбат ба маҳкумшуда ба маҷлиси суд намояндагони мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат менамояд, даъват карда мешавад.

Баррасии парванда бо маърӯзаи судя (ё раисикунанда ҳангоми баррасии дастҷамъона) оғоз шуда, сипас баёноти шахсони ба маҷлис ҳозиршуда шунида мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм суд таъинот ва судя қарор мебарорад, ки бояд дар толори маҷлиси суд эълон карда шавад. Нусхаи таъинот (қарор) дар мӯҳлати панҷ шабонарӯз ба маҳкумшуда, прокурор, мақомоте, ки бо пешниҳоди он масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм баррасӣ гардидааст, ҳамчунин ба даъвогари гражданӣ, ба шарте, ки масъалаи иҷрои ҳукм ба даъвои гражданӣ дахл дошта бошад, равон карда мешавад.

Масъалаи бардоштани доғи судӣ мутобиқи қисми 6 моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суди ноҳиявӣ ё шаҳрии маҳалли зисти шахсе, ки ҷазоро адо кардааст, бо дархости ӯ ҳал карда мешавад. Дар суд ҳозир будани шахсе, ки нисбат ба ӯ дархости бардоштани доғи судӣ баррасӣ карда мешавад, ҳатмист. Баррасии дархости бардоштани доғи судӣ бо маърӯзаи судя оғоз мегардад, сипас ӯ баёноти шахсони даъватшударо мешунавад. Дар ҳолати рад кардани бардоштани доғи судӣ ба суд на пештар аз як соли баъди рӯзи бароварда шудани қарори рад кардани он дархости такрорӣ пешниҳод кардан мумкин аст.

8 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон …

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *