Главная / Ҳуқуқ / Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]

БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА

МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ МАРҲИЛАИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДА

БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА

Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ин марҳилаи мустақил ва истисноии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он суди ваколатдор дар асоси хулосаи прокурор ҳукм, таъинот, қарори ба қувваи қонунӣ даромадаро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршудае, ки ҳангоми ҳалли парванда ба мақомоти тафтишот ва суд маълум набуданд, аз нав баррасӣ мекунад.

Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда моҳиятан ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ наздик мебошад. Зеро ин ду марҳила марҳилаҳои истисонии мурофиаи ҷиноятӣ мебошанд ва дар ҳар ду маврид қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд аз нав баррасӣ мегардад, инчунин вазифаҳои марҳилаҳои мазкур низ якхела аст, яъне марҳилаҳои мазкур вазифаи ислоҳ намудани хатогиҳои суд, ки ҳангоми қабули ҳукм, таъинот ё қарор роҳ дода шудааст, иҷро менамоянд.

Дар навбати худ аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо якчанд хусусиятҳои худ аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ фарқ мекунад.

Якум, аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо тариқи назоратӣ бо асосҳои аз нав баррасӣ намудан фарқ мекунанд.

Дуввум, масъалаи аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда танҳо аз ҷониби прокурор оғоз карда мешавад, субъектони масъалаи оғози баррасии парванда ба тариқи назоратӣ бошад прокурорҳо ва раисони судҳои дахлдор мебошанд.

Сеюм, агар ба тариқи назоратӣ парванда аз ҷониби суди болоӣ аз нав баррасӣ карда шавад, баррасии парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз ҷониби ҳамон ҳайати суде, ки аллакай парвандаро баррасӣ кардааст, имконпазир аст[1].

Чорум, мӯҳлати баррасии парвандаҳо бинобар вазнин шудани ҳолати маҳкумшуда ё сафедшуда низ дар ин марҳилаҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Агар барои эътироз овардан ба ҳукм, таъинот, қарори айбдоркунанда ба тариқи назоратӣ бо сабаби сабукии ҷазо ё зарур будани татбиқи қонуне, ки нисбати маҳкумшуда ҷинояти вазнинтарро пешбинӣ мекунад, инчунин ҳукм ё таъиноти ё қарори сафедкунандаи суд дар бораи қатъ қатъ намудани парванда мӯҳлати яксола пешбинӣ шуда бошад, барои аз нав сар кардани парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бошад мӯҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ки бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда шудааст муқаррар шудааст.

Ба ғайр аз ин, то аз нав барраси кардани парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бояд тафтишоти ҳолатҳои мазкур гузаронида шавад, вале ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ бошад гузаронидани тафтишоти иловагиро оид ба парванда то бекор кардани ҳукм қонун иҷозат намедиҳад.

Дар адабиётҳои илмӣ-таълимӣ мафҳуми ҳолатҳои нав ошкоршуда ва аломатҳои хоси он оварда шудаанд. Чунончӣ, Громов Н.А. ҳолатҳои нав ошкоршуда гуфта фактҳои ҳуқуқиеро дар назар дорад, ки дар тафтишот ё бо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар шуда, дар хулосаи прокурор оварда шудаанд ва бо аломатҳои предмети исботкунӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар алоқаи ногусастанӣ буда, бинобар номаълум буданашон ва моҳияти хулосаҳое, ки дар ҳукм, таъинот, қарори ба қувваи қонун дарома ифода ёфтаанд, ҳамчун ба ҳақиқати воқеӣ номувофиқ, инкор шудаанд[2].

Муаллиф ба ҳолатҳои нав ошкоршуда аломатҳои зеринро хос мешуморад: 1) номаълум будани ин ҳолатҳо ба суд бинобар сабабҳои аз суд вобаста набуда; 2) муҳим будани ин ҳолатҳо барои парванда; 3) мавҷуд будани ҳолатҳои нав ошкоршуда дар ҳақиқати воқеӣ то қабули ҳукм; 4) имкон надоштани ба назар гирифтани ин ҳолатҳо ҳангоми пешбурди парванда ва қабули ҳукм бинобар сабаби номаълум будани онҳо ба суд; 5) ошкор шудани ҳолатҳои нав танҳо баъд аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми суд; 6) тафтишоти махсуси ҳолатҳои нав ошкоршуда аз ҷониби прокурор ё бо супориши ӯ аз ҷониби муфаттиш. Аломатҳои мазкур ба тамоми намудҳои ҳолатҳои нав ошкоршуда хос мебошанд.

Аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳукм, таъинот ва қарори тамоми судҳоро аз нав баррасӣ кардан мумкин.

Қоидаҳои аз нав сар кардани пешбурди парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда танҳо нисбати ҳукм, таъинот ё қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар шуда, ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои пештар маълум набуда дар марҳилаҳои дигари мурофиаи ҷиноятӣ, вақте қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд мавҷуд набошад, қоидаҳои мазкур татбиқ намешаванд.

Аз гуногун будани асосҳо гуногунии хусусияти қарорҳои қабулшуда ва оқибати бекор кардани ҳукмҳо дар натиҷаи баррасии парванда ба тариқи назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда бармеоянд. Дар натиҷаи баррасии парванад аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда суд ҳукук надорад ба ҳукм тағйирот ворид кунад ва танҳо метавонад онро бекор кунад. Инчунин, дар вақти тафтишот ва баррасии нави парванда мақомоти тафтишот ва суди марҳилаи якум аз қарори суде, ки ҳукмро аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда бекор кардаанд, вобаста нестанд.

Ҳамин тавр, аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда марҳилаи мустақили мурофиаи ҷиноятӣ буда, ҳамчун кафолати муҳим дар дуруст амалигардонии адолати судӣ аҳамият дорад ва чун яке аз воситаҳои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар мурофиаи ҷиноятӣ хизмат мекунад.

16.2. МӮҲЛАТ, АСОСҲО ВА ТАРТИБИ

ПЕШБУРДИ ПАРВАНДА БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА

Бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳукм, таъиноти суд ва қарори судя, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд бекор карда шаванд ва пешбурд аз рӯи парванда аз нав сар карда шавад.

Барои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда инҳо асос шуда метавонанд:

1) дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ, протоколҳои амалиҳои тафтишӣ ва суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста бардурӯғ тарҷума кардан, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори ғайриқонунӣ ё беасос шудаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;

2) бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудани амалҳои ҷинояткоронаи таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори беасос ва ғайриқонунӣ шудаанд;

3) амалҳои ҷинояткоронаи судяҳо, ки ҳангоми баррасии парвандаи мазкур содир кардаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;

4) аз ҷониби суди конститутсионӣ хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст;

5) ҳолатҳои дигаре, ки ба суд ҳангоми баровардани ҳукм, таъинот, ки худ ба худ ё якҷоя бо ҳолатҳои қаблан муқарраршуда дар бораи бегуноҳии маҳкумшуда ё дар хусуси аз тарафи ӯ содир шудани ҷинояти дигари дорои дараҷаи вазнин нисбат ба ҷинояте, ки барои он маҳкум шудааст ва ё оид ба гунаҳгор будани шахси сафедшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ пешбурди парванда қатъ карда шудааст, шаҳодат медиҳанд ва онҳо дар натиҷаи санҷиш ва тафтиши бо тартиби пешбиникардаи моддаи 419 КМҶ ҶТ муқаррар ва дар хулосаи прокурор баён гардидаанд.

Ҳолатҳои зикршуда метавонанд ба ғайр аз ҳукм, таъиноти суд бо қарори судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мӯҳлат, бинобар татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо, бо сабаби фавти айбдоршаванда ё нарасидан ба синне, ки барои ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан мумкин аст, муқаррар карда шаванд.

Мӯҳлати аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба нафъи маҳкумшуда маҳдуд карда нашудааст.

Фавти маҳкумшуда барои аз нав сар кардани мурофиа бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо мақсади сафедкунии ӯ монеъ намегардад.

Аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунӣ, таъинот, қарор доир ба қатъи парванда, ҳамчунин аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунӣ бо сабабҳои сабукии ҷазо ё зарурати нисбат ба маҳкумшуда татбиқ намудани қонун оид ба ҷинояти нисбатан вазнинтар танҳо дар давоми мӯҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ки дар моддаи 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд ва на дертар аз як сол аз рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав мумкин аст.

Рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав ҳисоб карда мешавад:

1) рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст;

2) дар ҳолатҳои дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ, протоколҳои амалиҳои тафтишӣ ва суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста бардурӯғ тарҷума кардан; инчунин, аъмоли ҷинояткоронаи таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, судяҳо, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори ғайриқонунӣ ва беасос шудаанд — рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм (таъинот, қарор) нисбат ба шахсоне, ки дар додани нишондоди бардурӯғ, пешниҳоди далелҳои бардурӯғ, тарҷумаи нодуруст ё аъмоли ҷинояткоронае, ки ҳангоми таҳқиқ ё баррасии парванда содир шудаанд, гунаҳгоранд;

3) дар ҳолати аз ҷониби суди конститутсионӣ хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст, рӯзи аз тарафи прокурор имзо шудани хулосаи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда.

Мутобиқи моддаи 419 КМҶ ҶТ ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба прокурор тааллуқ дорад. Аз нав дида баромадани ҳукм, таъиноти дар марҳилаи аввал баровардашуда ва қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ҳолатҳои ошкор гардида, бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи ворид шудани пешниҳод баррасӣ мегардад.

Аризаҳои шаҳрвандон, хабарҳои шахсони мансабдори муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳо, ҳамчунин маълумоти дар ҷараёни таҳқиқ ва баррасии дигар парвандаҳои ҷиноятӣ ошкоршуда сабабҳои аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав мегарданд.

Агар дар ариза ё хабари воридгардида ба мавҷуд будани ҳукми суд, ки он вобаста ба нишондоди бардурӯғ додани ҷабрдида, шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ, протоколҳои амалиҳои тафтишӣ ва суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста бардурӯғ тарҷума кардан, аъмоли ҷинояткоронаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судяҳо, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори ғайриқонунӣ ва беасос шудаанд, бароварда шуда аст, ишорае бошад прокурор бо қарори худ пешбурдро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар мекунад, санҷиши дахлдор гузаронида, нусхаи ҳукм ва маълумотномаи судро оид ба эътибори қонунӣ пайдо кардани он талаб карда мегирад.

Агар дар ариза ё хабар ҳолатҳои аз ҷониби суди конститутсионӣ хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст бошанд, прокурор дар ҳадди салоҳияти худ дар бораи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда қарор мебарорад ва ин ҳолатҳоро таҳқиқ мекунад ё дар ин бобат ба муфаттиш супориш медиҳад. Ҳангоми чунин таҳқиқи ҳолатҳои нав ошкоршуда бо риояи қоидаҳои КМҶ ҶТ метавонанд пурсишҳо, муоинаҳо, экспертизаҳо, ёфта гирифтани ашё ва дигар амалҳои тафтишӣ анҷом дода шаванд.

Баъди анҷом ёфтани таҳқиқ ё тафтиши ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда, прокурор парвандаро бо хулосаи худ, нусхаи ҳукм дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум-сеюми қисми 2 моддаи 417 КМҶ ҶТ ва маводи таҳқиқ ба суди дахлдор мефиристад.

Дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда прокурор бо қарори далелноки худ пешбурди аз ҷониби ӯ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда оғозгардидаро қатъ мегардонад.

Қарор дар бораи қатъ гардидани пешбурд ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида, фаҳмонда мешавад, ки онҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба қарор ба суд шикоят кунанд ва суд мутобиқи моддаи 413 КМҶ ҶТ салоҳият дорад масъалаи аз нав сар кардани пешбурдро аз рӯи парвандаи мазкур бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳал намояд.

Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо тартиби зайл баррасӣ мегардад:

— дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори суди ноҳия (шаҳр) аз ҷониби раёсати суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе;

— дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар бораи ҳукм, таъиноти дар марҳилаи аввал баровардашуда ва қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баррасии қаблии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ ба баррасии он дар ҳамон марҳилаи судӣ ҷиҳати аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда монеъ намегардад.

Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 410 КМҶ ҶТ баррасӣ карда мешавад.

Суд пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ карда, яке аз таъиноти зеринро мебарорад:

1) доир ба бекор кардани ҳукм, таъиноти суд ё қарори судя ва равон кардани парванда барои гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ;

2) дар бораи бекор кардани ҳукм, таъинот ё қарори суд ва оид ба қатъи парванда, вақте ки таҳқиқ ва тафтиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ барои қабули қарори ниҳоӣ аз рӯи парванда талаб карда намешавад;

3) дар хусуси рад кардани пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор.

Пешбурди тафтиш ва мурофиаи судӣ аз рӯи парванда баъди бекор кардани қарорҳои суд оид ба он бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда, ҳамчунин шикоят кардан аз қарорҳои нав баровардаи суд ё эътироз намудан ба онҳо бо тартиби умумӣ анҷом дода мешавад.

9 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон …

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *