Главная / Ҳуқуқ / Хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятии категорияҳои алоҳида

Хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятии категорияҳои алоҳида

Нажмите, чтобы оценить этот пост!
[Весь: 0 Средний: 0]
ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО
ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ НОБОЛИҒОН

Тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон тибқи қоидаҳои умумии КМҶ ҶТ бо риояи қоидаҳои махсусе, ки меъёрҳои умумиро илова ва инкишоф медиҳанд ва кафолатҳои иловагии ҳуқуқи ноболиғонро муқаррар мекунанд, амалӣ мегардад. Қоидаҳои махсуси пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон дар боби 44 КМҶ ҶТ мураттаб ва муқаррар шуда, нисбат ба шахсоне, ки дар лаҳзаи содир намудани ҷиноят ба ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, татбиқ мегардад.

Ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон дар баробари исботи ҳолатҳое, ки бояд нисбати тамоми парвандаҳо исбот карда шаванд (дар моддаи 85 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд), инчунин ҳолатҳои зерин бояд муайян карда шаванд: 1) синну соли ноболиғ (сана, моҳ, соли таваллуд); 2) шароити зиндагӣ ва тарбия, дараҷаи инкишофи ақлӣ, ирода ва рӯҳӣ, хислат ва миҷоз, талабот ва завқу рағбат ва дигар ҳолатҳое, ки дар моддаи 25 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд; 3) таъсири шахсони калонсол ва ноболиғони дигар.

Парванда нисбат ба ноболиғе, ки дар содир намудани ҷиноят якҷоя бо калонсолон иштирок кардааст, дар марҳилаи тафтиши пешакӣ ба тафтиши алоҳида ҷудо карда мешавад. Агар ба тафтиши алоҳида ҷудо кардани парванда нисбати ноболиғ барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда монеаи ҷиддӣ ба вуҷуд оварда тавонад, нисбат ба айбдоршавандаи ноболиғе, ки аз рӯи як парванда бо калонсолон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, бояд қоидаҳои ҳамин боб татбиқ карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки ҳангоми татбиқи чораи пешгирӣ нисбат ба ноболиғ дар ҳар як ҳолат бояд имконияти интихоби чораи пешгирии таҳти парасторӣ супоридани ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, ки дар моддаи 108 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудааст, муҳокима гардад.

Дастгир намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳамчунин ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ танҳо дар ҳолатҳои истисно ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин татбиқ шуда метавонанд.

Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиғ ҳамчун чораи пешгирӣ дар давраи тафтиши пешакӣ метавонад ба муддати то шаш моҳ дароз карда шавад. Айбдоршавандаи ноболиғро аз шаш моҳ зиёд дар ҳабс нигоҳ доштан мумкин нест.

Дар бораи дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан ё дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиғ ба намояндагони қонунии ӯ хабар дода мешавад.

Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ноболиғе, ки дар ҳабс қарор надорад, ба воситаи падару модари ӯ ё намояндагони дигари қонунии вай ва агар ноболиғ дар муассисаи махсуси кӯдакон бошад ба воситаи маъмурияти ин муассиса ба назди муфаттиш ё ба суд даъват карда мешавад.

Пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ наметавонад дар як рӯз бетанаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмӯъ бештар аз чор соат давом ёбад. Ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ҳамчунин ба ин син расидаасту ноқисулақл дониста шудааст, иштироки омӯзгор ва равоншинос ҳатмист. Омӯзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи калонтар аз шонздаҳсола бо салоҳдиди муфаттиш, прокурор ва ё бо дархости ҳимоякунанда иштирок мекунад. Омӯзгор ва равоншинос ҳуқуқ доранд бо иҷозати муфаттиш ба гумонбаршуда, айбдоршаванда саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани пурсиш бо протоколи пурсиш шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро навишта диҳанд. Ин ҳуқуқро муфаттиш пеш аз пурсиши ноболиғ ба омӯзгор ё равоншинос мефаҳмонад. Дар ин бобат дар протоколи пурсиш сабт карда мешавад.

Намояндаи қонунӣ барои иштирок дар парванда бо қарори муфаттиш аз лаҳзаи пурсиши аввалини гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ роҳ дода мешавад. Ҳангоми иҷозат додан барои иштирок дар парванда ба намояндаи қонунӣ ҳуқуқҳои ӯ фаҳмонда мешавад. Аз ҷумла, намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад: 1) донад, ки ноболиғ бо кадом гуноҳ гумонбар ё айбдор карда мешавад; 2) ҳангоми эълон кардани айб ҳозир бошад, дар вақти пурсиши ноболиғ, ҳамчунин бо иҷозати муфаттиш дар амалҳои дигари тафтишӣ, ки бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ ва ҳимоятгари ӯ сурат мегиранд, иштирок намояд; 3) бо протоколи амалҳои тафтишӣ, ки ӯ иштирок дошт, шинос шавад ва доир ба дуруст ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшро навишта диҳад; 4) дархост ва раддия диҳад; 5) оид ба амалҳо ва қарорҳои муфаттиш ва прокурор шикоят пешниҳод намояд; 6) далелҳо пешниҳод кунад; 7) баъди анҷоми тафтиш бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳама гуна маълумотро ба андозаи дилхоҳ нависад.

Баъди анҷоми тафтиш муфаттиш ҳуқуқ дорад дар бораи ба ноболиғ ҷиҳати шиносоӣ пешниҳод накардани маводе, ки метавонанд ба ӯ таъсири манфӣ расонанд, қарор барорад ва бо ин мавод намояндаи қонунии ноболиғро шинос намояд.

Агар асосҳое мавҷуд бошанд, ки иштироки намояндаи қонунӣ ба манфиатҳои ноболиғ зарар мерасонад ё ба тафтиши холисонаи парванда монеъ мешавад, намояндаи қонунӣ аз иштирок дар пешбурди парванда дур карда мешавад ва муфаттиш дар ин бора қарори асоснок қабул мекунад. Барои иштирок дар парванда, мумкин аст ба намояндаи дигари қонунии ноболиғ иҷозат дода шавад.

Тибқи моддаи 432 КМҶ ҶТ агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ аз рӯи парванда оид ба ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна муқаррар гардад, ки ноболиғ ин ҷиноятро бори аввал содир намудааст ва ислоҳи ӯ метавонад бе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан имкон дошта бошад, прокурор, ҳамчунин муфаттиш бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд, ки парвандаро дар ҳаққи ноболиғ бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии дар қисми 2 моддаи 89 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда қатъ намоянд. Ин гуна қарор танҳо дар ҳолате қабул шуда метавонад, ки ба он айбдоршавандаи ноболиғ ва намояндаи қонунии ӯ розӣ бошанд. Нусхаи қарор дар бораи қатъи парванда нисбат ба ноболиғ бо татбиқи чораҳои зикршуда ба комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак фиристода мешавад.

Дар ҳолати аз тарафи ноболиғ мунтазам иҷро нагардидани талаботе, ки бо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии нисбат ба ӯ таъингардида пешбинӣ шудаанд, прокурор бо пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак қарорро дар бораи қатъи парванда бекор мекунад ва он баъди ба охир расидани тафтиш мувофиқи қоидаҳои умумӣ бо фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода мешавад. Чунин қарор метавонад то гузашти як сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи қатъи парванда бароварда шавад.

Намояндагони қонунии судшавандаи ноболиғ бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд дар таҳқиқи далелҳо дар тафтиши судӣ иштирок намоянд, нишондод диҳанд, далелҳо пешниҳод кунанд, дархостҳо ва раддияҳо баён намоянд, доир ба амалҳо ва қарорҳои суд шикоят кунанд, дар маҷлиси суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ мекунад, иштирок намоянд ва шикоятҳои худро шарҳ диҳанд. Ҳуқуқи мазкур бояд ба онҳо дар қисми тайёрии мурофиаи судӣ фаҳмонда шавад. Намояндагони қонунӣ дар толори маҷлиси суд дар давоми тамоми мурофиаи суд ҳозир мебошанд. Бо ризои намояндагони қонунӣ суд метавонад онҳоро ҳамчун шоҳид пурсиш намояд.

Намояндаи қонунӣ метавонад бо таъиноти (қарори) асосноки суд, судя агар асос мавҷуд бошад, ки амалҳои ӯ ба манфиатҳои судшавандаи ноболиғ зарар мерасонанд ё барои баррасии холисонаи парванда монеа ба вуҷуд меоранд, аз ширкат дар мурофиаи суд дур карда шавад. Дар ин ҳолат ба мурофиаи суд намояндаи дигари қонунии судшавандаи ноболиғ роҳ дода мешавад.

Ҳозир нашудани намояндаи қонунии судшавандаи ноболиғ ба шарте, ки суд иштироки ӯро ҳатмӣ нашуморад, боиси боздоштани баррасии парванда намегардад.

Агар намояндаи қонунии судшавандаи ноболиғ барои иштирок дар парванда ҳамчун ҳимоятгар ё ҷавобгари гражданӣ ҷалб шуда бошад, ӯ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштироккунандагони зикршудаи мурофиа мегардад.

Ҳангои баррасии парванда дар маҷлии суд бо дархости ҳимоятгар ё намояндаи қонунӣ ё пешниҳоди прокурор, инчунин бо ташаббуси худ суд ҳуқуқ дорад дар асоси ақидаҳои тарафҳо бо таъиноти худ дар муддати таҳқиқи ҳолатҳое, ки ба судшавандаи ноболиғ таъсири манфӣ расониданашон мумкин аст, ӯро аз толори маҷлиси суд берун кунад. Баъди таҳқиқи ҳолатҳое, ки ба судшавандаи ноболиғ таъсири манфӣ расониданашон мумкин буд, ноболиғ оварда мешавад ва раисикунанда дар ҳаҷм ва андозаи зарурӣ ба ӯ мазмуни амалҳоеро, ки дар набудани ӯ доир гардидааст, хабар медиҳад ва ба ноболиғ имкон медиҳад, ки ба шахсони дар набудани ӯ пурсидашуда саволҳо диҳад.

Ҳангоми баровардани ҳукм дар ҳаққи судшавандаи ноболиғ суд ғайр аз масъалаҳои дар моддаи 335 КМҶ ҶТ зикршуда вазифадор аст масъалаи шартан аз озодӣ маҳрум кардан, таъини ҷазое, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, ҳамчунин аз ҷазо озод карданро дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 90 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намояд.

Дар ҳолатҳои шартан аз озодӣ маҳрум кардан, таъини чораи ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ ҷойгир кардан ва ё татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ суд ба комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ин бобат хабар медиҳад ва назорати рафтори маҳкумшударо ба зиммаи он мегузорад.

Тибқи моддаи 436 КМҶ ҶТ агар ҳангоми баррасии парванда оид ба ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна эътироф гардад, ки ноболиғи ҷинояти мазкурро содиркарда метавонад бе татбиқи чораҳои ҷазои ҷиноятӣ ислоҳ шавад, суд ҳуқуқ дорад парвандаро қатъ намуда, нисбат ба ноболиғ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии дар қисми 2 моддаи 89 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо татбиқ намояд. Нусхаи қарор ба комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва прокурор фиристода мешавад.

Инчунин тибқи моддаи 437 КМҶ ҶТ агар ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шавад, ки ислоҳи ноболиғи бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ имконпазир аст, суд ҳуқуқ дорад ҳукми айбдоркунанда бароварда, ӯро аз адои ҷазо озод намояд ва ба яке аз муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ равон кунад.

Дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани ноболиғ метавонад то ба синни балоғат расидан, ба шарте, ки бо сабаби ислоҳшавии ноболиғ ба татбиқи минбаъдаи чораҳои таъсиррасонии мазкур зарурат боқӣ намонад, қатъ карда шавад. Дароз кардани мӯҳлати дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани шахс пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ танҳо то давраи хатми таҳсилоти умумӣ ё омодагии касбӣ иҷозат дода мешавад. Масъалаи қатъ намудан ё дароз кардани мӯҳлати дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани шахс бо пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суди маҳалли зисти маҳкумшудаи ноболиғ дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз рӯзи ворид гардидани пешниҳод танҳо баррасӣ ва ҳал мекунад.

Ба маҷлиси суд маҳкумшудаи ноболиғ, намояндаи қонунии ӯ, ҳимоятгар, прокурор ва намояндаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак даъват карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони мазкур монеи баррасии парванда намегардад.

Дар маҷлиси суд пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳқиқ ва ақидаҳои шахсони иштироккунандаи парванда шунида мешаванд.

Аз натиҷаи баррасии парванда судя дар хонаи машваратӣ қарор қабул мекунад, ки он бояд дар маҷлиси суд эълон карда шавад.

Нусхаи қарор дар мӯҳлати панҷ шабонарӯз ба намояндаи қонунии маҳкумшудаи ноболиғ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, прокурор ва суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

Оид ба қарор шикоят ва эътироз кардан мумкин нест.

Ҳамин тавр, дар боби алоҳида ҷудо намудани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои ноболиғон имконият медиҳад, ки ба ин категорияи парвандаҳои ҷинояӣ диққати махсус дода шавад, зеро вобаста ба синну сол ноболиғон дар дарки дурурсти қонун метавонанд ба мушкилӣ дучор оянд.

Пешбурди парвандаҳо оид ба татбиқи

чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

Пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ мутобиқи қоидаҳои умумии КМҶ ҶТ ва бо дарназардошти муқаррароти боби 45 КМҶ ҶТ ба амал бароварда мешавад.

Мутобиқи қонун пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба шахсоне, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори хавфноки ҷамъиятӣ содир намудаанд ё баъди содир кардани ҷиноят ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудаанд, ки таъин ё иҷрои ҷазоро ғайриимкон мегардонад, анҷом дода мешавад. Чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ танҳо дар ҳолате таъин карда мешаванд, ки бемории рӯҳӣ барои худи шахс ё шахсони дигар хавф дошта бошад ва ё хавфи аз тарафи ӯ расонида шудани зарари ҷиддии дигар мавҷуд бошад.

Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бояд ҳолатҳои зерин исбот карда шаванд: вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои кирдори содиршуда; аз тарафи шахс содир гардидани кирдоре, ки бо қонуни ҷиноятӣ манъ шудааст; хусусият ва андозаи зараре, ки дар натиҷаи кирдори содиршуда расидааст; рафтори шахс то содир кардани ҷиноят ва баъди он; қаблан гирифтори бемории рӯҳӣ будани шахс, дараҷа ва хусусияти бемории рӯҳӣ дар лаҳзаи содир кардани ҷиноят ва пешбурди тафтиши пешакӣ; хавфи бемории рӯҳӣ барои худи шахс ё дигарон ва ё хавфи аз тарафи ӯ расонидани зарари дигари ҷиддӣ.

Дар сурати муқаррар кардани воқеияти бемории рӯҳии шахсе, ки нисбат ба ӯ дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчун чораи пешгирӣ татбиқ шудааст, дар асоси дархости прокурор бо иҷозати суд ба муассисаи махсусгардонидашудае, ки барои нигоҳ доштани ҳабсшудагон мувофиқ гардонида шудааст, гузаронида мешавад.

Дар муассисаи бемориҳои рӯҳӣ ҷойгир намудани шахсе, ки ба ҳабс гирифта нашудааст, аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.

Агар ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятии гурӯҳи ашхос муқаррар гардад, ки яке аз онҳо дар ҳолати номукаллафӣ ҷиноят содир кардааст ё баъди содир кардан ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ барои тафтиши алоҳида ҷудо карда мешавад.

Шахсе, ки нисбат ба ӯ парванда оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад, агар мувофиқи хулосаи экспертизаи судию равонпизишкӣ хусусият ва вазнинии бемории ӯ ба ин монеъ нагардад, метавонад ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 47 қонуни мурофиавии ҷиноятиро истифода барад.

Хешовандони наздики шахсе, ки нисбат ба ӯ парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад, бо қарори муфаттиш ё прокурор ва ё таъиноти суд намояндаи қонунии шахси мазкур дониста мешавад ва барои иштирок дар парванда ҷалб карда мешавад. Намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад: донад, ки шахсе, ки ӯ намояндагӣ мекунад, дар содир кардани кадом кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъшуда гунаҳгор дониста мешавад; дархост ва раддияхо баён кунад; далелҳо пешниҳод намояд; бо иҷозати муфаттиш дар амалҳои тафтишӣ, ки бо дархости ӯ ё ҳимоякунанда гузаронида мешаванд, иштирок кунад; бо протоколҳои амалҳои тафтишӣ, ки дар онҳо иштирок кардааст, шинос шавад ва мулоҳизаҳои худро доир ба дуруст ва пуррагии сабти онҳо хаттӣ баён намояд; баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳар гуна маълумотро ба ҳар андоза навишта гирад; нусхаи қарорро доир ба қатъи парванда ё ба суд барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ равон кардани парвандаро гирад; дар мурофиаи суд иштирок намояд; аз амалҳои муфаттиш, прокурор ва суд шикоят кунад; аз таъиноти суд шикоят пешниҳод намояд ва нусхаи қарорҳои шикоятшавандаро гирад; шикоятҳо ва эътирозҳои оид ба парванда овардашударо донад ва норозигии худро доир ба онҳо пешниҳод кунад; дар баррасии судии шикоятҳо ва эътирозҳо иштирок намояд.

Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз лаҳзаи муқаррар шудани далели номукаллафӣ ё бемории рӯҳии шахсе, ки нисбат ба ӯ тафтиш гузаронида мешавад, агар ҳимоятгар пештар аз рӯи асосҳо дигар дар парванда иштирок накарда бошад, ҳатмист.

Ҳимоятгар аз лаҳзаи ба пешбурди парванда шомил шудан ба мулоқоти рӯбарӯ бо ҳимояшаванда ҳуқуқ дорад, ба шарте, ки вазъи саломатии ҳимояшаванда ба ин монеъ нагардад, ҳамчунин ҳақ дорад аз ҳамаи ҳуқуқҳои дигаре, ки дар моддаи 53 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, истифода барад.

Пас аз анҷом додани тафтиши пешакӣ муфаттиш яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад: 1) дар бораи қатъи парванда-дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 КМҶ ҶТ, ҳамчунин вақте ки бемориҳои рӯҳӣ ба худи шахс ё шахсони дигар хавфнок нестанд ё имкони расонидани зарари дигари ҷиддӣ надоранд; 2) дар бораи равон кардани парванда ба суд барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ.

Муфаттиш шахсеро, ки нисбат ба ӯ тафтиши пешакӣ гузаронида шудааст, ба шарте, ки ӯ бинобар вазъи рӯҳии худ дар амалҳои тафтишӣ иштирок карда тавонад, намояндаи қонунӣ ва ҳимоятгари ӯ, ҳамчунин ҷабрдидаро оид ба қатъи пешбурди парванда ё ба суд фиристодани парванда хабардор мекунад. Муфаттиш ҳуқуқи иштироккунандагони зикршудаи мурофиаро дар хусуси шинос шудан бо маводи парванда мефаҳмонад ва хабар медиҳад, ки дар куҷо ва кай онҳо ин ҳуқуқро истифода бурда метавонанд. Тартиби шинос шудан бо парванда, аризаҳо ва ҳалли дархост доир ба пурра намудани тафтиш дар асоси моддаҳои 240-243 КМҶ ҶТ муайян карда мешавад.

Дар қарор дар бораи ба суд равон кардани парванда барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ баён карда мешавад: ҳолатҳои дар моддаи 439 КМҶ ҶТ зикрёфта ва далелҳои оид ба парванда муқарраршуда; асосҳо барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ; ваҷҳҳои ҳимоятгар ва дигар шахсон, ки асосҳои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ мавриди баҳс қарор додаанд, ба шарте, ки изҳор шуда бошанд.

Муфаттиш парвандаро бо қарори ба суд равон кардан ба прокурор месупорад, ки ӯ парвандаро омӯхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад: 1) қарори муфаттишро тасдиқ карда, парвандаро ба суд равон мекунад; 2) парвандаро ба муфаттиш барои гузаронидани тафтиши иловагӣ бармегардонад; 3) парвандаро бо асосҳое, ки дар қонун зикр шудаанд, қатъ мекунад.

Нусхаи қарори ба суд равон кардани парванда барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ба намояндаи қонунӣ супорида мешавад.

Баъди ба суд ворид гардидани парванда дар хусуси татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ судя баррасии онро дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 31 КМҶ ҶТ таъин мекунад.

Баррасии парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо иштироки ҳатмии прокурор ва ҳимоятгар анҷом дода мешавад. Тафтиши судӣ аз тарафи прокурор бо баёни далелҳои зарурати татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба шахсе, ки номукаллаф дониста ё ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, оғоз меёбад. Тафтиши далелҳо ва мубоҳисаҳои тарафҳо аз рӯи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда сурат мегирад.

Дар ҷараёни мурофиаи суд бояд масъалаҳои зерин тафтиш ва ҳал карда шаванд:

— оё кирдори бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда вуҷуд дошт;

— оё шахсе, ки дар хусуси ӯ парванда баррасӣ мешавад, кирдорро содир кардааст;

— оё шахсе, ки дар ҳаққи ӯ парванда баррасӣ мешавад, кирдорро дар ҳолати номукаллафӣ содир кардааст;

— оё шахси мазкур баъди содир кардани ҷиноят ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, ки таъин ё иҷрои ҷазоро номумкин мегардонад;

— оё бемории рӯҳии шахс ба худи ӯ ё шахсони дигар хавф дорад ва ё имкони расонидани зарари дигари ҷиддӣ ба онҳо мавҷуд аст;

— оё татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ зарур аст ва маҳз кадоме аз онҳо.

Суд ҳамчунин масъалаҳоеро, ки дар сархатҳои даҳум, ёздаҳум ва сенздаҳуми моддаи 335 КМҶ ҶТ зикр шудаанд, ҳал мекунад.

Суд бо эътирофи исбот шудани ин ки ҷиноят аз тарафи шахси мазкур дар ҳолати номукаллафӣ содир шудааст ё ин шахс баъди содир намудани ҷиноят ба бемории рӯҳие гирифтор шудааст, ки таъин ё иҷрои ҷазоро номумкин гардонидааст, мутобиқи моддаҳои 24 ва 98 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба озод кардани ин шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо ва дар бораи нисбат ба ӯ татбиқ кардани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ва маҳз кадом чора таъинот мебарорад.

Агар шахс мувофиқи вазъи рӯҳии худ хавфнок набошад ё аз тарафи ӯ кирдори начандон вазнин содир шуда бошад, суд доир ба қатъи пешбурди парванда ва дар хусуси татбиқ накардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ қарор мебарорад.

Агар суд эътироф намояд, ки иштироки шахси мазкур дар содир кардани кирдор исбот нашудааст, ҳамчунин дар сурати муқаррар намудани ҳолатҳои дар моддаҳои 27 ва 28 КМҶ ҶТ пешбинишуда, суд доир ба қатъи пешбурди парванда аз рӯи асоси аз ҷониби он муқарраргардида, сарфи назар аз вуҷуд доштани беморӣ ё хусусияти бемории шахс қарор мебарорад.

Дар сурати қатъи пешбурди парванда бо асосҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 449 КМҶ ҶТ зикр шудаанд, нусхаи қарори суд дар мӯҳлати панҷ шабонарӯз ба мақомоти тандурӯстӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи табобат ё ба муассисаи равонпизишкии таъминоти иҷтимоӣ фиристодани шахсоне, ки ба ёрии равонпизишкӣ мӯҳтоҷанд, фиристода мешавад.

Агар собит шуда бошад, ки бемории рӯҳии шахсе, ки нисбат ба ӯ парванда баррасӣ мешавад, муқаррар нашудааст ё бемории шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, татбиқи чораҳои ҷазоро нисбат ба ӯ бартараф накунад, суд бо қарори худ парвандаро барои гузаронидани тафтиши иловагӣ бармегардонад.

Дар қарори суд масъалаҳое, ки дар моддаи 347 КМҶ ҶТ зикр шудаанд, ҳал мегарданд.

Ба таъиноти суд ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, намояндаи қонунӣ ё хешованди наздики шахсе, ки нисбат ба ӯ парванда баррасӣ гардид, шикоят карда метавонанд, ҳамчунин прокурор метавонад бо тартиби кассатсионӣ мувофиқи қоидаҳои дар боби 38 КМҶ ҶТ баёншуда эътироз оварад.

Суд бо пешниҳоди маъмурияти муассисае, ки ёрии равонпизишкӣ мерасонад ва хулосаи комиссияи равонпизишкон татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро қатъ менамояд, тағйир медиҳад ё мӯҳлати онро шаш моҳи дигар дароз мекунад.

Масъалаҳои қатъ намудан, тағйир додан ва ё дароз кардани мӯҳлати татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз тарафи суде, ки дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ қарор баровардааст ё аз ҷониби суди маҳалли татбиқи ин чора дастаҷамъона баррасӣ карда мешаванд.

Суд дар бораи таъин кардани парванда барои дида баромадан дар маҷлиси суд ба намояндаи қонунии шахсе, ки нисбат ба ӯ чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст, маъмурияти муассисаи тиббӣ, ҳимоятгар ва прокурор хабар медиҳад. Иштироки ҳимоякунанда ва прокурор дар маҷлиси суд ҳатмӣ буда, ҳозир нашудани дигар шахсон монеи баррасии парванда намегардад.

Дар маҷлиси суд пешниҳоди муассисаи тиббӣ, фикри комиссияи равонпизишкон таҳқиқ карда, ақидаи иштироккунандагони маҷлис шунида мешавад. Агар хулосаи комиссияи равонпизишкон мавриди шубҳа қарор гирад, суд бо дархости шахсони дар маҷлис иштироккунанда ё бо ташаббуси худ метавонад экспертизаи судию равонпизишкӣ таъин намояд, ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб карда гирад, ҳамчунин шахсеро, ки нисбат ба ӯ масъалаи қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардани мӯҳлати татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ баррасӣ мегардад, ба шарте, ки ин кор аз рӯи вазъи рӯҳии ӯ имконпазир бошад, пурсиш намояд.

Суд чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар сурати чунин вазъи рӯҳии шахс, ки ба татбиқи чораи пештар таъиншуда зарурат боқӣ намонда бошад ё зарурати таъини чораи дигари дорои хусусияти тиббӣ ба миён ояд қатъ мегардонад ё тағйир медиҳад. Суд мӯҳлати табобати маҷбуриро дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои қатъ намудан ё тағйир додани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дароз мекунад.

Дар бораи қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардан, ҳамчунин дар бораи радди қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардани мӯҳлати татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ суд дар хонаи машваратӣ таъинот мебарорад ва онро дар маҷлиси суд эълон мекунад.

Агар шахсе, ки нисбат ба ӯ бинобар гирифтор шуданаш ба бемории рӯҳӣ баъди содир кардани ҷиноят чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст, аз ҷониби комиссияи равонпизишкон шифоёфта эътироф гардад, суд дар асоси хулосаи муассисаи тиббӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 400 Кодекси мазкур оид ба қатъи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъинот мебарорад ва масъаларо доир ба гузаронидани таҳкиқ ё тафтиши пешакӣ, ҷалби шахси мазкур ҳамчун айбдоршаванда ва бо тартиби умумӣ ба суд додани парвандаро ҳал мекунад.

Вақти дар муассисаи табобат гузаронида ба мӯҳлати адои ҷазо ҳисоб карда мешавад.

7 Загрузки

Добавьте свою тему на этой странице используя нижнюю форму

Returning user?
Напишите название вашей темы
Выберите категорию вашей темы
Cкопируйте свою тему контента
Proudly brought to you by BuddyForms

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон …

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Нажмите, чтобы оценить этот пост! [Весь: 0 Средний: 0]  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *