Главная / Ҳуқуқ / Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

Click to rate this post!
[Total: 0 Average: 0]

 

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон ба шакли омехтаи мурофиа дохил мешавад. Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ на танҳо дар КМҶ (дар редаксияи оли 1987 бо тағйиротҳо), балки дар Қонун дар бораи сохтори судӣ, Қонун дар бораи судҳо оид ба парвандаҳои ноболиғон ва дигар қонунҳо муқаррар шудаанд.

Одатан пешбурди парвандаро ба се марҳилаи асосӣ ҷудо мекунанд: 1) тафтишоти пешакӣ, 2) предварительное слушание; 3) муҳокимаи судӣ.

Инчунин, дар қонун марҳилаҳои шикоят овардан бо тартиби кассатсионӣ ва ревизионӣ, аз нав сар кардани баррасии парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида ва иҷроиши ҳукм пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятии Олмон мурофиаи суръатнок пешбинӣ шудааст. Дар фарқият аз пешбурди оддӣ ҳангоми мурофиаи суръатнок предварительное слушание гузаронида намешавад. Прокурор ҳуқуқ дорад бевосита дар муҳокимаи судӣ айбдоркуниро дар назди суд даҳонӣ баён кунад, ки он дар протоколи маҷлиси судӣ қайд мегардад. Пешбурди суръатноки парванда танҳо бо шартҳои зерин имконпазир аст: парванда ба судяи танҳо ё ба суд бо иштироки машваратчиён тобеият дошта бошад; ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ на зиёда аз як сол пешбинӣ шуда бошад; пешбурди парванда хеле оддӣ буда, шахсро ҳамон лаҳза маҳкум кардан мумкин бошад.

Боз як намуди пешбурди кӯтоҳкардашуда ҷараёни қабул намудани «фармон дар бораи ҷазо» мебошад. Дар ин ҳолат муҳокимаи судӣ гузаронида намешавад, ба ҷои ҳукм бошад, судя танҳо дар асоси маводҳои парванда бо дархости прокурор, фармон дар бораи ҷазоро мебарорад.

Ариза дар бораи ҷиноят ба прокуратура, мақомоти политсия ё суди участкавӣ дода мешавад. Аммо агар мақомоти политсия ва суд амалҳои зарурии мурофиавиро гузаронанд, ки иҷро накардани онҳо метавонист минбаъд тафтишотро мушкил гардонад ва баъд тамоми маводҳоро ба прокурор диҳанд, прокурор вазифадор аст дар ҳама ҳолат масъалаи зарурати оғози айбдоркуниро ҳал кунад.

Тафтишоти пешакӣ аз ҷониби прокурор, политсия ва судяи тафтишӣ амалӣ мегардад. Прокурор ба тафтишот роҳбарӣ мекунад ва бевосита худаш метавонад тафтишотро дар ҳаҷми пурра гузаронад. Маҳз прокурор ӯҳдадор аст ҳамаи ҳолатҳои парвандаро таҳқиқ кунад. Аммо дар амалия иштироки шахсии прокурорҳо танҳо ҳангоми тафтишоти ҷиноятҳои вазнин дида мешавад. Барои ҳал намудани масъалаи зарурати пешниҳод кардани айб дар назди суд прокурор шоҳидон, экспертҳо, айбдоршавандаро такроран мепурсад, барои гузаронидани кофтуков, гирифтан ва дигар амалҳои тафтишӣ супориш медиҳад, ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдоштаро муайян мекунад. Прокурор дар мурофиа тарафи мурофиа ҳисобида намешавад. Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ прокурор вазифадор аст на танҳо ҳолатҳои вазнинкунандаи гуноҳ, балки ҳолатҳои сабуккунандаи гуноҳро низ муайян кунад.

Айбдоркунанда шахсе мебошад, ки нисбати ӯ мурофиаи ҷиноятӣ гузаронида мешавад. Чунин вазъи мурофиавиро шахс мавриде соҳиб мегардад, ки вай ба сифати айбдоршаванда пурсида шавад ё прокурор ба суд дархост мекунад, ки нисбати ягон шахс амалҳои мурофиавиро гузаронад. Айбдоршаванда метавонад дар ҳар лаҳзаи пешбурди парванда аз ёрии ҳимоятгар истифода барад. Ба сифати ҳимоятгарон адвокатҳо ва муаллимони ҳуқуқ, ки дар муассисаҳои олии таълимӣ кор мекунанд, баромад карда метавонанд. Инчунин, якҷоя бо онҳо дар як мурофиа бо иҷозати суд ба сифати ҳимоятгарон дигар шахсон низ баромад карда метавонанд. Ҳимоятгар дар мурофиаи ҷиноятии Олмон намояндаи яктарафа набуда, мақомоти мустақили адолати судӣ мебошад, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Мақомотҳо ва шахсони мансабдори политсия бо супориши прокурор метавонанд тафтишоти парвандаро дар ҳаҷми пурра гузаронанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҳамаи далелҳои дахлдоштаро ҷамъ кунанд, айбдоршаванда ва шоҳидонро пурсанд, эксперҳоро ҷалб намоянд ва ғайра.

Политсия мустақилона тарзҳо ва ҳаҷми тафтишотро муайян мекунад, агар дар ин бора фармоиши прокуратура мавҷуд набошад. Барои пешгири намудани пинҳон кардани ҷиноят политсия вазифадор аст, фавран аз лаҳзаи ба ӯ маълум шудани ҳодисаи ҷиноят фармоиши прокурорро мунтазир нашуда, тамоми чораҳои фавриро андешад. Мақомоти политсия ҳуҷҷатҳоеро, ки дар рафти тафтишот гирифтааст бояд фавран ба прокуратура равон кунад. Аммо нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин ва камаҳамият бошад политсия тафтишотро қарибки мустақилона мебарад. Бо анҷом ёфтани тафтишот парванда ба прокурор равон карда мешавад. Ба зимаи политсия инчунин иҷроиши бевоситаи чораҳои маҷбуркунӣ гузошта шудааст.

Судя дар вақти тафтишоти пешакӣ барои татбиқ намудани чораҳои маҷбурие, ки ба озодии шахс дахолат мекунад вакалатҳои муҳими истисноӣ дорад. Барои ба хабс гирифтани шахс прокурор танҳо ба суд барои қабули кардани фармони баҳабсгирӣ дархост карда метавонад. Танҳо дар асоси фармони судя дар бораи баҳабсгирӣ, айбдоршавандаро ба ҳабс гирифтан мумкин аст. Шахси ба ҳабс гирифташуда бояд фавран ба назди судяи салоҳиятдор оварада шавад ва судя вазифадор аст на дертар аз рӯзи оянда пурсиши ҳабсшударо вобаста ба айби пешниҳодшуда гузаронад. Ҳангоми дастгир кардани шахс низ ӯ на дертар аз рӯзи оянда бояд ба назди судя оварда шавад, ки судя пурсиши онро мегузаронад ва масъалаи қабул намудани фармони баҳабсгирӣ ё фармон дар бораи озод кардани шахси дастгиршударо ҳал мекунад. Ба ҳабс гирифтани шахс ҳамчун чораи пешгирӣ ба мӯҳлати то шаш моҳ ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба мӯҳлати то як сол татбиқ карда мешавад. Шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқ дорад татбиқи ин чораро ба суди болоӣ шикоят кунад.

Татбиқ кардани дигар чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ низ ба салоҳияти суд дохил карда шудааст. Танҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир прокурор ва политсия метавонанд бе фармони судя намудҳои ҷудогонаи ёфта гирифтан, шаҳодаткунонӣ, кофтуковро гузаронанд.

Дар ҳолатҳои муайян прокурор метавонад бо иҷозати суд ё мутақилона аз таъқиби ҷиноятӣ даст кашад. Масалан, ҳангоми пушаймон шудани айбдоршаванда аз кирдори содирнамудааш, ки барои ин кирдор ҷазои хеле сабук пешбинӣ шудааст ё масалан, вақте ки шахс бо шарти озод шудан аз ҷавобгарӣ, дар бораи аз тарафи шахси муайян содир намудани ҷинояти вазнин (масалан, терроризм) шоҳидӣ медиҳад.

Тафтишот бо тартиб додани хулосаи айбдоркунӣ ва равон кардани парванда ба суд ба анҷом мерасад, агар прокурор натиҷаи тафтишотро барои пешниҳод кардани айбдоркунии оммавӣ ва маҳкумкунӣ кофӣ ҳисобад. Дар ҳолати баракс прокурор мурофиаро қатъ мекунад. Қатъ намудани мурофиаро шахси ҷабрдида ё шахсе, ки барои бурдани таъқиби ҷиноятӣ дархост кардааст, метавонанд ба прокурори болоӣ шикоят намоянд. Дар ҳолати рад кардани шикоят шахсони мазкур ҳуқуқ доранд ба суд барои қабул кардани қароре, ки прокурорро ба пеш бурдани айбдоркунӣ маҷбур мекунад, дархост кунанд.

В предварительной слушании не решается вопрос о виновности. Дар ин қисми мурофиа суд баъд аз бо хулосаи айбдоркунӣ гирифтани парванда, ӯҳдадор аст чуқур санҷад, ки оё натиҷаи тафтишот барои айбдор кардани шахс дар содир намудани ҷиноят асоси кофиро медиҳад ё не. Ба айбдоршаванда нусхаи хулосаи айбдоркунӣ супорида мешавад ва аризаву дархостҳо ҳар карда мешаванд. Бо мақсади хубтар таҳқиқ намудани ҳолатҳои парванда суд ҳуқуқ дорад далелҳои ҷудогонаро талаб намояд ё ба прокурор (политсия) пешниҳод намудани далелҳои заруриро супориш диҳад. Агар суд ба хулоса ояд, ки асосҳо кофиянд, онгоҳ қарор дар бораи кушодани муҳокимаи судӣ ва ба муҳокимаи судӣ роҳ додани айбдоркуниро қабул мекунад. Суд ҳангоми мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқӣ ва нокифоя будани асосҳои айбдоркунӣ ҳуқуқ дорад ба прокурор кушодани муҳокимаи судиро рад кунад. Суд инчунин, метавонад пешбурди парвандаро боздорад. Баъд аз қабули қарор дар бораи кушодани муҳокимаи судӣ, вале то оғози муҳокима, агар асосҳои зарурӣ мавҷуд бошанд суд метавонад пешбурди парвандаро қатъ намояд. Мутобиқи қонун барои қатъ намудани пешбурди парванда камаҳамият будани ҷиноят, пардохт намудани ҷуброни зарари расонидашуда аз ҷониби айбдоршаванда ва монанди инҳо асос шуда метавонанд.

Вобаста аз мураккабии парванда баррасии он аз ҷониби суди участкавӣ аз ҷониби судя танҳо ё дар ҳайати як нафар судяи касбӣ (агар парванда калонҳаҷм бошад ду нафар) ва ду нафар машваратчиён баррасӣ мегардад. Дар судҳои заминӣ парванда дар зинаи якум аз ҷониби палати калон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҳайати се нафар судяи касбӣ ва ду нафар машваратчиён баррасӣ мегардад. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби палатаи калон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҳамон ҳайъат баррасӣ мегардад, вале тибқи анъана он суди ҳакамӣ (Schwurgericht) номида мешавад, ҳарчанд хусусиятҳоеро, ки ба судҳои ҳакамӣ хосанд надорад.

Дар суди Олии заминҳо аз ҷониби Сенат оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҳайати панҷ нафар судяи касбӣ парвандаҳо нисбати ҷиноятҳои давлатӣ баррасӣ мегардад.

Муҳокимаи судӣ нисбат ба тафтиши пешакӣ таҳқиқи нав ва мустақилонаи ҳолатҳои парванда мебошад. Ҳаҷми таҳқиқ дар чорчубаи айбдоркуние, ки ҳангоми кушодани муҳокимаи судӣ пешниҳод шудааст, маҳдуд карда шудааст. Суд ҳуқуқ дорад ҳар як фактеро, ки барои ҳалли парванда аҳамият дорад, таҳқиқ кунад ва мустақилона тамоми воситаҳои иҷозатдодашудаи исботкуниро истифода барад. Муҳокимаи судӣ бо принсипҳои ошкоро, даҳонӣ, бевосита таҳқиқ намудани далелҳо ва баҳо додани онҳо аз рӯи ақидаи ботинӣ асос ёфтааст.

Муҳокимаи судӣ бо эълон намудани парвандаи баррасишаванда оғоз меёбад. Сипас раисикунанда ҳозир будани судшаванда, ҳимоятгар, шоҳидон ва экспертҳо, инчунин маълумотҳоеро, ки шахсияти судшавандаро тасдиқ мекунанд, муайян мекунад. Прокурор хулосаи айбдоркуниро қироат мекунад. Сипас судшаванда ҳуқуқ дорад айбдоркуниро рад намуда, дар рафти пурсиш тамоми фактҳоеро, ки ӯро сафед мекунанд, пешниҳод намояд. Суд бояд нишондоди судшавандаҳо, шоҳидон ва экпертҳоро шунавад. Ошкор кардани нишондодҳои қаблан додашуда, танҳо дар ҳолатҳои маҳдуд имконпазир аст. Суд ӯҳдадор аст далелҳои шайъиро низ таҳқиқ намояд. Дар рафти тафтиши судӣ, суд, айбдоркунанда, ҳимоятгар бояд тамоми далелҳои заруриро муайян кунанд.

Дар рафти муҳокима суд бояд воситаҳои исботкуниеро, ки бояд истифода нагарданд пешгирӣ намояд. Қонун ҳуқуқи иштирокчиёнро барои пешниҳоди далелҳо кафолат дода, асосҳои рад кардани дархост оиди роҳ додан ё талаб намудани далелҳоро пурра танзим намудааст. Баъд аз ҳар як амали тафтишӣ ба судшаванда, ҳимоятгар ва прокурор имконияти додани баёнотро пешниҳод намудааст. Бо тамом шудани тафтиши судӣ прокурор ва ҳимоятгар нутқи охирон мегуянд. Ба судшаванда сухани охирин дода мешавад. Баъд аз ин суд барои маҷлис ва овоздиҳӣ меравад. Қарор вақте қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар аз нисф зиёди судяҳо барои қабул шудани он овоз дода бошанд. Муҳокимаи судӣ бо «аз номи халқ» эълон кардани ҳукми айбдоркунанда ё сафедкунанда анҷом меёбад.

Барои шикоят овардан ба ҳукм қонун ду имконият медиҳад: пешбурди кассатсионӣ (Berufung) ва пешбурди ревизионӣ (Revision).

Фарқият байни ин тарзҳои шикоят аз он иборат аст, ки дар пешбурди кассатсионӣ ҳам дурурст татбиқ шудани қонун ва ҳам дуруст будани ҳолатҳои воқеии парванда, ки муайян карда шудаанд, санҷида мешаванд.

Ҳангоми санҷидани ҳукм бо тартиби ревизионӣ бошад ҳолатҳои воқеӣ муқарраршуда ҳисоб меёбанд ва онҳо таҳти санҷиш қарор дода намешаванд. Бо ин тартиб танҳо факти аз ҷониби суди поёнӣ вайрон кардани қонуни мурофиавӣ ё моддӣ, санҷида мешавад.

Фарқияти дигари байни кассатсия ва ревизия вобаста аз он, ки ҳукмро кадом суд баровардааст муайян карда мешавад. Кассатсия танҳо нисбати ҳукмҳои суди участкавӣ, ки аз ҷониби судя танҳо ё бо иштироки машваратчиён қабул шудааст, имконпазир аст. Дар баъзе ҳолатҳо суд метавонад қабул кардани шикояти кассатсиониро рад кунад, масалан, ҳангоми маҳкум шудан бо ҷарима ба андозаи начандон зиёд.

Нисбати қарори суди зинаи кассатсионӣ бо тартиби ревизия ба суди болоӣ шикоят кардан мумкин аст. Ҳукмҳои суди заминҳо ва суди олии заминҳоро танҳо бо тартиби ревизионӣ санҷидан мумкин аст.

Ба таъиноти судҳо ва қарори раисикунанда шикоятҳои хусусӣ пешниҳод карда мешаванд.

Баъд аз баррасии шикояти кассатсионӣ ё ревизионӣ ҳукм ба қувваи қонунӣ медарояд ва он танҳо ҳангоми аз нав сар кардани баррасии парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида, бекор шуданаш мумкин аст.

Тағйиротҳое, ки солҳои охир ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дохил карда шудаанд барои пурзур кардани мубориза бар зидди ҷинояткориҳои мутташакил ва суръатнок намудани мурофиаи ҷиноятӣ равона гардидаанд. Масалан, дар қонун шарт ва тартиби истифодабарии маълумотҳои зерин муайян карда шудааст:

1) маълумотҳои компютерие, ки аз ҷониби шахсон ва ташкилотҳои гуногун ҷамъ оварда шудаанд;

2) маълумотҳое, ки бо истифодаи воситаи техникӣ ба даст оварда шудаанд, аз ҷумла, шунидани гуфтугӯи телефонӣ, бо истифодабарии воситаҳои электронӣ, тайёр намудани расм;

3) маълумотҳое, ки бо ёрии агенти пинҳонӣ гирифта шудаанд.

Ба ғайр аз ин бо мақсади соддатар кардани мурофиаи ҷиноятӣ ваколатҳои прокрор оид ба қатъ намудани парванда васеъ карда шудааст, имконияти шикоят овардан ҳангоми маҳкум намудан ба маблағи начандон зиёд маҳдуд гардидааст, салоҳияти судҳои зинаи якум васеъ карда шудааст.

6 Загрузки

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Click to rate this post! [Total: 0 Average: 0]  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *