Главная / Мавзухои точики / Шартнома (қарордод)- и меҳнатӣ

Шартнома (қарордод)- и меҳнатӣ

Click to rate this post!
[Total: 0 Average: 0]

Мафҳум, нақш ва намудҳои шартнома (карордод)- и меҳнатӣ

Мувофиқи моддаи 26 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ — созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос, ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Тавассути шартномаи (карордоди) меҳнатӣ ҳуқуқи конститутсионии ба меҳнат доштаи шаҳрвандон амалӣ гашта, муносибатҳои меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд ва мақоми коркун муайян карда мешавад.

Тарафҳо ҳангоми ба имзо расонидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқи баробар мебошанд.

Маҷбур намудан барои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси меҳнатӣ ҶТ, дигар қонунҳо ва ё ӯҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинӣ намудаанд, мумкин нест.

Рад кардани беасос бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо кормандоне, ки аз ҷониби хадамоти шуғли давлатӣ аз ҳисоби квота, брон ба кор фиристода шудаанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар кодекс ва дигар қонунҳо муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.

Рад кардани бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест.

Бо талаби корманд ва ё мақоми манфиатдор корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи кодекси мазкур ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.

Пеш аз бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун метавон шартҳои иловагӣ гузошта шаванд (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа).

Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан – тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва дар давраи фориғӣ аз кори (мансаби) асосӣ иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии муздаш пардохтшаванда мумкин аст.

Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷои кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ӯ ба корфармо бояд дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷат дар бораи маълумотро пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зараровару хатарноки шароити меҳнатӣ қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд ӯҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва характери шароити меҳнат дар ҷои кори асосӣ маълумот пешниҳод намояд.

Хусусиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омӯзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Аз рӯи мӯҳлати амал мутобиқи моддаи 31 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои меҳнатӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

— ба мӯҳлатҳои номуайян;

— ба мӯҳлати муайян (на бештар аз 5 сол);

— барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда, ки мутобиқи кодекс ҷои кораш нигоҳ дошта мешавад;

— ба мӯҳлати иҷрои кори муайян;

— барои иҷрои корҳои мавсимӣ;

Шартномаҳои (қарардодҳои) меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешаванд, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), аммо на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.

Агар дар шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ мӯҳлати амали он нишон доданашуда бошад, пас шартнома ба мӯҳлати номуайян басташуда ҳисоб гардида, бидуни розигии корманд аз нав барои мӯҳлати муайян баста намешавад.

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мӯҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавнд, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун бастани шартнома барои мӯҳлати номуайян имконнопазир бошад.

§ 2. Мазмуни шартномаи (карордоди) меҳнатӣ

Мазмуни шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ гуфта, маҷмӯи шарту шароитҳои шартномаро меноманд, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафҳои онро муайян месозанд. Мазмуни шартномаи (карордоди) меҳнатӣ бо созиши тарафҳо, қонунҳо ва дигар санандҳои меъёрӣ муайян карда мешавад.

Дар матни шартномаи (карордоди) меҳнатӣ ҷои кор, функсияи меҳнатӣ (кор аз рӯи касб, ихтисос, квалификатсия ё мансаб), рӯзи оғози кор, мӯҳлати амали шартномаи (карордоди) меҳнатӣ, андозаи ҳаққи меҳнат, давомият ва реҷаи вақти кор, давомияти рухсатии меҳнатӣ ва дигар шартҳо бояд инъикос ёбанд, ки ба сифати шартҳои зарурӣ шартнома эътироф шудаанд.

Шартномаи (карордоди) меҳнатӣ чунин шартҳои иловагиро низ дар худ таҷассум карда метавонад:

— оиди муқаррар намудани санҷиш;

— оиди давомияти вақти нопурраи корӣ;

— оиди таъмин бо манзил ва ғайра.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созишномаи тарафайн муқаррар гардида ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, наметавонад аз се моҳ бештар бошад.

Дар давраи санҷиш амали санади қонунгузорӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат ба корманд татбиқ мегардад.

Санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудани ашхоси синнашон ба ҳаждаҳ нарасида, мутахассисони ҷавон, ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар, инчунин ҳангоми тибқи озмун ба кор қабул намудан муқаррар карда намешавад.

Давраи муваққатан гум кардани қобиляти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набуд, ба ҳисоби мӯҳлати санҷиш дохил намегарданд.

Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани қайд чунин ҳисоб мешавад, ки корманд бидуни санҷиши пешакӣ ба кор қабул карда шудааст.

Агар пас аз гузашти мӯҳлати санҷиш ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ изҳороте надиҳанд, пас амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ роҳ дода мешавад.

§ 3.Тартиби умумии бастани шартномаи (карордоди) меҳнатӣ

Шартномаи меҳнатӣ метавон хаттӣ ва ё шифоҳӣ баста шавад, қарордод бошад танҳо ба шакли хаттӣ баста мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии дар шакли хаттӣ басташуда дар ду нусха тартиб додашуда, ба он тарафҳо имзо мегузоранд. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд дода мешавад, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.

Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;

1) дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);

2) шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд);

3) ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрӣ;

4) барои ӯҳдадорони ҳарбӣ – билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ.

Корфармо ҳуқуқ надорад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар ҳуҷҷатро талаб намояд.

Ба кор қабул намудан бо фармони (амри) роҳбари ташкилот ё шахси ваколатдори ӯ ба расмият дароварда мешавад.

Фармон (амр) ба корманд бо гузоштани имзо эълон карда мешавад.

Амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз рӯзи оғози воқеии кор шурӯъ мегардад. Агар корманд дар сурати мавҷуд набудани шартномаи (қарордоди) хаттии меҳнатӣ бо огоҳии корфармо амалан ба кор шурӯъ карда бошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯзи оғози кор баимзорасида ҳисоб шуда, бояд дар давоми се рӯзи оғози кор ба расмият дароварда шавад.

§ 4. Ба кори дигар гузаронидани корманд

Ба дигар кори доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнатӣ дар созишномаи тарафҳо муайяншуда хеле тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан ҳисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.

Розигии корманд барои дар худи ҳамон ташкилот ба дигар кор гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба маҳалли дигар, ҳатто якҷоя бо ташкилот гузаронидан ҳам, бояд ба таври хаттӣ гирифта шавад.

Дар худи ҳамон ташкилот ба ҷои дигари кор гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ҳисоба намешавад ва розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатиаш аст, гузаронад.

Агар давом додани кор аз рӯи вазифаи меҳнатӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар гардидааст, бо сабабҳои объективӣ, ки қонун пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад, корфармо вазифадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавҷуд аст, пешниҳод намояд. Ҳангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба кори дигар, амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад дар асосҳои умумӣ қатъ гардад.

Ба кори дигар гузаронидани корманд маънои онро дорад, ки ҷои кор, функсияи меҳнатӣ (касб, ихтисос, квалификатсия, мансаб) ва дигар шароитҳои муҳими шартномаи меҳнатӣ тағйир меёбад.

Вобаста ба мӯҳлат, ба кори дигар гузаронидани коркун ба ду намуд ҷудо мешавад:

1) гузаронидан ба кори дигари доимӣ;

2) гузаронидан ба кори дигари муваққатӣ.

Ба кори дигари доимӣ гузаронидан дар худи ҳамин корхона, ба корхонаи дигар ва ба кори маҳалли дигар дар якҷоягӣ бо корхона сурат гирифтанаш мумкин мебошад. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ танҳо бо ризоияти коркун имконпазир аст.

Ба кори дигари муваққатӣ гузаронидани коркун низ ҳамчун қоида бо ризоияти коркун амалӣ шуданаш мумкин аст, ба ғайр аз мавридҳои пешбинӣ — намудаи қонун, аз ҷумла, ҳангоми бекорӣ ва зарурияти истеҳсолӣ.

Ҳангоми бекорӣ, коркун бо назардошти касб, ихтисос ва квалификатсия ба кори дигар дар ҳамон корхона, дар тамоми давраи бекорӣ ва ба корхонаи дигари дар ҳамон маҳал воқеъбуда, ба мӯҳлати на зиёда аз як моҳ гузаронида мешавад, агар шартномаи коллективӣ дигар мӯҳлатро муқаррар накарда бошад.

Тибқи қонунгузории ҷорӣ зарурияти истеҳсолӣ дар ду маврид ҷой дошта метавонад:

1) дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва ғайричашмдошт, ки ба ҷараёни мӯътадили истеҳсолот таъсир мерасонад, аз он ҷумла, офати табиӣ, садамаи истеҳсолӣ, ҳодисаи нохуш, талаф ва вайрон гаштани амвол ва ғайра;

2) агар табдили корро манфиатҳои танҳо ҳамин ташкилот тақозо намояд.

Ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ тавассути фармон ё амри роҳбари ташкилот ба расмият дароварда мешавад ва мӯҳлати он на зиёда аз як моҳ шуда метавонад.

Дар ҳолати бекорӣ ва зарурияти истеҳсолӣ коркунро ба коре, ки ба саломатии ӯ зарар оварданаш мумукин аст, гузаронидан мумкин нест.

§ 5. Қатъшавии шартномаи (карордоди) меҳнатӣ

Мувофиқи моддаи 44 КМ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо асосҳои зерин қатъ мегардад:

— бо созишномаи тарафҳо. Бо чунин асос ҳама гуна шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қать карда мешавад;

— бо ташаббуси корманд;

— бо ташаббуси корфармо;

— бо гузаштани мӯҳлат;

— бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда.

§ 6. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

Мувофиқи моддаи 45 КМ ҶТ, корманд ҳақ дорад, бо ташаббуси худ бекор намудани шатномаи меҳнатии ба мӯҳлати номуайян басташударо талаб намояд. Дар ин бора бояд кордиҳандаро ду ҳафта қабл ба таври хаттӣ огоҳ намояд.

Бо гузаштани мӯҳлати огоҳкунӣ, корманд метавонад корро қатъ намояд, корфармо бошад, вазифадор аст, дафтарчаи меҳнатиро ба корманд супурда ба ӯ ҳисобу китоб намояд.

Бо ризоияти ҳар ду тараф шартномаи меҳнатӣ пеш аз сипарӣ гаштани мӯҳлати огоҳсозӣ бекор шуданаш мумкин аст.

Коркун то сипарӣ гаштани мӯҳлати огоҳсозӣ ҳуқуқ дорад аризаи худро бозхонд намояд, агар ба ҷои ӯ коркуни дигар даъват нашуда бошад.

Кодекси меҳнатӣ имконияти бо ташаббуси коркун бекор намудани шартномаи меҳнатии ба мӯҳлати муайян басташударо, пеш аз сипарӣ шудани мӯҳлати он пешбинӣ менамояд.

Беморӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳои узрнок, ки давом додани корро барои коркун ғайримкон месозанд, инчунин, аз тарафи корфармо вайрон намудани санадҳои қонунӣ ва дигар санадҳои меёърӣ оиди меҳнат ё шартномаи меҳнатӣ ба сифати чунин асосҳо эътироф шудаанд.

§ 7. Бекор кардани шартманои (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

Мувофиқи моддаи 46 КМ ҶТ бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бояд ассонок бошад. Инҳо асос шуда метавонанд:

1) барҳам хӯрдани ташкилот; қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкор; ихтисор шудани шумора ё штати кормандон;

2) ошкор гардидани номувофиқии корманд ба вазифаи ишғолкардааш ё кори иҷро мекардагиаш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё аҳволи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамон кор халал мерасонад;

3) бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои меҳнатиро, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи ӯ гузоштааст, мунтазам иҷро накардани корманд, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ дода шуда бошад.

4) прогул (аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар кор ) бидуни сабабҳои узрнок;

5) ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бидуни ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомила ва таваллуд, агар қонунгузорӣ мӯҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷои корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки ба сабаби латхӯрии меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

6) дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба кор;

7) дуздидани амволи корфармо дар ҷои кор, ки онро ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд ё қарори мақоме, ки додани ҷазои маъмурӣ ба салоҳияти он дохил мешавад, муқаррар намудааст;

8) қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо шахсони дар чанд ҷой коркунанда бинобар қабули корманди дигаре, ки дар чанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардондани кор дар чанд ҷой;

9) қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳбари ташкилот бинобар иваз шудани молик;

10) вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовинони онҳо;

11) аз ҷониби корманде, ки бо арзишҳои пулию молӣ бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунаҳгоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медиҳад;

12) аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир шудани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор сазовор намебошад;

13) вайрон намудани тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун ҳангоми қабул ба кор.

Қонунҳо, оинномаҳо ва низомномаҳои оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯи асосҳое, ки дар бандҳои 1 (бағайр аз барҳам хӯрдани ташкилот) ва 2 ҳамин модда, банди 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс роҳ дода мешавад, агар кормандро бо розигии ӯ ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии мувақкатӣ (бағайр аз озодкунӣ аз рӯи банди 5 ҳамин модда) ва дар давраи дар рухсатӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти соҳибкор, роҳ дода намешавад.

Дар сурати бекор шудан шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми корҳо, ки боиси тағйири шумораи (штати) кормандон ё тағйири хусусияти корҳо гардидааст, ҳуқуқи имтиёзнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.

Дар сурати баробар будани тахассус ва ҳосилнокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:

— ба кормандоне, ки ду ва аз ин зиёд хӯранда доранд;

— ба шахсоне, ки дар оилаашон дигар кормандони дорои музди меҳнати мустақилона мавҷуд нестанд;

— ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи тӯлонии кор доранд;

— ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда ихтисоси худро аз рӯи тахассуси дахлдор дар донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус, касбҳои техникиро ба итмом расондаанд, ба шарте ки баъди хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рӯи ихтисос кор кунанд;

— ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;

— ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар;

— ба шахсоне, ки ба касалии шуоъ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо паҳншавии нури радиационӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки алоқамандии, маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ муқаррар шудааст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳи зикршуда эвакуация ё кӯчонда шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурӯҳ баробар карда шудаанд;

— ихтироъкорон.

Дар шартномаи (қарордоди) коллективӣ метавонад дигар ҳолатҳое, пешбинӣ карда шавад, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 46) баъди пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартнома ва созишномаи меҳнатӣ бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо танҳо бо розигии пешакии иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон дар бораи қарори қабулшуда доир ба масъалаи ризоят барои бо корманд қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дорад, дар шакли хаттӣ ба корфармо бояд хабар диҳад.

Корфармо ҳақ дорад шартномаи (қарордоди) меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қатъ намояд.

Корфармо вазифадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати номуайян баста шудааст, дар мӯҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳонад:

1) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар барҳам хӯрдани ташкилот, ихтисор шудани шумора ё штати кормандон на дертар аз ду моҳ;

2) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардагиаш мувофиқ наомадани корманд аз сабаби нокифоягии тахассус ё аҳволи саломатӣ на камтар аз як моҳ.

Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷӯи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рӯз ба кор набарояд ва музди кораш нигоҳ дошта шавад.

Бо созишномаи тарафҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад аз рӯи асосҳои зикршуда то ба охир расидани мӯҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи рӯзона барои ҳар рӯзи боқимондаи то ба охир расидани ин мӯҳлат бекор карда шавад.

Корфармо вазифадор аст дар мӯҳлати муқарраркардаи Қонун дар бораи аз кор озодшавии дар пешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақоми дахлдори хадамоти шуғли аҳолӣ маълумот диҳад.

Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:

1) кӯмакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

2) нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақоми шуғли аҳолӣ, агар корманд дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақом муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

3) ҳуқуқ барои як сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

Корфармо вазифадор аст ба корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ, аз рӯи хоҳишаш дар бораи кор дар ҳамон ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа, вақти кор ва ҳаҷми музди меҳнат маълумотнома диҳад.

Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, бо кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд мӯҳлати аз ин дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи ба кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.

Ба корманд дар сурати қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои аз кор рафтан кӯмакпулӣ дода мешавад:

— бо ташаббуси корфармо, ба ғайр аз ҳолатҳои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар асосҳои пешбиникардаи бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11, қисми 1 моддаи 46 ҳамин Кодекс;

— дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда, ба истиснои ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукмномаи суд (банди 3 моддаи 53 ҳамн Кодекс) ва дар сурати фавтидани корманд (банди 4 моддаи 53 ҳамин Кодекс).

Ҳаҷми кӯмакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан бо роҳи зарб задани чоряки музди миёнаи моҳона ба шумораи солҳои пурраи кор дар ташкилот муайян карда мешавад ва набояд аз ҳаҷми музди миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.

Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамояд. Тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаҳои меҳнатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Корфармо вазифадор аст ба ҳаммаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаҳои меҳнатӣ кушояд.

Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор кайд карда мешавад.

Ҳангоми аз кор озод кардан дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати роҳ додани кашолкорӣ оиди супридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфамо ба корманд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.

Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.

Ҳангоми баррасии баҳс дар суд ба зиммаи корфармо вазифа гузошта мешавад, ки зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.

Агар дар шартномаи коллективӣ пешакӣ гирифтани розигии мақоми дахлдори иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бо ташаббуси корфармо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ суд дар қатори дигар далелҳо розигии мақомоти мазкурро ба ҳисоб мегирад.

Ҳангоми аз ҷониби суд ба кор барқарор намудани корманд ба зиммаи корфармо оиди ҷуброни зарари ба корманд расонидашуда вазифа гузошта мешавад.

Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:

1) ҳатман пардохтани вақти прогули маҷбурӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди аз даст дода;

2) ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти бурдани кори парванда);

3) имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.

Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи ҳармоҳаи корманд камтар буда наметавонад.

§ 8. Қатъ шудани шартманомаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд

Мувофиқи моддаи 53 КМ ҶТ, чунин ҳолатҳоро номбар намудан мумкин аст;

1) ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;

2) ҳангоми ба кор қабул намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;

3) ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукмнома, ки бо он корманд ба ҷазо маҳкум шудааст ва давом додани кори пештараашро истисно менамояд;

4) бинобар вафот кардани корманд;

5) дар сурати вайрон кардани коидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;

6) дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун пешбинӣ кардааст.

 

15 Загрузки

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Намунаи навистани тарҷумаи ҳол

Click to rate this post! [Total: 0 Average: 0] Тарҷумаи Ҳол Ман Комилов Фирдавс Фирдавсович …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *