Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Педагогика / Коллектив, ташаккули коллектив ва таъсири он ба шахсият.

Коллектив, ташаккули коллектив ва таъсири он ба шахсият.

 

Зермавзўъҳо:

  1. Коллектив ва аҳамияти он дар ташаккули шахсият.
  2. Сохтори коллективи кўдакон.
  3. Марҳилаҳои инкишофи коллектив.
  4. Роҳҳои ташаккули коллектив.

1.Коллкетив- ҳамчун истилоҳ аз лотини гирифта шуда маънояш гурўҳ, зумра мебошад: Коллектив гуфта гурўҳи муттаҳидаи одамонро меноманд, ки ба ҳалли вазифаҳои муайяни иҷтимоӣ- ҷамъиятӣ машғуланд. Зери мафҳуми коллектив ҳамагуна ташкилот ва гурўҳи одамон фаҳмида мешавад (завод, сех, бригада, мактаб ва ғ.)

Аломатҳои асосии фарқкунандаи коллектив ин ягонагии он мебошад, ки ба манфиати ҷамъият равона карда шудааст. Бидуни ин коллектив маънои худро гум мекунад.

Коллективи талабагӣ созмони мураккаби иҷтимоӣ, дорои сохтори муайян ва характери сармоя дорад.

Дар педагогикаи муосир ташкили коллективи хонандагон ва тарбияи он яке аз масъалаҳои баҳсталаб ҳисоб меёбад. Нисбати коллективи тарбиявии мактабиён педагогҳои барҷастаи давраи шўравии собиқ Н. К. Крупская, А. С. Макаренко, В. А. Сухомлинский саҳми босазое гузоштаанд.

А. С. Макаренко ақидаҳои доир ба коллективи кўдаконро васеътар ва бойтар гардонидааст. Вай услубҳо ва усулҳои гуногуни таъсиррасониро ба шахсият тавассути коллектив нишон додааст. А. С. Макаренко ба кори коллективи ибтидоӣ, инкишофи алоқаи дўстонаи байни аъзои он эътибори калон медод.

А. С. Макаренко қонуни ҳаракати коллективро муайян кардааст. Маънои қонун ин аст, ки агар коллектив ба мақсадаш расида, ба оянда саъю кушиш накунад, он аз инкишоф боз мемонад. Ақидаҳои А. С. Макаренко дар бораи коллективи кўдакон аз тарафи аксарияти муаллимони пешқадами имрўза дастгири ёфтааст. Аз ин лиҳоз А. С. Макаренкоро асосгузори назарияи коллектив меноманд.

Коллектив дар асоси ёрии байниҳамдигарӣ, инсондўстӣ, ҳурмату эҳтироми аҳли меҳнат ва ҳар узви коллективу ҷамъият бунёд мегардад.

Нақши коллектив дар муҳокима ва ҳаллу фасли масъалаҳои давлатию ҷамъиятӣ аҳмияти махсус дорад, ки онро чунин тавсиф кардан мумкин аст:

  • ҳар шахс ба воситаи коллектив фаъолият мекунад, ва ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасад;
  • шахсият дар вақти фаъолият ва муомила чун аъзои коллектив ташаккулу инкишоф меёбад;
  • ҳар узви коллектив дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишвар иштирок карданро ба даст меоварад;
  • коллектив манфиат ва эҳтиёҷоти ҳар шахс, хусусиятҳои фардии онро ба ҳисоб мегирад;
  • маҳз дар коллектив кори тарбия мувофиқи мақсад ташкил карда шахсияте ба вуҷуд оварда мешавад, ки минбаъд ҳаёти мустақилонаро пеш бурда метавонад.
  1. Коллективи тарбиявии бачагон дар муддати тўлонӣ бунёд мегардад ва сохтори мураккабе дорад. Ду сохтори он- коллективи расмӣ ва ғайрирасмӣ фарқ карда мешавад:

А)      Синф, созмони талабагӣ коллективи расмӣ мебошад ва онҳо устувор мебошанд.

Б)      Гурўҳҳои ғайрирасмӣ дар синф ё коллективи дигар якчандто шуда метавонад ва ҳар кадом мавқеи гуногунро ишғол мекунад. Ҳайати хурди ғайрирасмӣ бештар ноустуворӣ зоҳир мекунанд. Агар муносибати аъзои гурўҳ бо ягон сабаб тезу тунд шавад гурўҳ пароканда мешавад.

Сохтори коллективро чунин тавсиф кардан мумкин аст:

  • колективи аввалин- ибтидоӣ хонандагонро мунтазам барои корҳои таълимии берун аз синфӣ муттаҳид менамояд;
  • коллективи муваққатӣ (маҳфилҳо, бригадаҳои истеҳсолӣ, дастаи ҳаваскорони бадеӣ ва ғ.);
  • органҳои худфаъолии хонандагон (комитетҳои талабагӣ, сардорони синфҳо).
  1. Коллективи бачагон дар инкишофи худ чанд марҳиларо мегузарад. Оиди он масъала А. С. Макаренко дар асарҳояш гузориши коллективро аз як марҳила ба марҳилаи дигар алоқаманд медонист. Колективи тарбиявии бачагон мегўяд А. С. Макаренко фавран ташаккул намеёбад, он тибқи чорабиноҳои бардавом дар чор марҳила (зина) амалӣ мегардад.

А)      Марҳиллаи аввал- дар ин марҳила талаботи педагогӣ аз ҷониби тарбиятгарон, муаллимон ва маъмурияти мактаб гузошта, барқароркунии тартибу интизоми дохили мактабиро талаб мекунад. Ҳангоми иҷрои талаботҳо фаъолон муайян карда мешавад.

Б)      Марҳилаи дуюм- дар ин марҳила нақши муҳимро фаъолони гурўҳ мебозанд. Тавассути онҳо иттиҳоди тарбиявӣ рў ба ташаккул меёбад. Ва фаъолияти амалии тамоми аъзоён афзоиш ёфта пай дар пай мураккаб шудан мегирад.

В)      Марҳилаи сеюм- дар ин марҳила коллективи тарбиявии бачагона комилан ташаккул меёбад ва ба корҳои таълимию тарбиявии муаллимон мададрасон мегарданд. Вазифаи асосии муаллим аз дуруст роҳнамои кардан иборат мебошад.

Г)      Марҳилаи чорум- ин марҳиларо А. С. Макаренко зинаи олӣ номидааст, ки талаботҳои коллективро ҳар кас худ ба худ мустақилона мегузарад.

4.Роҳи муҳимтарини ташаккули коллектив мавҷудияти фаъолияти якҷояи аъзои коллектив мебошад, ки дар рафти он хонандагон фаъолтар шуда, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ҳосил мекунанд, ба якдигар баҳодиҳӣ ва ҳамдигар фаҳмиро ёд медиҳанд. Дар ташаккули коллектив: бозӣ, фаъолияти меҳнатӣ, мақсад ва анаъна нақши муҳим мебозад.

А)      Бозӣ- яке аз намудҳои фаъолият мебошад, ки воситаи ташаккули коллектив ҳисоб мешавад. Дар бозиҳо бачагон кору бори калонсолон инъикос меёбад ва ба воситаи бозӣ онҳо олами атрофро дониста мегиранд.

Б)      Фаъолияти меҳнатӣ- дар умури худидоракунии синфу мактаб, худхизматрасонӣ коллективро муттаҳиду тифоқ гардонида ба ҳар узви коллектив имкон медиҳад, ки қобилияту истеъдоди худро ривоҷу равнақ бахшад.

В)      Мақсад гузоштан- барои пеш бурдани коллектив, ҳаракати он ёрӣ мерасонад. А. С. Макаренко навишта буд, ки муттасил ба пеш ҳаракат кардани коллектив, дар назди он гузоштани мақсад ба инкишофи чунон коллективе бурда мерасонад, ки дар он таъсири коллектив дар ташаккули коллектив ҳис карда мешавад.

Г)      Анъана- чунин шакли фаъолияти хонандагон мебошад, ки дар он муносибатҳои коллективона, афкори ҷамъиятии коллектив равшан намоён мешавад. Анъанаҳоро шартан ба ду гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст: анъанаҳои ҳаёти ҳаррўза ва идҳои анъанавӣ.

Адабиёт

  1. Иванов И. П. Воспитать коллективистов.- Москва, 1982.
  2. Макаренко А. С. Педагогические сочинения.- Москва, 1985- 1986.
  3. Макаренко А. С. Мақсади тарбия. Асарҳо ҷилди 5, саҳифаи 354- 357. Москва 1980
  4. Юнусов Й. Педагогика.- Душанбе, 2005.
#

----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Тарбияии эстетики хонандагон

1 Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ ( зебоипарастӣ) дар мактаб.   Мафҳуми тарбияи эстетикӣ бо …

Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он

Ҳуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои xамиятии одамон.   Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда …

Один комментарий

  1. Колектив-хамчун истилох аз лотуни гирифта шуда маьноям гурух мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *