Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Ҳуқуқ ва давлат / Функсияҳои давлат ва шаклҳои ҳуқуқии амалисозии онҳо

Функсияҳои давлат ва шаклҳои ҳуқуқии амалисозии онҳо

 Вазифаҳо  ва функсияҳои  давлат

       Функсияҳои давлат – самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошанд, ки барои ҳалли вазифаҳо равона гаштаанд.

Иҷрои вазифаҳо, ки фаъолият ва чорабиниҳои муташаккилонаро металабанд (сохтмони иншоотҳои саноатӣ, қабули қонунҳо, азхудсозии кайҳон ва ғ.), ба зиммаи давлат гузошта мешавадДавлат барои иҷрои вазифаҳои ҷомеаи инсонӣ амалиёти муайяни зарурро ба харҷ медиҳад (мактабҳо месозад, омӯзгаронро тайёр мекунад, ба онҳо музди меҳнат медиҳад ва ғ.). Дар натиҷа самтҳои алоҳидаи фаъолияти давлатӣ пайдо мешаванд (дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоӣ ва ғ.).

Баъзе вазифаҳои давлат аҳамияти таърихӣ дошта, дар сатҳи конститутсионӣ эътироф мешаванд ва аз ин лиҳоз эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. Масалан, дар дебочаи Конститутсияи Тоҷикистон халқи Тоҷикистон «бунёди ҷомеаи адолатпарварро» вазифаи худ қарор додааст.

Як қатор вазифаҳои ҷомеа аз талаботҳои ҳуқуқи башар ҳосил мешаванд ва дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мустаҳкам мешаванд. Масалан, Эъломияи ҳуқуқи башарро (10 декабри с. 1948) Ассамблеяи Генералии СММ ба ҳайси вазифае эълон намудааст, ки барои ҳалли он ҳамаи халқу давлатҳо бояд кӯшанд[1]. Дар назди ҷомеа вазифаҳое меистанд, ки мазмуни айни доранд ва ҳалли ҳатмиро металабанд, чунончи, вазифаи ҳифзи муҳити зист. Баъзе вазифаҳо (мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, гирифтани пеши роҳи ҷанги ядроӣ, огоҳсозии бемориҳои сирояткунанда ва ғ.) саъю кӯшиши якчанд давлатҳоро металабанд. Солҳои охир вобаста ба пайдоишу ривоҷи соҳаҳои нави илм (биологияи тиббӣ, биоэтика ва ғ.) вазифаҳои нав ба миён омаданд. Вобаста ба ин вазифаҳо ва пешрафти ҷомеа функсияҳои давлатҳо низ инкишоф меёбанд.

Дар замони муосир функсияҳои давлатҳо бештар мазмуни умумииҷтимоӣ пайдо мекунанд, барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, яъне беҳбудии ҷомеа равонанд. Функсияҳои синфӣ (пахши мутақобилияти синфӣ) аҳамияти амалӣ надоранд. Аз байн рафтани низоми ҷаҳонии сотсиализм, табдили давлатҳои капиталистӣ ба пасазиндустриалӣ, набудани зиддияти оштинопазири байни мафкураи сотсиалистӣ ва буржуазӣ боиси он гардид, ки функсияҳои давлатҳои муосир мазмуни мафкуравиро гум кардаанд. Давлатҳои муосири пасазиндустриалӣ функсияҳои умумииҷтимоиро иҷро мекунанд (кӯмаки гуманитарӣ, ёрии молиявӣ ва ғ.). Вобаста ба вазифаҳои глобалӣ функсияҳои ҳаммазмуни давлатҳо бештар ривоҷ меёбанд (таҳкими сулҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, мубориза зидди қочоки маводи нашъаовар ва ғ.). Бисёре аз ин функсияҳо кӯмаки молиявӣ ва моддии якчанд давлатҳоро металабанд, масалан, барои солимгардонии кӯли Арал дар Узбекистон, кӯли Сарез дар Тоҷикистон.

 

14.2.   Таснифи  функсияҳои  давлат

 

Барои таснифи функсияҳои давлат асосҳои гуногун истифода мешаванд.

Бо назардошти моҳияти синфӣ ва иҷтимоии давлатҳо функсияҳо ба: 1) зуроварии синфӣ ва 2) умумииҷтимоӣ ҷудо мешаванд. Функсияҳои зуроварии синфӣ ба давлатҳои синфӣ хос буданд. Дар замони муосир функсияҳои умумииҷтимоӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва м.и.) ривоҷ меёбанд.

Вобаста  ба  мӯҳлати  амал функсияҳо ба: 1) доимӣ ва 2) муваққатӣ тақсим мешаванд. Функсияҳои доимӣ дар ҳамаи марҳилаҳои давлатдорӣ ва функсияҳои муваққатӣ дар марҳилаҳои алоҳида иҷро мегарданд.

Дар адабиёти анъанавӣ боз як таснифе ҷой дошт, ки бо он функсияҳо вобаста ба самтҳои фаъолияти сиёсӣ ба дохилӣ ва хориҷӣ ҷудо мешуданд. Функсияҳои дохилӣ дар дохили кишвар ва хориҷӣ дар равобит бо давлатҳои хориҷӣ мебоист иҷро шаванд.

Вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷомеа функсияҳои умумииҷтимоӣ ба: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, экологӣ, демографӣ, ҳимояи шаклҳои моликият, маънавӣ ҷудо мешаванд.

Дар иртибот бо ҳуқуқ давлат 3 функсияи асосиро иҷро мекунад: 1) ҳуқуқэҷодкунӣ, 2) ҳуқуқиҷрокунӣ, 3) ҳуқуқҳифзкунӣ.

 

 

14.3.  Шаклҳои  ҳуқуқии  иҷрои  функсияҳои  давлат

 

Барои иҷрои функсияҳои давлат 3 шакли асосии ҳуқуқӣ истифода мешаванд.

  1. Қонунэҷодкунӣ. Барои иҷрои ҳама гуна функсия қонунҳои дахлдор қабул мешаванд. Масалан, бо мақсади иҷрои функсияи иқтисодӣ теҳдоди зиёди қонунҳо қабул мешаванд (оиди моликият, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, буҷети давлатӣ, низоми молия. андоз ва ғ.).
  2. Қонуниҷрокунӣ. Бо мақсади таъмини иҷрои қонунҳои қабулгашта мақомоти иҷроия санадҳои меъёрии зериқонунӣ қабул мекунанд. Чунончи, бо мақсади таъмини иҷрои функсияи мудофиаи давлат Президент дар асоси қонунҳои дахлдор фармонҳои зарурӣ қабул мекунад (дар бораи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, эълони ҳолати ҷанг ва ғ.).
  3. Қонунтаъминсозӣ. Бо мақсади таъмини иҷрои функсияҳо мақомоти давлатӣ чораҳои зарурӣ, аз он ҷумла маҷбурсозии ҳуқуқиро меандешанд. Масалан, барои амали сохтани функсияи ҳимояи тартиботи ҳуқуқӣ чораҳои огоҳсозӣ, пешгирсозӣ, ҷавобгарии ҳуқуқиро истифода мебаранд.

Дар ҷараёни иҷрои функсияҳо мақомоти давлат усулҳои мухталифро истифода мебаранд. Барои иҷрои функсияҳои иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бештар усулҳои танзими шартномавӣ, ҳавасмандгардонӣ, дастгирии ташаббускорӣ ва м.и. истифода мешаванд. Дар иҷрои функсияи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ бештар усулҳои маҷбурсозии ҳуқуқӣ қобили қабуланд.


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Мақомоти корҳои дохилӣ

Қисмати асосии таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ин милитсия мебошад. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти милитсияро Конститутсияи (Сарқонуни) …

Мақомоти прокуратура

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *