Главная / Фанни Зоология / Синфи хазандаҳо

Синфи хазандаҳо

Хазандаҳо намудҳои гуногуни калтакалосҳо, морҳо, сангпуштон ва тимсоҳҳоро дар бар мегиранд. Ба истиснои баъзе намудҳо аксарияти онҳо дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд ва ба муҳити зисти хушкӣ мутобиқати махсус пайдо намудаанд. Афзойиши онҳо ба муҳити обӣ вобастагӣ надорад. Пӯсти танаи хазандаҳо хушк буда, одатан бо пулакчаҳои шохин пӯшида шудааст. Ин ҳайвонҳо тухми калон мегузоранд, ки он бо қабати махсуси оҳакӣ пӯшида шудааст. Инкишофи тухм вобаста ба ҳарорати муҳити беруна мегузарад. Дар вақти ҳаракат намудан танаи аксарияти ин ҳайвонҳо ба замин соида мешавад, яъне дар рӯйи замин хазида ҳаракат мекунанд. Бинобар ин, номи ин синф аз рӯйи ҳамин хосияти онҳо гирифта шудааст. Хазандаҳо ҳайвоноти қадимтарин буда, аз обхокиҳои қадим – стегосефалаҳо ба вуҷуд омадаанд ва дар қарни мезозой дар тамоми рӯйи Замин васеъ паҳн шудаанд. Онҳо ибтидои муҳрадорони хушкигард, парандаҳо ва ширхӯрон ба шумор мераванд. Дар рӯйи Замин зиёда аз 7 ҳазор намуди гуногуни хазандаҳо зиндагӣ мекунанд, ки ба 3 зерсинф ва 4 қатор – сангпуштон, нулсарон, пулакчадорон ва тимсоҳҳо ҷудо мешаванд. Дар Тоҷикистон 33 намуди калтакалос, 15 намуди мор ва 1 намуди сангпушт, ҳамагӣ 49 намуд ва зернамуд дучор мешаванд.

§14. Муҳити зист, тарзи зиндаги ва сохти хазандаҳо

Муҳити зист ва тарзи зиндагӣ. Хазандаҳоро ба ғайр аз Шимоли Ақсо дар ҳамаи муҳитҳои зист, хушкӣ ва об вохӯрдан мумкин аст. Яке аз намудҳои васеъ паҳншудаи хазандаҳо – калтакалоси чобук ба шумор меравад. Вай ҳайвони хурд буда, дарозиаш (якҷоя бо думаш) 15 – 20 см аст. Дар ҷойҳои хушки офтобраси дашту биёбонҳо, бешазор ва доманакӯҳҳо, водиҳои дарёҳо зиндагӣ мекунад. Ранги зарди сурхтоб ё сабзгун вайро дар байни сангу растаниҳо ноаён мекунад. Рӯзона ҳашароти гуногунро шикор мекунад ва шабона дар лонаи худаш ё ки

дар зери сангу кундаҳои дарахтон пинҳон мешавад. Онҳо баробари саршавии фасли тирамоҳ дар ковокиҳои гуногуни қабати хок барои зимистонгузаронӣ пинҳон мешаванд (расми 45).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image52.jpeg

Дар дашту биёбон, соҳили дарёҳо, атрофи боғу ҷангалҳо ва доманакӯҳу адирҳои диёрамон калтакалос-офтобгардаки даштӣ васеъ паҳн шудааст. Вай нисбат ба калтакалоси чобук калонтар (дарозиаш 20

  • 25см) ва камҳаракат мебошад. Дар ҷангал ва боғҳои сернам, полизҳо ва адиру доманакӯҳҳо дар байни алафзор намуди калтакалосҳои бепой
  • баҳтур (ё дар баъзе маҳалҳо мори зард ё махтур ҳам ном мебаранд) бештар вомехӯрад. Дар бисёр мавзеъҳои ҷумҳурӣ баҳтурро чун мори зард мепиндоранд ва ривоятҳое ҳастанд, ки баҳтур гуё рӯзи ҷумъа мегазида бошад ва одам ба марг мерасад. Лекин баҳтур мор нест ба калтакалосҳо мансуб аст ва беозор мебошад. Дар баҳтур аломатҳои калтакалосҳо (доштани пилкҳои чашм, сӯрохии гуш, чинҳои паҳлуӣ ва ғайра) хос мебошад. Кирмҳо, нармбаданҳо, хояндаҳоро хӯрда фоида мерасонанд. Дар соҳилҳои дарёҳо, чашмаҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва марғзор мори обӣ зиндагӣ мекунад. Вай моҳиҳо ва қурбоққаҳоро мехӯрад, тӯъмаи худро зинда ва якпухт фурӯ мебарад. Мори обӣ мори безаҳр аст. Дар доманакӯҳҳо, дашту биёбон ва соҳили дарёҳо морҳои заҳрдор – гурза ва куброи осиёимиёнагй зиндагӣ мекунанд.

Намудҳои гуногуни хазандаҳо дар биёбонҳо ва регзорҳо зиндагӣ мекунанд. Дар регзорҳои қисми ҷануби Тоҷикистон мори афъии регӣ зиндагӣ мекунад. Дар доманакӯҳҳо, теппаҳо, марғзор ва дашту водиҳо, ки растаниҳои сабз мерӯянд, сангпушти осиёимиёнагӣ вомехӯрад.

Хусусиятҳои сохти берунӣ. Танаи аксарияти хазандаҳо – калтакалосҳо, тимсоҳҳо ва морҳо, одатан, дарозрӯя ва танаи сангпуштон доирашакл ва барҷаста аст. Рӯйи пӯсти онҳо бо қабати шохин пӯшида шудааст, ки аз пулакчаҳо ва зиреҳҳои шохин иборат мебошад. Рӯйпӯши шохини пӯст танаи хазандаҳоро аз таъсироти беруна ва зиёд бухоршавии оби бадан ҳимоя мекунад: Ҳамаи ин хосиятҳо барои дар мавзеъҳои хушк зиндагӣ кардани онҳо имконият медиҳад. Дар баъзе намуди хазандаҳо баробари пулакчаҳои шохин боз зиреҳҳои устухонӣ низ дида мешаванд. Дар сангпуштон зиреҳи пушт ва шикамӣ, ки аз якчанд қатор паҳнакҳои устухонӣ таркиб ёфтааст, дида мешавад.

Дар пӯсти хазандаҳо ғадудҳо каманд, ё ки тамоман вуҷуд надоранд, бинобар ин, пӯсташон хушк мебошад. Рӯйпӯши шохини бадан барои сабзидан ва калоншавии ҳайвон монеа мешавад, аз ин сабаб хазандаҳо дар 1 сол то 4-5 маротиба пӯсти худро мепартоянд. Пӯсти кӯҳна дар морҳо якпухт аз тана ҷудо мешавад. Дар калтакалосҳо бошад, варақ- варақ, ё қисм-қисм ҷудо шуда мерезад.

Ба ғайр аз морҳо ва калтакалоси бепой (баҳтур) ҳамаи намудҳои дигари хазандаҳо дар ду паҳлуи танаашон як ҷуфтӣ пой доранд. Пойҳо танаи онҳоро аз замин боло намебардоранд.

Авлоди аввалини онҳо пой доштанд. Инро дар скелети мори печон мавҷуд будани боқимондаи устухони пойи ақиб ва дар назди сӯрохии мақъади баҳтур мавҷуд будани боқимондаи пойи ақиб исбот мекунад.

Чашми хазандаҳо аз пилки болоӣ ва поёнӣ иборат аст, ки он чашмонашро аз таъсироти беруна муҳофизат мекунад. Дар морҳо ва баъзе намуди калтакалосҳо (луччашмакҳо) пилки болоӣ ва поёнӣ ба ҳамдигар пайваст шуда, шаффоф шудааст.

Сохти дарунии хазандаҳо аз бисёр ҷиҳат ба сохти дарунии обхокиҳо монанд аст (расми 46), лекин баъзе аломатҳои хазандаҳо хеле инкишофёфта мебошанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image53.jpeg

Сохти скелет. Дар аксарияти хазандаҳо скелет ба қисмҳои косахонаи сар, муҳраҳо, пойҳои пешу қафо ва дум тақсим мешавад. Морҳо скелети пойҳои пеш ва қафо надоранд. Скелети сутунмуҳра дар навбати худ ба қисмҳои гардан, сина, миён, чорбанд ва дум тақсим мешавад. Микдори муҳраҳои гардан 8 – то буда, онҳо серҳаракатии гарданро таъмин мекунанд. Ба муҳраҳои сина ва миён аз ҳар ду тараф яктоӣ қабурға пайваст шудааст. Нӯги якчанд ҷуфти қабурғачаҳои сина ба воситаи бофтаи тағояк ба устухони тӯш пайваста шуда, қафаси синаро ба вуҷуд меорад, ки узвҳои дарунӣ дил, шуш ва ғайраро муҳофизат мекунад (расми 47).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image54.jpeg

Системаи нафасгирӣ ва гардиши хун. Хазандаҳо бо пӯст нафас намекашанд. Онҳо монанди обхокиҳо ба воситаи як ҷуфт шуши халтамонанд, ки ҳаҷмаш калонтар мебошад, нафас мекашанд (расмҳои 47 ва 48а). Инкишоф ёфтани шуш ба нест шудани нафасгирии пӯстӣ вобаста мебошад. Дили хазандаҳо ба монанди обхокиҳо (ба ғайр аз тимсоҳҳо) сехонагӣ буда, аз ду даҳлези дил ва як меъдача иборат мебошад. Лекин аз қисми поёни меъдачаи дил деворе ба вуҷуд омадааст, ки то ба охир насабзидааст. Ин девор ба ҳам омехташавии хуни шарёнӣ ва варидиро қисман кам мекунад (расми 486). Аз ҳамин сабаб дар хазандагон ба узвҳо хуни аз оксиген бойтар ҷорӣ мешавад, ки миқцори оксиген дар хуни обхокиҳо камтар буд. Дар тимсоҳҳо дил чорхонагӣ мебошад, яъне девори байни меъдачаи дил то охир сабзидааст.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image55.jpeg Мубодилаи моддаҳо. Мураккабшавӣ ва такмилёбии дил ва шуши хазандаҳо нисбат ба обхокиҳо барои узвҳоро бо оксиген зиёдтар таъмин кардан имконият медиҳад. Лекин дараҷаи ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар хазандаҳо ҳоло баланд нест. Аз ҳамин сабаб ҳарорати бадани онҳо доимӣ набуда, вобаста ба муҳити зист тағйир меёбад. Фаъолияти ҳаётӣ ва тарзи зиндагии онҳо ба ин вобаста мебошад.

Яъне дар ҳавои гарм фаъол буда, дар вақти хунук шудани ҳаво сусту заиф мешаванд.

Бинобар ин, ҳангоми саршавии фасли тирамоҳ ва сардшавии ҳаво хазандаҳо дар ковокиҳои қабати хок (ковокиҳо, ғорҳо ва ғайра) ҷамъ шуда ба хоби зимистона мераванд.

Системаи асаб. Системаи асаби хазандаҳо нисбат ба обхокиҳо сохти мураккабтар дорад, яъне мағзи пеш ва мағзча беҳтар инкишоф ёфтааст, ки он ба мураккабшавии ҳаракат ва ҳамоҳангсозии он зич вобаста мебошад (расми 48в).

Афзойиш. Баръакси моҳиҳо ва обхокиҳо хазандаҳо бордор мешаванд. Нутфаро нарина ба бадани модина мегузаронад. Бордоршавии тухмҳуҷайра дар батни ҷинси модина ба амал меояд. Тухм аз берун бо қабати махсус ва пӯсти оҳакӣ пӯшида шудааст. Микдори тухми хазандаҳо аз 2 то ба 24 дона мерасад. Тухмҳои худро онҳо дар рег, хоки нарм, байни сангҳо ва баргҳои пӯсида мегузоранд. Инкишофи

тухм дар ҳарорати беруна дар давоми 25 – 30 рӯз мегузарад. Баъди ваҳти муаиян аз тухм хазандаи мукаммали инкишофёфта мебарояд Дар баъзе намудҳои хазандаҳо, масалан, калтакалоси зиндазой мори афъии муқаррарӣ ва мори сипарсар, ки дар Тоҷикистон дао баландии 2500 м аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад, инкишофи ҷанини тухм дар батни ҷинси модина мегузарад. Бинобар ин, баъди гузоштани тухм зуд хазандаҳои ҷавон мебароянд. Ин хусусияти афзойиш – тухмзиндазойӣ ном дорад, ки чунин мутобиқшавӣ ба намудҳое, ки дар муҳити сард ва мавзеъҳои баландкуҳ зиндагӣ мекунанд, дахл дорад

§16. Хазандаҳои қадим

Паидоиши хазандаҳо. Аввалин хазандаҳо дар рӯйи Замин 285 млн сол қабл ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо аввалин обхокиҳо ба шумор мераванд. Дар он замон иқпими руйи замин хушк ва гарм буд ва ҳамон намудҳои обхокиҳо зинда монданд, ки ба иқлими хушк мутобиқ шуда тавонистанд. Яъне, онҳое, ки аз хушкии ҳаво дар ботлоқҳо пинҳон шуда тавонистанд, пӯсти хушк доштанд, халтаҳои шушашон нағз инкишоф ефтабуд ватухмашон қабати пусти сахт ва захираи барзиёди моддаҳои ғизои (зарди) дошт. Аз чунин обхокиҳои қадимӣ хазандаҳо ба вуҷуд

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image56.jpeg

омаданд. Аз ҳама хазандаи қадимтарин ва содатарин сеймурия ба шумор меравад (расми 49). Андозаи танаи ин ҳайвон ба 0,5 м мерасад ва ба обхокии қадимтарин, ки стегосефала ном дорад, монанд аст.

Пайдоиши хазандаҳоро аз обхокиҳо монандии сохти синфҳои муосири онҳо исбот мекунад (аз руйи расмҳои 41 ва 49 сохти скелет, мағзи сар, гардиши хун ва дигар системаи узвҳои хазандаҳо ва

обхокиҳоро ба ҳам муқоиса кунед).

Хазандаҳои қадимтарин. Омузиши боқимондаи хазандаҳои мурдарафта (мунқариз) аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 180 млн сол қабл аз ин хазандаҳо шаклҳои гуногун доштанд ва дар руии Замин васеъ паҳн шуда буданд. Аксарияти хазандаҳои қадим азимҷусса буданд. Андозаи танаи баъзеи онҳо (бронтозаврҳо ва диплодокҳо) то 30_м ва вазнашон то 50 т мерасид. Ин хазандаҳои қадим зиндагии нимоби доштанд. Чунин

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image57.jpeg

азимҷуссаҳо боз ба зиндагии обӣ баргаштанд, чунки вазни онҳо дар об кам мешавад. Онҳо имконияти аз дохили об истода, бо гардани дарози худ хӯрдани растаниҳои соҳилро доштанд (расми 50).

Дар хушкй калтакалосҳои дарандадандон зиндагӣ мекарданд. Дандонҳои онҳо аз дандонҳои ашк, пеш ва курсӣ иборат буданд. Скелети калтакалоси дарандадандон аввалин бор аз тарафи палеонтологи рус В.П. Амалитский дар Двинаи Шимолӣ ёфт шудааст.

Дар муҳити оби дарё ва баҳрҳо моҳисусморҳо (расми 51) зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз оксигени атмосфера нафас мегирифтанд. Аз рӯйи

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image58.jpeg

маълумоти олимон онҳо зиндазой буданд. Дар байни дастҳои пеш аз ақйби онҳо пардаи махсус пайдо шуда буд, ки ба онҳо имконияти парвоз карданро медод.

Сабабҳои маҳвшавии хазандаҳои қадимаи азимҷусса. Сабабҳои маҳвшавии хазандагони азимҷусса ҳоло пурра омӯхта нашудааст, лекин аз рӯйи тадқиқоти олимон маълум шуд, ки сабаби асосии маҳвшавии хазандаҳои қадим ин дигаргуншавии иқпим буд. 60 – 70млн сол қабл иқлими рӯйи Замин якбора хеле сард шуд. Пастшавии ҳарорат дар рӯйи Замин қобилияти ҳаётии хазандаҳои қадимро суст кард. Тухмҳои онҳо аз таъсири хунукй суст афзойиш карда, насл ба вуҷуд намеоварданд. Ба ғайр аз ин сардшавии ҳаво ба тағйирёбии растаниҳо оварда расонид, ки аз онҳо хазандаҳои қадимӣ ғизо мегирифтанд. Дар ҳамон замон рақибони хазандаҳо гармхунон ё ки парандагон ва ширхӯрон зиёд шуда, ҷойи онҳоро ишғол намуданд.

Ин ба он оварда расонид, ки аксарияти хазандагон ва дар навбати аввал тамоми шаклҳои азимҷуссаи онҳо маҳв шудаанд. Зеро онҳо барои зимистонгузаронӣ ва пинҳон шудан аз душманҳои худ аз паноҳгоҳҳои мавҷудбуда истифода бурда наметавонистанд. Бинобар ин, то замони мо он намудҳои хазандагоне боқӣ монданд, ки андозаи танаашон нисбатан хурд буд. Ба онҳо сангпуштон, тимсоҳҳо, калтакалосҳо ва морҳо мансубанд. Лекин дар мамлакатҳои иқлимашон гарм баъзе намояндаҳои азимҷуссаи хазандаҳо боқӣ мондаанд, ки онҳо зиндагии обӣ ё ки нимобиро аз сар мегузаронанд.

Один комментарий

  1. Ами калтакулос мор аст ¿

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *