Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Диншиносӣ / Дини ислом. Вазъияти иҷтимоӣ-фарҳангии Нимҷазираи Арабистон дар арафаи пайдоиши ислом

Дини ислом. Вазъияти иҷтимоӣ-фарҳангии Нимҷазираи Арабистон дар арафаи пайдоиши ислом

Дини ислом. Вазъияти иҷтимоӣ-фарҳангии Нимҷазираи Арабистон дар арафаи пайдоиши ислом

  1. Арабистон қабл аз ислом
  2. Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Арабистон дар давраи пайдоиши Ислом 3.
  3. Шаҳри Макка

1. Арабистон қабл аз ислом

Ислом аз динҳои яктопарастӣ (тавҳидӣ) ба шумор меравад. Он дар қатори дини насрония ва буддоия сеюмин дини ҷаҳонӣ буда, аз рӯи ҳавзаи ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ ба гурӯҳи динҳои сомӣ (иброҳимӣ) дохил мешавад. Ин дин дар нимаи аввали асри VII дар нимҷазираи Арабистон, ки арабҳо онро «Ҷазират-ул-араб» мегӯянд, ба вуҷуд омадааст.

Ин дин дар ҳамсоягии минтақае зуҳур кард, ки чорроҳаи бархурди тамаддунҳо ба ҳисоб рафта, нақши муайяне дар тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштааст. Ин чорроҳаро олимони тамаддуншинос — чорроҳаи Сурия (Шом) номидаанд, ки он натанҳо кишвари имрӯзаи Сурия, балки тақрибан тамоми Осиёи Наздик, соҳилҳои Баҳри Миёназамин ва Осиёи Хурдро ба ҳам мепайваст. Ҳарчанд гаҳвораи Ислом шаҳрҳои Макка ва Мадина дар гӯшаи дурдасти ин минтақа қарор доштанд, тамоми муҳтавои Ислом, мазмуну мундариҷаи он, унсурҳои фарҳангиву мазҳабии он умумият бо дигар фарҳангҳои аз ин чорроҳа гузар дошта, аз онҳо ғизо гирифтаанд. Ин минтақа чорроҳае буд, ки дар он тамаддунҳои бобулӣ, шумерӣ, аккодӣ, эронӣ, юнонӣ, римӣ, финиқӣ, мисрӣ ва ниҳоят сомӣ (арабию яҳудӣ ва ғайраҳо) ба ҳам бархӯрда, аз якдигар мутаассир гардидаанд. Ду дини тавҳидии сомӣ — яҳудия ва насрония низ пеш аз Ислом зодаи ҳамин ҳавзаи тамаддун буданд. Таъсири ин ду дин дар шаклгирии таълимоти ислом муассир буданд. Вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии он муҳит барои зуҳури Ислом ҳамчун дини нав заминаро муҳайё сохт.

Ҷазират-ул-араб аз назари ҷуғрофӣ ҳадди ақал ба се минтақа тақсим шуда буд: Арабистони Ҷанубӣ, ки сарзамини Яман ва Хазрамавтро дар

бар мегирифт, Арабистони Марказию Ғарбӣ, ки минтақаи Таҳома ва Ҳиҷоз ба он дохил буданд ва ниҳоят Арабистони Шимолӣ, ки дар сарҳадҳои шимолии Шом (Сурия) ва Ироқ қарор дошт. Қисмати зиёди ин сарзаминро биёбони тафсон ва саҳроҳои бе обу алаф, чун регзорҳои «Рубъ-ул-холӣ», «Иҳқоф», «Даҳно» ва ғайра ташкил медод. Аз ин рӯ, сеяки хоки ин сарзамин бе обу дарахт буда, қобили сукунат набуд. Иқлими Арабистон асосан гарм буда, дар қисматҳои соҳилӣ рутубатнок ва баъзе манотиқи он нисбатан муътадил мебошад. Аз нигоҳи таърихӣ тамаддуни ин се минтақа якранг нестанд. Дар Арабистони Ҷанубӣ, осори тамаддуни куҳан ҷо-ҷо мушоҳида гардидааст вале Арабистони Марказӣ — водии Ҳиҷоз ва қисмати соҳилии он Таҳома, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳеҷ нақши муассире то пайдоиши Ислом надоштаанд. Дар қисмати шимолии ин нимҷазира агар тамаддунҳои куҳани ҳамсоя, аз қабили тамаддуни ошурӣ, бобулӣ ва аккодиро ба назар нагирем, дигар тамаддуни назарраси соф арабӣ дида намешавад.

Аз лиҳози сиёсӣ низ ҳолати Арабистон то пайдоиши Ислом гуногун будааст. Дар ҷануб то андозае осори умумиятҳои сиёсӣ, сохтору дастгоҳи нисбатан мушаххаси давлатии вобаста ё мухтор, қабл аз Ислом, ба чашм мехурад. Дар асри VI-VII м. қабилаи асосӣ ва ҳокими ин минтақа — Киндиён буданд. Дар арафаи пайдоиши Ислом ин минтақа қисман бахши империяи шоҳаншоҳии Эрон буд. Қисмати шимолии Арабистон низ мустақилияти том надошт ва ин манотиқ гоҳ зери таъсири Эрони сосонӣ ва гоҳ зери таъсиру қаламрави Рим ва дар ибтидои асри VII байни ин ду империя тақсим шуда буд. Ду қабилаи асосии сокини ин минтақа Лаҳмидиён ва Ғассониён буданд. Лаҳмидиён, дар шимолу шарқи Арабистон, минтақаҳои ғарбии Ироқи имрӯза сукунат доштаанд. Шаҳри марказии онҳо Ҳира вассали (бахш) Эрон буд. Ғассониён бошанд дар қисмати шимолу ғарбӣ сукунат доштаанд. Ғассониён, ки насронӣ буда, зери таъсири империяи Византия (Рим) қарор доштанд ва дар рушди адабиёту забони араб таъсири зиёде гузоштаанд. Аммо дар Арабистони марказӣ то пайдоиши Ислом ҳеҷ гуна сохтори сиёсии классикӣ, ки шабеҳ ба системаҳои сиёсии маъруфи онрӯза бошад, набуд. Тарзи зиндагӣ ва қонуни иҷтимоию идории ин минтақа ба муносибат ва қонунҳои нонавиштаи қабилавию авлодӣ устувор буданд. Шаҳрҳои асосии он ба тартиб: Макка, Ясриб ва Тоиф шаҳрҳои худмухтор ба шумор мерафтанд, вале дастгоҳи сиёсию ташкилоти идорӣ надоштанд. Баъзе умури иқтисодию тиҷоратӣ ва сиёсӣ, масалан ҷанг, ташкил ва тадоруки корвонҳои тиҷоратӣ ва ғайра дар асоси мувофиқати раисон ва шайхони қабилаҳо ҳаллу фасл мешуданд.

2. Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Арабистон дар давраи пайдоиши ислом

Ҳаёти маънавӣ ва мазҳабӣ. Арабҳо дар маънавиёту эътиқодоти мазҳабӣ аз ҳамсояҳои худ хеле ақиб монда буданд. Пеш аз Ислом дину оинҳои бутпарастиву бисёрхудоии онҳо, ҳанӯз дар сатҳи динҳои қабилавӣ-авлодӣ қарор дошт. Ҳатто дар ин соҳа ба пояи динҳои

бисёрхудоии милливу давлатӣ ҳанӯз нарасида буданд. Замони пеш аз пайдошавии Исломро арабҳо замони ҷоҳилия меноманд.

Дар хонаи Каъба зиёда аз сесаду шаст (360) бутҳои қабилаҳои арабро даври ҳам гузошта буданд. Аксарият қабилаҳо бути махсуси худро доштанд. Бутҳое ҳам буданд, ки барои ҳамаи қабилаҳо мавриди парастиш ва дорои эътибор ба шумор мерафт. Чунин як бут, Ҳубал ном доштааст. Ҳубалро тақрибан ба мартабаи худои худоён мешинохтаанд. Аз матни Қуръон маълум мешавад, ки аъроб ба худои офаридгори Замину Осмон, худои ноаён — Аллоҳ низ муътақид буданд. Баъзе шояд ба ягонагии ин худои офаридгор боварӣ доштанд, вале бутҳои худро ҳамчун восита — шафеъ дар назди ӯ меҳисобидаанд.

Ба ғайр аз Ҳубал дар Қуръон аз худоёни наринаву модинаи дигар чун: Лот, Манот, Уззо, Наъила, Зул-халаса, Вадд, Суво, Яҷус, Яуқ ёд шудааст. Аъроб инчунин ба вуҷуди қувваҳои бад ва зиёнкор дар муқобили қувваҳои нек ва хайр, рӯҳи биёбон, ҷин ва ғайра боварӣ доштанд.

Аз сарчашмаҳои хаттӣ ва ривоёт чунин бармеояд, ки бутпарастӣ дар арафаи пайдоиши Ислом дар вазъияти инқирозу буҳронӣ қарор доштааст. Бархурд ва ошноӣ бо динҳои яҳудӣ, насронӣ ва зардуштӣ бетаъсир набуд. Чунон ки гуфта шуд, дар шимол қисмате аз аъроб, масалан, Ғассониён дини насрониро қабул карда буданд. Дар Яман нуфузу таъсири зардуштия эҳсос мешуд. Мувофиқи ривоятҳо, дини насронӣ дар худи Макка низ нуфуз дошта ва дар деворҳои Каъба нақши Масеҳ ва паёмбарони дигарро кашида будаанд. Хулоса, дар баробари инқирози парастишҳои бисёрхудоию ҷоҳилӣ, ғояи тавҳид ба тадриҷ байни арабҳо нуфуз мекард, ки мубаллиғони чунин ақидаро ҳаниф меномиданд.

Вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба таври умум хеле ногувор буд. Парокандагии қабилавӣ, низои байни онҳо ва набудани давлати мутамарказ шароитро аз ин ҳам душвортар сохта буд.

3.Шаҳри Макка — гаҳвораи Ислом, низ аз ҳеҷ гуна сохтори сиёсии мувофиқ ба фаҳми имрӯзаи мо бархурдор набуд. Дар он асосан қабилаи Қурайш бартарӣ дошт. Ягона ташкилоти сиёсии қабила шӯрои шайхони қабила ба шумор мерафт, ки барои ҳаллу фасли ихтилофҳои байни қабилавию авлодӣ гоҳ-гоҳ дар маҳалле бо номи «Дор-ун-надва» баргузор мешуд. Ин шӯро низ аксаран ҳукми машваратӣ доштааст, на қонунӣ ва қонунгузорӣ.

Макка аз ҷумлаи шаҳрҳое буд, ки ҳанӯз дар замонҳои пеш аз кушода шудани роҳҳои обӣ, дар сари шоҳроҳҳои корвонгузар ба вуҷуд омада буд. Баъдтар, бо кушода шудани роҳҳои баҳрӣ бисёр шаҳрҳои дар миёнароҳӣ қарордошта аз байн рафтанд. Шояд ин бо шарофати дар он ҷойгир будани бузургтарин маъбади бутпарастон — хонаи Каъба бошад. Онро «Байтул»- «Хонаи худо» мешумориданд. Каъба на танҳо маъбад, балки барои Макка, пеш аз ҳама манбаи асосии иқтисодию молӣ буд. Шаҳри Макка, чунон ки гуфтем, бе обу дарахт ва барои зироату деҳқонӣ

номувофиқ буд. Асоси маошу зиндагии аҳолии онро тиҷорат ва даромаде, ки аз ҳоҷиёни хонаи Каъба мегирифтанд, ташкил медод.

Аз дигар шаҳрҳои бузурги Арабистони Марказию Ғарбӣ, яке шаҳри Тоиф буд, ки дар ҳудуди сад километрии ҷанубу шарқии Макка ва дигаре Ясриб (Мадина) буд, ки дар 450 км. шимоли Макка қарор доштанд. Ин ду шаҳр дорои шароити беҳтари табиӣ ва обу ҳавои ба зироат мувофиқ буданд. Баъзе сарватмандони Макка дар Тоиф боғҳову нахлистони худро доштанд. Аҳолии ин шаҳрҳо ҳанӯз иртиботи худро аз зиндагонии бадавӣ пурра наканда, ба чорводорӣ низ қисман машғул ва аксар дорои рамаҳои шутур ва гӯсфандон будаанд. Ҳамчунин, муносибатҳо ва қонунҳои нонавиштаи қабилавию авлодӣ, ки хоси бадавиён аст, бо вуҷуди шаҳрнишин будан, дар байни онҳо амал мекард.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  4. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991.
  5. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.

----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин

Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин Заминаҳои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ ва моҳияти он Дунявият ва …

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ Кишварҳо исломии муосир ва таносуби аҳолии онҳо Созмонҳои …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *