Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Диншиносӣ / Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин

Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин

Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин

  1. Заминаҳои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ ва моҳияти он
  2. Дунявият ва озодии виҷдон.
  3. Озодии виҷдон

1. Заминаҳои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ ва моҳияти он

Муҳимтарин рӯйдоди таърихии давраи навтаринро дар соҳаи маънавият ва ҷойгоҳи дин дар ҷомеа пайдоиши ду падидаи нисбатан нав динҳои ғайри суннатӣ ва низоми давлатдории дунявӣ ташкил мекунад.

Динҳои ғайрисуннатӣ Аз нимаи дуюми асри XIX то имрӯз дар ҷаҳон чандин динҳои ба истилоҳ ғайрисуннатӣ ба вуҷуд омаданд. Асри ХХ низ аз наҳзатҳо ва ҳаракатҳои динӣ ва худоҷӯиҳо холӣ набуд. Дар шароити имрӯза ин динҳои ғайрисуннатӣ ё «динҳои навбунёд» ва ё «динҳои ғайрианъанавӣ» дар бисёре аз кишварҳои ғарбию шарқӣ пайравони худро аз тариқи таблиғу ҳавасмандкуниҳои гуногун афзуда истодаанд. Ин динҳоро барои он ғайрисуннатӣ меноманд, ки собиқаи мазҳабӣ ва фарҳангӣ дар байни даъвогарони худ надоранд. Онҳо гоҳо ҳамчун дини алоҳида ва гоҳо ҳамчун шоха ва ё фирқа баромад мекунанд. Иллати асосии пайдоиши ин гуна динҳо ин буҳрони маънавию мазҳабӣ ва равониест, ки ҷомеаҳои гуногунро фаро гирифтааст.

Хусусиёт ва навъҳои динҳои ғайрисуннатӣ. Мо дар бобҳои гузашта дар заминаи динҳои суннатӣ, пайдоиши равияву фирқаҳо, ҷараёнҳо ва наҳзатҳоро дидем ва ин ҳам маълум шуд, ки ҳамаи динҳо пас аз пайдоиши худ бар асари ихтилофҳои сиёсӣ, ақидавӣ ва мазҳабӣ ба ин ҳолат дучор шуда, ваҳдати дохилии худро аз даст медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳар яке фирқаи нави худро аз дигаре ҳаққонитар ба он дин мешуморанд, аз ин рӯ, иддаои дини нав буданро намекунанд ва ҳамаи ҷазмиёти асосии он динро қабул доранд. Аммо динҳои ғайрисуннатӣ бошанд, ҳарчанд баъзеи онҳо дар заминаи динҳои суннатӣ ба вуҷуд

омадаанд, даъвои дини нав будан, даъвои нубувват ва дарёфти ваҳйро доранд.

Ба ҳар сурат пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ далолат бар он мекунанд, ки ҳанӯз майли ҳақиқатҷӯӣ ва худоҷӯии инсоният хотима наёфтааст, пешрафти илмию технологии асри XX то ҳанӯз натавонистааст, ниёзҳои равониву маънавии инсониятро қонеъ созад. Аз сӯйи дигар, буҳрони маънавию ахлоқӣ, сатҳи рӯзафзуни ҷиноят, фасоди иҷтимоӣ, нобаробариҳо, ҷангу низоъҳои сиёсӣ ва ғайраҳо барои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ замина сохтаанд.

Динҳои ғайрисуннатиро шартан дар диншиносӣ ба панҷ гурӯҳ тақсим кардаанд:

Динҳои нави заминаи шарқидошта, чун: «Дини баҳоия»,

«Ҷамъияти Шуури Кришна», «Маркази дзен-буддизми уқёнуси оромӣ»,

«Рисолати Нури Илоҳӣ»-и Махарай Джи ва ғайраҳо. Ин динҳо омехтае аз динҳои ҳиндуия, буддоия, ислом ва ирфони исломӣ мебошанд.

Созмонҳои мазҳабии навмасеҳӣ — Маҷмаи калисои «Фарзандони Худо», «Калисои тани Масеҳо» мебошанд. Таълимоти ин мазҳабҳо омехтае аз унсурҳои насронӣ ва динҳои шарқӣ буда, хусусияти синкретикӣ доранд, Асоси даъвати онҳоро таъкид ба қарибии охират, иддаои нубувват ва рисолати илоҳӣ, иблоғи ваҳй ва арзишҳои ахлоқии нав ташкил мекунанд.

Равияву мазҳабҳои илмшиносӣ-саентологӣ — чун «Калисои саентологӣ», «динҳои кайҳонӣ», аз қабили «Ҷамъияти Аэтариус», ки бар пояи эътиқод ба робитаи Замин бо қувваҳои олии кайҳонӣ ва «ақли кайҳонӣ» асос ёфтаанд.

Магия — сеҳру ҷоду ва рӯҳгароии нав, дар баробари соҳирию коҳинӣ, фолбинӣ ва шаманизми кӯҳна дар охири қарни XX рӯ ба афзоиш гузоштаанд. Рӯ овардан ба рамалу соҳирӣ, ба фолбину коҳин худ нишонаи заъфи ҷомеа, нобоварии инсон ба ақлу илм ва буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.

Шайтонпарастон (сатанизм), гурӯҳҳои мазҳабие мебошанд, ки бадиву шарро ситоиш ва пайвастан бо шайтону девро тарғиб мекунанд.

Дини баҳоия (баҳоизм). Баҳоия яке аз ҷунбишҳои мазҳабии нимаи дуюми асри XIX дар Эрон аст, ки баъдан худро дини нав эълон намуд. Ин дин низ дар заминаи фарҳанги эронӣ ба вуҷуд омада, даъвати динии ҷаҳонӣ мекунад. Асосгузори ин дин Мирзо Ҳусайн Алӣ — Баҳоуллоҳ (1817-1892) дар ибтидо яке аз пайравону муридони Мирзо Алӣ Муҳаммади Шерозӣ (1820-1850) мулаққаб ба Боб буд. Мирзо Алӣ Муҳаммад дар 25 солагӣ худро имоми Маҳдӣ қаламдод намуд. Ӯ баъдтар аз ин худро шахсан Маҳдӣ эълон кард ва ҳамчунин иддао кард, ки Худо дар вай ҳалл шуда ва вай роҳест барои зуҳури Мӯсо ва Исо. Асоси таълимоти баҳоияро таркибе аз таълимоти ислом, насрония ва баъзе ақоиди зардуштия ташкил медиҳад.

Дар Осиёи Марказӣ аввалини пайравони баҳоия охири асри XIX дар Ишқобод пайдо шуданд ва дар ҳамон ҷо соли 1902 аввалин ибодатгоҳи баҳоиён сохта шуд, ки то соли 1938 амал мекард, баъдан он

ба музей ва соли 1963 дар қатори бисёре аз дигар ибодатгоҳҳо нест карда шуд. Ҳоло дар аксари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷамъиятҳои баҳоия расмӣ ва гоҳо ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд.

Ҷамъияти байналмиллалии Шуури Кришна. Асосгузори ҷамъияти Шуури Кришна (Ҳаре Кришна) Шри Шримад Абхай Чаран Де (1896- 1977), ки номи ифтихории мазҳабии Бхактиведанта Свами Прабхупадаро дорад соли 1896 дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон ба дунё омадааст.

Таълимоти ин мазҳаб дар заминаи таълимоти ведоӣ ташаккул ёфтааст. Чунон ки маълум аст «Бҳагавад-Гита» як қисми Маҳабҳарата мебошад, ки таълимоти кришнаитҳо бар асоси тафсири он бунёд шудааст. Ҷамъияти Кришна бо он фарқ мекунад, ки вуҷуди худои ягонаро эътироф дорад. Ҳақиқати олӣ худои ягонаи мутаъол аст, ки аз се ҷиҳат дониста мешавад: Браҳма (рӯҳи беҳувияти қобили нуфуз ба ҳама); Параматма (ҷони ҷаҳонии олӣ, ки дар қалби ҳар як мавҷуди зинда ва ҳар зарраи офарида ҳаст) ва Бҳагаван (ҳувияти олии худо), ки сарчашмаи Параматна ва Браҳма мебошад.

Мувофиқи ин таълимот инсон мисли дигар мавҷудоти зинда чун намунае аз олами асғар ҳам дорои шуур, чун шуури худо, ҳам дорои хоҳиши ҳокимият ва ҳам дорои ҳисси лаззат мебошад ва ҳар майлу хоҳиш ва коре дар ин ҷодаҳо мекунад, бояд маҳзи таъмини ҳамин ниёзҳои парвардигор бошад, ки ӯ дорои мазҳари олии ин сифатҳост. Пайвастан ба санатана-дхарма пайвастан ба асли абадии худ мақсади олии ин таълимот аст.

Дунявият ва озодии виҷдон.

Дунявият ва озодии виҷдон. Донишҷӯёни гиромӣ! Ҳоло бо саъю кӯшиши худ ва мадади Парвардигор хондану омӯхтани фанни диншиносиро ба поён овардӣ. Ин имконияти нодир ба шарофати сиёсати дурусту илмии раҳбарияти кишвар, алахусус Вазорати Маориф ва Илм, ки фанни «Диншиносӣ»-ро ба қатори предметҳои таълимӣ ворид кардааст муйяссар гардид. Кишвари мо ба тадриҷ ба сӯи маърифати амиқи ҳамафарогири ҷавонони кишвар гом мебардорад, то онҳоро барои раҳёбӣ дар шароитҳои печидаву мураккаби зиндагӣ омода созад. Муносибат бо дин ва шинохти моҳият ва вазифаҳои иҷтимоии он дар ҷомеа яке аз чунин соҳаҳои мушкили зиндагӣ мебошад. Ҳоло баъд аз шиносоӣ бо таърихи динҳо ва таълимоту бовариҳои онҳо боварӣ ҳосил кардӣ ки инсоният дар таърихи тулонии худ як таҷрибаи хеле гуногунранги динӣ доштааст ва ҳар дине дар ганҷинаи тамаддуни маънавии башар саҳме гузоштааст. Чунон , ки дар табиат мо аз ҳар ҷинси он, масалан набот, дарахт, гул ё ҳайвон навъҳои зиёде, гоҳо беш аз миллион навъро дорем, дар соҳаи фарҳанг низ мо дину боварӣ, расму русум ва санъату адабиёти гуногунро дорем, ки рӯиҳамрафта ғановати фарҳангию тамаддунии инсониятро, нотакрории онро нишон медиҳад.

Толибилмӣ гиромӣ! Бо кашфи ин воқеият ва шиносоии аз масири таҳаввулу рушди шуури динии башар, маълумоти кофӣ оид ба ваҳдати арзишҳои маънавию ахлоқии инсоният, аз тариқи усули муқоисавӣ-

таърихӣ ба даст овардӣ ва умедворам, ки ин дар оянда туро аз ҳар гуна таассуби динию мазҳабӣ маҳфӯз медорад. Чунон ки дар пешгуфтор гуфтем таассуб аз хомӣ ва нодонӣ аст. Ҳоло аз ин ҳолат берун омадӣ ва ба динҳо бо диди илмӣ ва идроки моҳиятнок муносибат мекунӣ. Яъне ҷойгоҳи ҳар як динро дар таърихи тамаддуни башар ва нақши онро дар рушди маънавии ин ё он гушаву қисмати олам дармеёбӣ.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар олами муосир имкони чунин шинохти динро ҳама инсоният надорад ва аз ин вазъият аксар вақт ҳизбу гуруҳҳои сиёсии қудратталаб ба манфиати худ истифода карда, динро бе обрӯ ва ҳам ҷавонон ва мардумро ба доми ҷангҳои мазҳабию сиёсӣ мекашанд.

Вазифаи асосии дин чунон, ки аз шиносоӣ бо таълимоти онҳо бармеояд пайванд додани иснсонҳо бо Идеалӣ Олӣ-Худо ва барқарории муносибати бандагон ва Парвардигор, шиносондан бо ибодат, тазкияву поксозии нафс, тарбияи маънавию ахлоқии инсонҳо мебошад.

Хушбахтона дар кишвари мо яке аз принсипҳои муносибати идеалӣ бо ниҳодҳои динӣ, принсипи озодии виҷдон амалӣ шудааст, ки тибқи он эътиқоди динӣ вобаста ба интихоби озодонаи виҷдони ҳар як инсон аст. Ин принсип ва принсипҳои дигари вобаста ба он дар Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«дар бораи озодии виҷдон ва Иттиҳодияҳои динӣ» муайян ва сабт шудааст, ки он 26 марти соли 2009 қабул шуда.

Дар Моддаи 1 Конститусия омадааст «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ,ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.» ва ҳамчунин дар моддаи8-и он омадааст: «…Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад…

Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷӯдо буда, ба корҳои давлатӣ мудохитла карда наметавонананд.» Ҳамчунин дар моддаи 4 ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи озодии виҷдон ва Иттиҳодияҳои динӣ», банди 1 омадааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё бо ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад.»

Инсоният асрҳо орзӯ мекард, ки дар интихоби дин, диндор будан ё набудан озод бошад, чунки таърихан дар бисёр кишварҳо чунин озодӣ набуд. Ҳатто дар Аврупои мутамаддин дар асрҳои миёна барои ҳатто ақидаи озод дар мавриди ин ё он масъалаи динӣ доштан дар оташи инквизитсия-девони тафтиши ақоид, ки Калисои католикӣ ташкил карда буд месӯзониданд.

3. Озодии виҷдон

Мафҳуми виҷдон – категорияи илми ахлоқ буда, қобилияти фардро дар худидоракунии ахлоқӣ, мустақилан барои худ муайян кардани масъулиятҳои ахлоқӣ, роҳу равиши иҷрои он ва хударзёбӣ аз онро ифода мекунад. Аммо озодии виҷдон, ба таври хеле куллӣ, имрӯз маънои эътирофи ҳуқуқи инсон- шаҳрванд дар интихоби мустақили эътиқод кардан ба ин ё он дин ва имкони иҷрои маросимҳои он бидуни зарар расонидан ба шахси дигар ё умуман ба ҷамъиятро дорад.

Дар моддаи 18-и «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» омадааст: « Ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳақ дорад. Ҳамчунин ин ҳуқуқ озодии тағйири дин ё эътиқод, ба таври алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон пайравӣ кардан аз дини худ, омӯзиши расмӣ (умумӣ) ва ё хусусӣ, худопарастӣ ва иҷрои маросимҳои мазҳабию хоссро дар бар мегирад.»

Озодии виҷдон бе баҳс яке аз ормонҳо ва дастовардҳои хеле арзандаи инсоният ва яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва яке аз мавзӯоти қадими баҳсҳои фалсафию сиёсӣ будааст.

Ҳарчанд ин ҷунбиш дар таърихи навини Аврупо ба вуҷуд омада аст, иқдомҳои амалӣ ва назарии аввалро дар таърихи кишвардории Шарқ метавон пайдо кард. Яке аз аввалин ахбори маъруф дар ин мавзӯъ ба таърихи сиёсии сулолаи ҳахоманишҳо тааллуқ дорад. Асосгузори ин сулола Куруши Кабир ( а.VI п.м.), ки доманаи сарзамини худро то Бобулу Фаластин ва Миср дар Ҷанубу Ғарб густариш дода буд, нисбат ба дину оини халқҳои зери салтанати худ бо эҳтирому ғамхорӣ муносибат мекарда. Дар қаламрави импературии ӯ ҳама ҷо озодии ақида ҳукмрон ва ҳама адён аз ҳимояи давлат бархурдор будаанд.

Намунаи дигар вазъияти динҳо дар Осиёи Марказӣ пеш аз истилои араб шуда метавонад. Баръакси таассуботи мазҳабию фишору таъқибҳое, ки дар Эрони ҷанубу ғарбӣ, нисбат ба намояндагони динҳои дигар буд, дар Осиёи Марказӣ, сарзамини аҷдодии тоҷикон намояндагони динҳои гуногун: насрония, буддоия, зардуштия, яҳудия, монавия, маздакия ва ғ-ра озодона амал мекарданд ва ҳатто озодии амали онҳо то дараҷае буд, ки агар дини исломро аъроб намеоварданд, хатари ё саросар насронӣ ё буддоӣ шудани мардуми ин сарзамин дар пеш буд. Бояд гуфт, ки ин суннати таҳаммулгароӣ пас аз ислом низ дар ин сарзамин идома дошт. Дар аҳди Сомониён мувофиқи ахбор ва шаҳодати аксари сарчашмаҳо дар Осиёи Миёна, пайравони динҳои гуногун аз ҷумла зардуштиён, монавиён, насрониён ва ҳатто яҳудиён то асри Х, то замоне ки сулолаҳои турку муғул ба сари ҳокимият омаданд, озодона дар канори якдигар кору зиндагӣ мекарданд.

Дуруст аст, ки пас аз ба дасти сулолаҳои турку муғул гузаштани ҳокимият, дар кишварҳои исломӣ таассубҳои мазҳабӣ, фишору тааддӣ- душманӣ ва таъқибу куштори пайравони динҳои дигар, алалхусус зардуштиёну монавиён ва маздакиён рӯ ба афзоиш мениҳад.

Ҳангоме ки сухан аз муносибати динҳо ба озодии виҷдон меравад, дар марҳилаи аввал, чунин фикр ба пеш меояд, ки ҳеҷ дине наметавонад инро қабул дошта бошад. Вале омӯзиши сарчашмаҳои динӣ алалхусус китобҳои муқаддас ба чунин қатъӣ қазоват кардан асос намедиҳад.

Чунки, аввалан, аксари динҳои тавҳидӣ озод халқ шудани инсон ва озодии вайро дар касби роҳу равиши худ эътироф кардаанд, ва сониян, даъвати ҳамаи динҳо, дар ибтидо – сарчашмаи худ, барои қабули таълимоташон ихтиёрӣ дар асоси боварию имони қалбӣ на иҷбориву зӯрӣ будааст. Худои ҷаббор дар дини яҳудия Яҳво дини худро, на бо зӯрӣ балки, аз тариқи тааҳҳуд бо пайғамбарони бани Исроил иблоғ карда ва худи китоби муқаддас низ «Аҳди қадим» ном дорад. Мундариҷаи тамоми «Аҳди ҷадид» низ ба ҳамин далолат мекунад. Аммо чунон, ки М.А. Бердяев дар китобаш «Шуури динии нав ва ҷамъиятчигӣ» («Новое религиозное сознание и общественность») нишон дода, баъдан руҳияи «шайтонии Инквизитори Бузург» боло гирифта, инсони мӯъминро аз озодӣ маҳрум кард.7

Ҳамчунин усули асосии озодии виҷдон бо таълимот ва нишондодҳои асосии ислом, дар Қуръон мухолифат намекунад. Агар оятҳои мансух, яъне он оятҳое, ки дар ҳолатҳои ҷанг бо бутпарстон ва яҳудиён нозил шудааст, ба назар нагирем, фармоишҳои хеле возеҳу равшан оид ба озодии ақида ва виҷдон ва мадорову таҳаммул нисбат ба динҳои дигарро пайдо мекунем . Аз ҷумла омадааст:

« Дар дин маҷбурият нест, ҳамоно роҳи рост\ роҳи саодат\ аз

залолат\ гумроҳӣ\ боз шинохта шудааст.»8Яъне дар кори қабули дин аз рӯи кароҳат (ки ба маънии бар хилофи хосту хоҳиш аст) рафтор кардан раво нест, ҳар роҳи рост худ дар охир шинохта хоҳад шуд. Дар Қуръон ин маъниро боз ҳам равшантар зимни хитобе ба пайғамбар чунин баён кардааст: « Агар парвардигорат бихоҳад, ҳамагӣ мардуми рӯи Замин имон

меоварданд. Оё ту барои он, ки мардум имон биоваранд, мехоҳӣ бар

хилофи хосташон маҷбур кунӣ.»9 Дар ояти дигар имон овардан ё наоварданро ихтиёрӣ фармудааст: « Бигӯ ин Ҳақ(қ) аз парвардигори

шумост, ҳар ки хоҳад имон биоварад ва ҳар, ки хоҳад мункир шавад\ яъне бовар накунад- куфр варзад.\”10

Агар дар Қуръон ба ин маънӣ як ё ду оят мешуд, метавон гуфт, ки он тасодуфӣ ё ягон мазмуни зимнии дигар дорад, вале хушбахтона маънии маҷбурӣ набудани дину диёнат дар Қуръон ва ҳадисҳо ба такрор дар робитаҳои гуногун омада. Масалан, ҳамин маъниро ба равшанӣ оятҳои зарурати аз тариқи ақлу ҳикмату мавъизаи хуб даъват кардан ба дин низ таъйид мекунад. Омадааст: “\Мардумро\ танҳо аз роҳи ҳикмат

(яъне бо бурҳону далел) ва панду насиҳати некӯ ба сӯи Худоят даъват кун, ва бо онон бо некӯтарин равиш ба баҳсу мунозира бипардоз.”11 Ҳамин мазмун дар мавриди муносибат ба “аҳли китоб” омадааст\ Ниг.Қ.29:46; 42:15;3:64\.

Дар тамоми давраи хилофати исломӣ пайравони динҳои дигар, алалхусус насрониёну яҳудиён, дар кишварҳои исломӣ, ба шарти риояи

7 Ниг. М.А. Бердяев. Новое религиозное сознание и общественность.- М.: Канон, 1999.-С. 52-57, 264-268.

8 « Ло икроҳа фӣ-д-дини қад табайяна ар-рушду минал-ғаййи»\2:256\

9 « Ва лав шоъа раббука лаомана ман фӣл- арди куллуҳум ҷамиъан. А фа анта тукриҳу ан-носа ҳатто якуну муъминин.» \ 10:99\

10 «Қул ал-Ҳаққу мин раббика фаман шоъа фалюъмин ва ман шоъа фалякфир» \18:2

11 Удъу ило сабили раббика бил-ҳикмати вал-мавъизатил-ҳасанати ва ҷодилҳум биллатӣ ҳия аҳсан..»\16:125\

муқаррароти қонунӣ, озод зиндагӣ мекардаанд ва аз пуштибонии давлат бархурдор буданд.

Албатта, наметавон гуфт, ки муқаррароти қонунии исломӣ, ки баъд аз вафоти Пайғамбар (с), мувофиқи баъзе ахбор бо дастури халифаи дуюм Умар, иборат аз бист шарт,12 муқарар шуда буд, аз нигоҳи талаботи озодии виҷдон имрӯз одилона ва қобили қабул аст.

Бо вуҷуди ин ки дар давраҳои алоҳида вайрон кардани қонун ва усули озодии ақида низ рух медод ва дар муқоиса бо фаҳмиши имрӯзаи озодии виҷдон, дар муносибати ҳуқуқӣ бо ақалиятҳои мазҳабӣ маҳдудиятҳои зиёде низ вазъ шуда буд. Аммо ба ҳар сурат қадамҳои аввалин ва нукоти муҳимми озодии ақида ва виҷдон дар доираи афкори сиёсии исломӣ низ гузошта шудаанд ва дар муқоиса бо замони худ хеле қадамҳои ҷиддие дар роҳи расидан ба ниҳояти адолат ва озодии виҷдон ба мазмуни имрӯзаи он буд.

Дар адабиёти ғарбӣ аксаран оғози давлати дунявӣ (секулор)-ро дар Аврупо ба асри XVI пас аз имзои сулҳи Весфал (15май ва 24 октябри соли 1648) баъди ҷанги сисолаву ҳаштодсолаи байни кишварҳои аврупоӣ дар империяи муқаддаси Рум медонанд. Ин қарордоди сулҳ ҳуқуқи пайравони мазҳаби католикию протестантиро баробар кард, заминҳои калисоро давлатӣ сохт, ба ҳокимия ва дахолати сиёсии калисо ба умури давлатӣ хотима гузошта, дар умури сиёсию давлатдорӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ истиқлолияти давлатро аз калисо эълон кард. Ин воқеият баъд аз зиёда аз ҳазору дусад сол (аз асри 4 мелодӣ баъди дини расмии давлатӣ эълон шудани дини насронӣ аз тарафи император Константин то асри 16 –и мелодӣ) барои Аврупо дуруст аст.

Аммо барои олами ислом на чандон сидқ дорад. Дуруст аст, ки бо вуҷиди он, ки дар китоби муқаддаси ислом Қуръон «Дар дин маҷбурият нест- ло икроҳа фӣ дин» гуфта шудааст, таърихан дар қаламрави ин дин низ синфҳои ҳукмрон, ҳатто озодандеширо бидъат шуморида таъқиб мекарданд.

Аммо бар масъалаи озодии қабул кардан ё накардани дин, ҳатто дар давраҳои ҳассоси футуҳоти исломӣ, то андозае риоя мешудааст ва пайравони ин ё он дин дар сурати таслим шудан ва муқобилияти низомӣ накардан ва пардохтани андози саронае бо номи «ҷизя» дар адои маросимҳои динии худ озод буданд. Аз ҳамон рӯзе, ки дар масҷиди Мадина, ривояту ҳадисҳое, ки аҳли ташайюъ меоранд ва вилояти Алиро дорои сарчашмаи илоҳӣ медонанд, ё хости Паёмбар (с) мешуморанд, мардум бар хилофи ривояту ҳадисҳое, ки онҳо оварданд, интихоби мардумӣ (яъне дунявӣ) карданд, ба Абӯбакр байъат карданд, яъне ин аввалин интихоби дунявӣ (демократӣ)- раҳбари сиёсӣ дар кишвари исломӣ буд, ки баъдан хусусияти интисобӣ –меросӣ гирифт. Гузашта аз ин, пас аз даврони Хулафои рошидин ба шаҳодати ҳамаи сарчашмаҳо Муъовия ибни Абӯсуфён ва писараш Язид ибни Муовия тарзи ҳокимияти шабеҳ ба шоҳаншоҳии Эронро дар хилофати уммавиён

12 Ниг. Аҳмади Дониш. Наводир- ул –вақоеъ.- Ҷ.2.-Душанбе: Дониш,1989.-С.163- 164.

пиёда накарданд ва аббосиён онро идома доданд. Ҳарчанд хулафо пешвоёни дин ба шумор мерафтанд, аммо асоси шаръияшон сустпоя буд.

Гузашта аз ин мутафаккирони гузаштаи мо низ ба навъе ошкоро зарурати аз диёнат вобаста набудани ҳукму қазовати ҳокимро таъйиду таблиғ кардаанд. Аз ҷумла Аҳмади Дониш, яке аз алломаҳои охири асри XIX-и тоҷик дар ибтидои «Рисолаи сиёсӣ» масъулиятнок будани кори салтанат ва ҳукумат ва риояи адолатро таъкид намуда, мефармояд,

«ҳамчунон ки Офаридгори субҳонаҳу, кофиру мӯъминро рӯзӣ медиҳад ва фарқ намедиҳад, подшоҳ низ сиддиқу зиндиқ, олиму ҷоҳил ва орифу оммӣ ҳамаро ба раҳмати хеш мустиаъмал дорад». Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки

«(Подшоҳ) ҳеҷ ҳукме ҷуз ба адолат нафармояд, ки салтанат ба куфр муҷомаат дорад, аммо бо зулм не, (ки) султон ҳамчу боғбон аст дар мулки ҷаҳон. Ҷаҳондори Таоло боғи ҷаҳон (яъне кишварро хон- А.Ш,)-ро ба касе медиҳад, ки ҷаҳонро обод дорад. Ва куфру имон дар он шарт нест, балки шарт он бувад, ки боғбон марде донишманд бувад, то маслиҳати ободии боғро бидонад ва хасу хошоки музирру мухилли боғро барчинад».

Аҳмади Дониш умури сиёсиро аз умури мазҳабӣ ҷудо ва афзалтар ва адолатро гарави асосии боқои мулк ва ободии он мешуморад.

Ин аст, ки заминаи дунявияти давлат ва собиқаи он дар худи олами исломи аҳли суннат ва ҷамоат гузошта шудааст ва он аз хориҷ наомадааст, танҳо ин замина бо вазъияти имрӯза бо он фарқ мекунад, ки чун дар гузашта дар соҳаи идеологӣ ва қонунгузорӣ, ягона ниҳоди фаъол дин будааст, бо вуҷуди дунявӣ будани давлат аз дин дар умури идеологӣ, аз ҷумла ҷаҳонбинӣ ва қонунгузорӣ васеъ истифода мешудааст, ки ин худ як типи муайяни давлати дунявӣ аст, ки имрӯз низ вуҷуд дорад ва метавонад вуҷуд дошта бошад.

Хулоса ҳуҷҷатҳои ТДМ, ки тазминкунандаи усулҳои озодии виҷдон мебошанд, иборатанд «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» (10 декабри с.1949); «Эъломияи бекор кардани ҳамагуна шаклҳои носозгорӣ ва табъиз дар асоси дин ва эътиқод» (25 ноябри с. 1981); Ҳуҷҷати ниҳоии мулоқоти Венаи намояндагони давлатҳои – иштироккунандагони музокираи бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо» ( 15 январи с. 1989);

«Хартияи Париж барои Аврупои нав» (21 ноябри 1980). Ин ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи ҳар як инсонро ба озодии фикр, виҷдон, дин ва эътикод тасдиқ мекунанд. Дар бораи ҳуҷатҳои миллии мо дар боло гуфта шуд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  4. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  5. Додихудоев Х. Очерки философии исмаилизма. Душанбе: Дониш, 1976.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.
  7. Одинаев Я.К. Коран: философство – этическое учения. Душанбе: 1990.
  8. Ночи Фазуллоҳ. Таърихи ислом. Душанбе, нашр хусусӣ.

----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ Кишварҳо исломии муосир ва таносуби аҳолии онҳо Созмонҳои …

Шоха ва мазҳабҳои таърихии исломӣ

Шоха ва мазҳабҳои таърихии исломӣ Равияҳои асосии ислом Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат Фирқаҳои аҳли …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *