Пятница , Декабрь 6 2019
Главная / Педагогика / ​Тавсифи методҳои умумии методикаи таълим

​Тавсифи методҳои умумии методикаи таълим

       Ба методҳои умумии илмиметодикаи таълим инҳо мансубанд: методи самти коммуникативи доштани таълими забои хориҷӣ, методи ба ҳисоб гирифтани забони модарии хонандагон дар омӯзиши забони хориҷӣ ва методи афзалиятнокии машқҳо дар ҳама самтҳои омӯзиши забони хориҷӣ. Вазифаи ин методҳо дар таълим чунинанд.

       1. Методи самти коммуникативии таълим нисбат ба дигар методҳои методи дар таълим аз ҳама афзалиятнок маҳсуб меёбад. Мувофиқи ин метод раванди таълиму тарбия аз забони хоричи дар мактаб бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки хонандагон дар натичаи таҳсил ҳадди ақали зарурии дониш ва маҳорату малакаҳоро барои истифодаи забони хоричи чун воситаи муошират дар доираи мавзӯъҳои барномаи давлати аз худ намолнд. Барои ин мақсад хонандагон бояд машқҳои зиёди нутқи ва коммуникативиро, ки омили ҳалкунандаи амалан аз худ кардани забони хоричи мебошад, ичро намоянд.  [ 20, 45]

        Амалисози методи коммуникативи аз мушобеҳсозии раванди таълим ба раванди иртиботияти воқеи иборат буда, ичрои вазифаҳои воқеии муоширатро дар машғулиятҳо бо мақсади чалби муҳассилин ба муошират тавасути забони омӯхташаванда дар назар дорад. Омода кардани хонандагон ба ичрои вазифаҳои коммуникативии (иртиботии) барои онҳо муҳим, яъне ташаккул додани салоҳияти иртиботи дар намудҳои гуногуни фаъолияти нутқи чунин асос мешавад, ки муоширатро на танҳо ҳадаф, балки воситаи муваффақшави ба ҳадафи дар пеш гузоштаи таълим ҳисобем. Пайрави намудан ба методи коммуникативи (иртиботият) ҳамчунин ташкили фаъолияти пурчӯшу хурӯши эчодии хонандагонро дар назар дорад, ки он мурочиати доими ба забон ҳамчунин воситаи муошират, истифодаи шаклҳои гурӯҳҳии омӯзиш, таваччуҳ ба ҳалли вазъиятҳои нутқи ва намудҳои эчоди-проблемавии супоришҳо, дар як вақт азбаркунии шакли грамматики ва функсияҳоион дар нутқ ва монанди инҳоро талаб мекунад. 

       Бо мақсади амалигардонии методи коммуникативи дар дарсҳои забони хоричи муаллим бояд як қатор хусусиятҳои зеринро ба эътибор гирад.

        Ҳавасманди. Ҳама гунна гуфтор ё амали нутқии хонандаро бояд хоҳишу эҳтиёчоти ботини, шавқу рағбати ӯ, ки онро дар мачмӯъ вачҳ мегӯянд бояд водор намояд ва на таъсири зоҳири ё ичбори (фармоиши муаллим, тарс аз волидон, зарурат ва ғайра). Муаллим танҳо тавассути истифодаи методҳои фаъолу шавқовар ва маҳорати касби метавонад таваччуҳи хонандаро ба омӯзиши ин фан чалб намояд.

        Мақсадноки. Ҳама гуна амали нутқии хонанда бояд ҳадафи худро дошта бошад. Хонанда бояд фаҳмад, ки чаро ӯ сухан мегӯяд, мехонад, гӯш мекунад ё менависад. Бо ифодаи дигар, муаллим бояд дар ниҳоди хонанда ҳадафи бошууронаи аз худ намудани маводи таълимиро тарбия намуда, минбаъд фаъолияти мустақилонаи ӯро дар самти омӯхтанизабон густариш диҳад.

        Мазмунноки. Фаъолияти хонанда мазмун пайдо мекунад, агар ӯ ҳадафи муоширатиро дарк намуда, асоснокии онро бинад.

        Инфироди будани муносибатҳо. Дар мундариҷа ва шакли ифодаи гуфтори хонанда акси худро меёбад. Ҳар як хонанда ҳақ дорад, ки нисбат ба он чи ки дар дарс муҳокима мегардад, фаҳмиши шахсии худро баён намояд.

        Фаъолиятнокии нутқу тафаккур. Ҳангоми аз ҷониби хонанда иҷро гардидани ягон масъалаи нутқию фикри марбут ба ҷараёни гуфтор тибқи вазифаи ба пеш гузоштаи муаллим ба амал меояд.

        Ҳамкори. Мавҷудияти робитаи боварибахши байни хонандагон ва муаллимро пешбини менамояд, ки дар раванди фаъолияти нутқию гуфтугӯи дар вақти вазъиятҳои проблемави ба амал меояд.

        Робитаноки. Вай дар натиҷаи ҳамкории се ҷузъ: эмотсионали (мавҷу-дияти манфиатдории дуҷониба ва ҳамдами), маънои (вақте ҳар ду мусоҳиб муносибатҳои байниҳамдигарии бавуҷудомадаро дарк мекунад) ва ашёи (барои онҳо мавзӯи муҳокима мароқангез аст) ташаккул меёбад. 

        Вазъияти- гуфта мутаносибии баёнро бо вазъи муошират дар назар доранд.

        Ахбороти. Ба мундариҷаи таълим ворид намудани маълумотҳои барои хонандагон муҳим ва ба имкониятҳои синусолию зеҳнии онҳо мувофиқро дар назар дорад.

        Навагони. На танҳо мундариҷаи матнҳо барои кори таълим, балки инчунин тарзу усулҳои таълим, вазъиятҳо, мавзӯҳои мавриди баҳсу муҳокима, яъне ҳамаи унсурҳои раванди омӯзишро дар бар мегирад.

   Эҷоди ё (эвристики) — будани характери фаъолияти хонандагонро пайгири карда, ҳама гуна азхудкунии камаҳсул ва азёдкунии механикиро намепарварад.

    Мушкилноки (проблеманоки). Интихоби маводи таълими ва гузориши супоришу вазифаҳо бояд характери мушкили (проблемави) дошта бошанд. Ин ба инкишофи фаҳмиши мустақилонаи хонандагон, рушди тафаккури мантиқи ва эҷодии онҳо мусоидат менамояд.

        Функсионали- будани нутқ интихоби мундариҷаи гуфтор ва ворид сохтани воҳидҳои забонро дар раванди таълим муаян мекунад. Ба ин васила унсури асосии нутқро функсияҳои он ташкил карда, шиори асосии методи коммуникативӣ «муошират намо ва ба хотир гир!» мебошад.

        Ва ниҳоят, шарти муҳими амали гаштани методи самти ком-муникативии таълим пурра фаро гирифтани мундариҷа ва ташкили таълимро дар назар дошта, дар заминаи ҳамоҳангсозии забон, нутқ ва фарҳанг ба роҳ мондани раванди таълим мебошад.        [6, 16 ] 

2. Методи баҳисобгирии забони модарии хонандагон дар                      раванди таълим.

       Чунин маъни дорад, ки муаллим ба забони модари такя карда, ба фаҳмиши саҳеҳу возеҳи сохтору ҳодисаҳои муайяни забони хориҷӣ аз ҷониби хонандагон муваффақ мегардад. Ба ин мақсад муаллим аз намудҳои гуногуни муқоисакуни (монандкуни, муқобил гузарони) истифода менамояд. Вале аз чунин тарзи муқоисакуни саргарм шудан нашояд, аз он танҳо дар мавридҳои зарури истифода кардан лозим аст. Чунки маводи забониро бо ёрии воситаҳои ғайритарҷумави ҳазм кардан беҳтар аст ва дар ин маврид ба назар гирифтани қонуниятҳои кӯчонидани малака ва интер-ференсия мувофиқи мақсад мебошад. 

        Методи мазкур душвориҳои забони омӯхташавандаро, ки бо сабабҳои фарқият дар системаи забони хориҷӣ ва забони модарии хонандагон зуҳур мекунад, дар назар дорад. Он дар машғулиятҳо дар ду шукл амали мешаванд: ниҳони, вақте интиқоли мавод бо мароми пешгири кардани хатоҳои имконпазир сурат мегирад ва ошкор- бо роҳи бошуурона муқоиса кардани ҳар ду забон, яъне такявори ба забони модарии хонандагон.

Ҳангоми муқоисаи ду забон омӯзгор бо се гурӯҳи ҳодисоти забони рӯ ба рӯ мешавад: а) шабеҳиятҳои мавҷуда дар забони модарии хонандагон; б) набудами шабҳиятҳо дар забони модарии хонандагон; в) мувофиқатии ҷузъи дар ҳар ду забон.

        Ҳодисоти забонии мансуб ба гурӯҳи аввал нисбатан осон аз худ карда мешавад, чунки дар ин маврид кӯчонидани малакаву маҳоратҳои нутқи забони модари ба забони омухташаванда ба амал меояд. Ҳодисаҳои гурӯҳи сеюм, ки дар ду забон қисман мувофиқ меояд, болиси пайдошавии душвориҳо мегардад, зеро ин ҷо қонуни интерференсия, яъне таъсири манфии забони модари ба забони хориҷӣ ва ҳодисаҳои дар забони модари мавҷуднабуда амал мекунад.

        Барои амалигардонии методи баҳисобгирии забони модари дар машғулиятҳои забони хориҷӣ чунин тавсия дода мешавад.

   1. Ҳангоми фаҳмонидани мафҳумҳои лексики-грамматики ба хонандагон нишон додан лозим аст, ки чи тавр онҳо метавонанд ба дониш ва малакаву маҳоратҳои забони модарии худ такя оваранд.

    2. Тавасути аёният, воситаҳои техники, намунаҳои нутқ ва шарҳу маънидод фарқи забонро дар талаффӯз, лексика ва грамматика нишон додан лозим аст.

    3. Ба раванди таълим машқҳоеро ворид сохтан лозим аст, ки чунин душвориҳои омӯзишро ба назар мегиданд ва баҳри рафъи онҳо ба хонандагон ёри мерасонанд. Одатан дар дастурҳои таълими чунин машқҳо махсус ҷудо карда мешаванд.

                 3. Методи афзалиятнокии машқҳо дар ҳама самтҳои омӯзиши забони хориҷӣ.

       Ин метод чунин маъни дорад, ки ҳамаи корҳои фаҳмондадиҳии мавзӯю маводи нави забониро бо иҷрои машқҳо хотима додан лозим аст, то ки хонандагон тарзи амалигардии ин ё он ҳодисаҳои забониро дар ҷараёни нутқ бинанд. Дар натиҷаи машқ он малакаҳои нутқ ташаккул меёбанд, ки истифодаи беҳамтои донишҳои азхудшударо дар вазъиятҳои гуногуни муоширати таъмин менамоянд. Дар рафти омӯзиши забон муаллим аз маҷмӯи машқҳо бо мақсади инкишофи нутқи шифоҳи, хатти ва малакаҳои хониш истифода мебарад. Барои фаҳмидани моҳияти методи мазкур доир ба машқҳо як тасаввуроти умуми бояд дошта бошем.                                                                      

        Машқ шакли асосии таълим маҳсуб меёбад. Машқ чист? Машқ-ин такрори бисёркаратаи амалиётҳои яктипа мебошад, ки ба фаъолият шуур такя карда, таҳти роҳнамои назорат ва худназорат мугузарад. Машқҳо асосан ба ду гурӯҳ-забонӣ ва нутқи ҷудо мешаванд, ки ҳар кадом намудҳои мухталиф доранд.      [3, 240]

        Машқҳои забонӣ ба ташаккули тасаввуроти системаи оди ба забон, ҳисаҳои нутқ ва таъсири мутақобилаи онҳо равона шудаанд. Машқҳои нутқи ба инкишофи маҳоратҳои нутқи равона шуда, ҳадафи коммуникативӣ дорад. Машқҳои забони бештар тамоили назаряви ва машқҳои нутқи тамоили амали доранд. 


----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он

Ҳуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои xамиятии одамон.   Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда …

Тарбияи экологии хонандагон

  Экология ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҷузъи илми биологӣ буда, қонунияти якҷояамалкунӣ ва муносибатҳои дутарафаи …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *