Адабиёт

Суханвари хамчун илм

Суханвари хамчун илм »

Сайидои Насафӣ

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар, Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон! Аз иттифоқи мӯрчагон ғофили магар В—арна чаро ҳақир шуморию нотавон? (Сайидои Насафӣ) Тарҷумаи ҳол Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, дар он рӯзгор соҳибиззат буданд. Касби бофандагӣ меҳнати душворр... »

Қофия ва радиф

Қофия калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш пушти сар, охири ҳар чиз, аз пай раванда мебошад. Дар забони тоҷикӣ баъзеҳо калимаи пасованд (шакли мухаффафи он пасванд)-ро ба маънои қофия ба кор бурдаанд. Шоири асри ёздаҳ- Лабибӣ мегӯяд: Ҳама ёва, ҳама хому ҳама суст, Маъонӣ аз чакова то пасованд. Дар илми забоншиносӣ пасовандро ба маънои пасоянд— як ҳиссаи охири калима, ки маънои онро тағйир мед... »

Шавкати Бухороӣ

Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат, Ба ширинӣ даҳони морро тунги шакар кардам. Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ӯ тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдӯсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба дунё омадааст. Аз ин рӯ, Шавкат ҳамаи илмҳои ҷории замон... »

Абдурраҳмони мушфиқӣ

Ба арзи ҳол ҳоҷат, Мушфиқӣ нест, Агар авроқи девони ман он ҷост. Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад. «Ѓариби м... »

Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри xvi ва асри xvii

а) Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ва Эрон дар нимаи дуюми асри XVI Дар таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон асри ҶVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм дар қаламрави мазкур шиддат мегирад. Заминаҳои ин таназзул нисбатан барвақттар оѓоз гардида буд. Зуро пас аз вафоти Темур (1336-1404) меросхорони ӯ барои соҳиб шудан ба тахт сар бардошта, оромии мамлакатро халалдор мекарданд. Баъдтар империяи Тем... »

Шоҳнома ва қисматҳои он

  «Шоҳнома» аз муқаддима ва се кисми асосӣ иборат аст. Дар муқаддима монанди достонҳои дигари давраи классикӣ ҳамду наът, гуфтор андар ситоиши хирад, гуфтор дар бораи офариниши ҷаҳон ва мардум, офтоб ва моҳ, ситоиши пайѓамбарон ва ёронаш, саргузашти Дақиқӣ бунёд ниҳодани китоб ва ѓайра дохил шудааст. Қисми якуми «Шоднома» аз муборизаи ду қувваи асосии ҷаҳон— Аҳура Маздо — Ҳурмуз ва Аҳриман, к... »

Шеърхои шоир ва нависандаи точик Садриддин Айни

САДРИДДИН АЙНИ САҲАРГОҲОН Сахаргоҳон, ки булбул дар наво шуд, Гул аз шоди шукуфту ғунча во шуд. Шумо, эй булбулони боғи мактаб, Саҳаргоҳон набояд хуфт ҳар шаб. Шумо ҳам дар наво оед, бояд, Ки то аз боғи маъни гул кушояд. Саҳаргоҳон гулистони дабистон. Тароватбахш бошад чун гулистон. Чаро аз ин гулистон гул начинед? Чаро дар кунчи бекорй нишинед? Чй хуш гуфтаст як донои асрор, Ба гуфтори хуши у гўш... »

Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи  Рӯдакӣ

Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи  Рӯдакӣ Дар эҷодиёти ин шоири бузурги асри Х ва сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдӯллоҳи Рӯдакӣ масъалаҳои тарбияи ахлоқу одоб, омӯхтани илму ҳунар  мавқеи мнамоён ишғол менамояд. Ин хусусиятро дар эҷодиёти аксарияти шоирони асри Х ва асрхои минбаъда дидан мумкин аст. Ҳатто баъзе шоирони тоҷик дар эҷодиёти худ ба масъалаи ахлоқу одоб чунин мавқеи кало... »

Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209)

Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209) Монанди он ки пеш ва пас аз “Шохнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва қасидаҳои Носири Хусрав маснавиҳои қаҳрамонӣ, рубоиёт ва қасидаҳои диниву ахлоқӣ бисёр гуфтаанд, вале касе ба пояи онҳо нарасидааст, ҳеч шоире низ на пеш ва на пас аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ асаре наофаридааст, ки бо он баробарӣ бикунад. Шоир панҷ маснавӣ — панҷ ганҷашро, барҳ... »