Ҳуқуқ ва давлат

Мақомоти амнияти миллӣ

Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии системаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд. Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Кумитаи давлатии амнияти миллии ... »

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷ... »

Мақомоти корҳои дохилӣ

Қисмати асосии таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ин милитсия мебошад. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти милитсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17.05.2004, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд. Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, т... »

Мақомоти прокуратура

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Прокуратураи инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон» аз 25.06.2005 ва дигар қонунҳои... »

Мақомоти судӣ

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумpҳурии Тоҷикистон танҳо ба суд тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шаҳсон ҳуқуқӣ ба зиммаи худ ҳуқуқи гирифтани адолати судиро надоранд. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия амал менамояд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи судя вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис... »

Мафҳум ва намудҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин муқаррароти конститутсионӣ бар дӯши давлат яке аз муҳимтарин вазифа – ҳимоя намудани ҳуқуку озодиҳои эълонгашатро вомегузорад. Умуман, дар илми ҳуқуқшиносӣ ду намуди ҳимоя намудани ҳуқуқ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниро ҷудо менамоянд. Аввалан, бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, беҳтар на... »

Соҳаҳо ва институтҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ

Соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ аз маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат мебошад, ки гурӯҳи муайяни муносибатҳои байналхалқиро ба танзим медарорад. Соҳаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ инҳоянд: Ҳуқуқи шартномаи байналҳалқӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналҳалқӣ мебошад, ки аз маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат буда, тартиби бастан, иҷро кардан ва бекор намудани шартномаи бай... »

Субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ

Субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқиро меноманд, ки дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии байналхалқӣ буда, соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои байналхалқӣ буда, дар коркард ва амалигардонии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ метавонанд бевосита иштирок намоянд. Дар илми ҳуқуқи байналхалқӣ нишонаҳои зерини субъекти ҳуқуқи байналхалқиро пешниҳод менамоянд: Субъектони ҳуқ... »

Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ

Дар назарияи ҳуқуқӣ дар зери мафҳуми сарчашмаи ҳуқуқ шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқро мефаҳманд, яъне сарчашмаҳои ҳуқуқ ин санадҳо ё ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар он қоидаҳои рафтори субъектони ҳуқуқ мустаҳкам гардиданд. Мисол, Конститутсия, қонун, кодекс, қарор ва монанди инҳо. Барои он ки субъектони ҳуқуқ донанд ҳангоми ворид шудан ба ягон муносибати ҳуқуқӣ кадом рафтор иҷозат дода мешавад,... »

Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ

Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта асосҳо ва ғояҳои роҳбарикунадаи фаъолияти субъектҳои ҳуқуқи байналҳалқӣ меноманд, ки табиати асосии ҳуқуқи байналхалқиро баён намуда, нисбати меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ доранд. Ба принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ хусусиятҳои зерин хос аст: Принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ қисми таркибии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд... »