Суббота , 14 декабря 2019
Главная / Забони точики / Чанд мулоҳиза оид ба натиҷаҳои конференсияи забоншиносони Тоҷикистон дар соли 1964

Чанд мулоҳиза оид ба натиҷаҳои конференсияи забоншиносони Тоҷикистон дар соли 1964

Моҳи октябри соли 1964 (6-уми октябр) дар шаҳри Душанбе конференсияи умумиҷумҳурии забоншиносӣ доир гардид, ки баъд аз Анҷумани забоншиносии соли 1930 дувумин рӯйдоди муҳим дар фаъолияти фарҳангии ҷумҳурӣ дар солҳои Шуравӣ буд. Ҳарчанд ки баргузоркунандагони ин конференсия даъвати онро баъд аз «совешчания»-ҳои соли 1938 (ду совешчания), ки асосан барои иваз кардани алифбои лотинӣ ба русӣ ва ба сиёсати рӯз мутобиқ гардонидани масъалаҳои грамматика, имло ва истилоҳоти тоҷикӣ даъват гардида буданд, идомаи мантиқии сиёсати забонии ҳамон давра медонистанд, вале сатҳи баргузорӣ, ширкати васеи кормандони риштаи филологияи ҷумҳурӣ, масъалагузории он ба сатҳи анҷумани забоншиносӣ баробар будани ин конференсия далолат мекард. Дар кори ин конференсия «ҷонишини Раиси Совети Вазирони» Тоҷикистон М. Каримова ва «мудири шуъбаи илм ва маданияти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон рафиқ Р. Додобоев», иштирок доштанд, ки аз муҳиммияти масъалаҳои баррасишаванда дарак медод. Маърӯзаи асосии конференсия таҳти унвони «Вазъияти забоншиносӣ ва вазифаҳои забоншиносони тоҷик» аз тарафи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Ниёзмуҳаммадов пешниҳод гардид. Он аз бахшҳои «Шевашиносӣ», «Оид ба грамматикаи забони адабии тоҷикӣ», «Луғатшиносӣ», «Масъалаи терминология ва имло» иборат буда, як навъ ҳисоботи фаъолияти илмиву тадқиқотии Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ дар солҳои охир буд. Ба ғайр аз маърӯзаи асосӣ чанд маърӯзаи иловагии дигар пешниҳод гардид, ки дар байни онҳо маърӯзаҳои устоди зиндаёд Ҳилол Каримов таҳти унвони «Дар бораи роли забони русӣ дар тараққиёти забони ҳозираи тоҷикӣ» ва устоди фақид Муҳаммадҷон Шакурӣ бо номи «Оид ба масъалаҳои терминологияи забони ҳозираи тоҷикӣ» ба сиёсати рӯз ҳамнаво ва хотирмон буданд. Дар ҷараёни ин конференсия нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, олимону донишмандон Ҳусейнзода Ш, Табаров С, Фозилов , Ҷалолов, Бухоризода ва дигарон суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ баён доштанд. Албатта, дар ин мақола ба тамоми масъалаҳои мавриди баҳси ин конференсия равшанӣ андохтан аз имкон берун аст. Бинобар ин кӯшиш мешавад, ки бештар оид ба сабабҳои даъвати ин конференсия ва муносибати баргузоркунандагони конференсияи мазкур ба масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ ва роҳҳои ташаккулу ҳамгунсозии онҳо равшанӣ андозем.

Бояд гуфт, ки аз охири солҳои 50-уми садаи гузашта дар рушду такомули забони тоҷикӣ, аз ҷумла шохаи истилоҳсозии он як нав ҷунбу ҷӯши эҳтиёткорона дар шакли руҷӯъ ба манбаи миллӣ ва ислоҳи баъзе истилоҳоти нодуруст ва ҳамчунин кӯшиши камҷуръатонаи истифодаи луғоту истилоҳоти навсохти иҷтимоӣ ва сиёсии ҳамзабонон пайдо мешавад. Омилҳои барангезонда ва сабабҳои асосии ин ҷараён ба назари мо чунин буданд:

— «Нармиш»-и нисбие, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар (пас аз анҷумани XX Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, 1956) падид омад;

— Нашри як силсила осори барҷастаи илмӣ ва фарҳангии адабиёти классикӣ ба алифбои нави тоҷикӣ (кирилӣ);

  • Баланд шудани сатҳи саводнокии аҳолӣ ва ошноии амиқтар ба таъриху фарҳанги худ;
  • Густариши робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо мамолики Шарқ, аз ҷумла Эрону Афғонистон, рафту омади ҳайатҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, ҳамкориҳои адибону олимон, чопи намунаҳои назму насри адибони муосири кишварҳои ҳамзабон ва монанди он;
  • Боз шудани шуъбаҳои форсӣ ва арабӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, таъсиси Шӯъбаи мустақили шарқшиносӣ дар Академияи илмҳо ва оғози мутолиа ва таҳқиқи таърих, адабиёт ва иқтисоди муосири кишварҳои ҳамзабон;
  • Оғози рафту омади як қатор кормандони илмӣ ва маорифу матбуот ба Эрону Афғонистон ба сифати тарҷумон ва монанди он.

Зери таъсири ин авомил дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллот кам-кам суханон фаромӯшшуда ва истилоҳоти нав пайдо шуд, ки дар муқобили луғату истилоҳоти русӣ истифода гардиданд, аз қабили «анҷуман» ба ҷои «съезд», «донишгоҳ» ба ҷои «университет», «донишҷӯ» ба ҷои «студент» ва ғайра. Ин кор ҳанӯз ҷанбаи расмӣ надошта, балки ташаббуси ашхоси алоҳида буд.

Ана ҳамин ташаббуси шахсони алоҳида ва истифодаи васеи калимаву вожаҳои навомад дар байни омма ва аз ҳама муҳимтар зери таъсири омилҳои нармиши сиёсии солҳои панҷоҳуми садаи ХХ пайдо шудани равия ва ақидаҳои асосноки илмӣ оид ба роҳҳои рушди табиии забони тоҷикӣ, истифодаи бештар аз захираҳои дохилии забон дар истилоҳсозӣ, ба асолати таърихии густариши забон рӯй овардани шумораи бештари адибону донишмандони ҷавон боис шуд, ки дастгоҳи идеологии вақт ба даъвати чунин конференсия иқдом кунад. Инро мо дар худи матни маърӯзаҳои асосӣ ва иловагии конференсия низ дида метавонем. Қисмати бештари маърӯзаи асоси ба ҳисоботи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ бахшида шуда, фақат дар бахши «Масъалаи терминология ва имло» мо равиш ва ақидаи сиёсии сухангӯйро (Ниёзмуҳаммадов Б) эҳсос мекунем. Ӯ дар ин бахш мегӯяд: «Дар кор фармудани термину калимаҳо солҳои охир як камбудии ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Ҳоло терминҳои донишкада, донишгоҳ, донишҷӯй ва ғайраҳо дар матбуот, нашриёт ва радиою телевизиони республикаамон фаровон ба кор бурда мешаванд. Аз ин терминҳо донишкада ва донишгоҳ ба ҷои мактабҳои олӣ, донишҷӯй ба ҷои студент ба кор бурда мешавад.

Терминҳои мавҷудаи советӣ ва интернатсионалӣ ба ҳама мафҳум буда, худсарона ба терминҳои номафҳум ва бегона иваз кардани онҳо ғалат аст ва хеҷ кас ҳақ надорад, ки онҳоро бо ихтиёри худ иваз намояд ва ё тағъир диҳад». Тавре ки аз ин иқтибос бармеояд, Б. Ниёзмуҳаммадов истилоҳҳои «донишкада», «донишгоҳ» ва «донишҷӯй» -ро истилоҳҳои «номафҳум» ва «бегона» ҳисобида, истилоҳҳои советиву интернатсионалии «студент» «университет» «институт» ба қавли ӯ истилоҳҳои «ба ҳама мафҳум» мебошанд. Ӯ истифодаи истилоҳхои ноби тоҷикиро дар матбуоти кишвар «як камбудии ҷиддӣ» ҳисоб мекунад. Сухангӯи дигар номзади илми филологӣ Муҳаммадҷон Шукуров «Оид ба масъалаҳои терминологияи забони ҳозираи тоҷик суханронӣ карда, эҳтиёткорона амал намуда, доир ба ин мавзӯъ аз ҷумла чунин мегӯяд: «Баъзан дар забони тоҷикӣ мактаби олиро донишкада, программаро барнома, самолётро ҳавопаймо низ мегӯянд. Ба фикри мо, бо мақсади таъмини якхелагии истилоҳот истеъмоли ин калимаҳоро манъ кардан лозим нест. Мо чун истилоҳ калимаҳои «институт», «университет», «программа», «самолёт»-ро қабул кардаем. Агар номи институтеро гуфтанӣ бошем, масалан мегӯем: Институти педагогии давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко. Лекин дар дигар мавридҳо бо мақсадҳои услубӣ калимаи «донишкада»-ро низ кор фармудан мумкин аст. Ё ки «Программаи КПСС»-ро барномаи КПСС гуфтан ҳаргиз мумкин нест, вале дар радио ибораи «барномаи кӯдакон», «барномаи занон» ва ғайра ҷоиз аст». Масъалаи ҳамгунсозии истилоҳот низ яке аз масъалаҳои асосии бахши истилоҳшиносии ин конференсия буд. Ба қавли устод Шакурӣ «яке аз вазифаҳои муҳими мо таъмини якхелагии истилоҳот аст…. дар таъмини якхелагии он эҳтиёт шудан лозим аст». Ӯ дар ҳамгунсозии истилоҳот дугонагиро роҳ дода пешниҳод менамояд, ки дар ҳолатҳои расмӣ, масалан, дар навишти номи идораҳо ва номгӯи истилоҳҳои муҳим ҳамон шакли қабулшудаи иқтибосии русиро нигоҳ дорем ва фақат дар ҳолатҳои ғайрирасмӣ ва навишти озоди мафҳумҳо истилоҳҳои навомадро истифода кунем. Дар ин бахш ӯ ба забони русӣ ва истифодаи таҷрубаҳои он дар истилоҳшиносӣ бартарӣ медиҳад. Ӯ менависад: «Истилоҳоти тамоми халқҳои СССР ба он истилоҳоте, ки дар забони русӣ қабул шудаанд, бояд то ҳадди имкон наздик бошад, то ки аз комёбиҳои илми советӣ баҳраманд гардидани фарзандони халқҳои гуногуни Ватани мо осон шавад». Дар маърӯзаи устод Шакурӣ пешниҳодҳои ҷолиби илмӣ барои таҳияи истилоҳоти илмӣ, муайян кардани принсипҳо ва усулҳои асосии истилоҳоти забони тоҷикӣ, иштироки мутахассисони забоншинос дар таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ дида мешавад, ки мутаассифона, то ба ҳол бархе аз онҳо амалӣ нашудаанд.

Имрӯз, ки устоди гиромиқадр ва зиндаёд М. Шакурӣ дар байни мо нест ва ин ҷаҳони фониро падруд гуфтааст, бояд барои қадршиносии ӯ аҳамияту мубрамияти гуфтаҳо ва навиштаҳои ин донишманди муқтадирро таҳлили илмӣ намоем. Дар ҳамин мақола устод чанд нуқтаи муҳими илмиро ироа доштааст, ки дар он замона гуфтан ва чоп кардани онҳо хеле ҷасуриву қаҳрамониро талаб мекард. Аз ҷумла, устод доир ба истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои дохилии забонамон сухан гуфта ин масъаларо ӯ асоси густариши истилоҳоти забон медонад. Дар намунаи истилоҳоти ситорашиносӣ устод Шакурӣ исбот мекунад, ки рӯ овардан ба омӯзиш ва пажӯҳиши осори адабиёти классикӣ ва дар асоси онҳо омӯхтан ва интихоб кардани истилоҳоти забон яке аз василаҳои асосии мустаҳкам кардани пояҳои илмии истилоҳсозии забони тоҷикӣ мебошад. Ӯ менависад: «Яке аз шартҳои принсипи илмии терминология ин аст, ки аввал роҳҳои асосии истилоҳсозии халқӣ ва классикиро муайян кардан лозим аст. Мо аввал бояд донем, ки халқи тоҷик бо кадом роҳҳо истилоҳ месохт, чунончи истилоҳоти деҳқонӣ, бинокорӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва ғайра ба чӣ тариқ сохта шудаанд. Албатта истилоҳсозии мисгарони пештараро ба истилоҳоти илму техникаи имрӯза айнан татбиқ кардан мумкин нест. Вале бо камоли боварӣ бояд гуфт, ки дар истилоҳоти ҳунармандони пештара бисёр ганҷинаҳо пинҳон аст, онҳоро ошкор кардан лозим аст».

Тарҷумазадагӣ ё истифодаи бемавриди тарҷумаи таҳтуллафзӣ дар матбуот ва идораҳои расмӣ низ устод Муҳаммадҷон Шакуриро ба ташвиш овардааст. Ӯ менависад: «Бисёр истилоҳоти нодуруст аз нӯги қалами шикастаи баъзе тарҷумонҳо мебарояд. Баъзе тарҷумонҳои мо мутахассиси хуби ягон соҳаи илм ҳастанд, вале дар забон салоҳият надоранд. Онҳо тарҷумаҳое мекунанд ва истилоҳоте месозанд, ки ба қоидаи забон мувофиқ намеояд».

Баъзе аз пешниҳодҳои устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурӣ, аз қабили бартарӣ додан ба истилоҳҳои худӣ дар бахши ситорашиносӣ дар «Принсипҳои терминологияи забони тоҷикӣ» (соли 1972) ба назар гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дид, ки солҳои шастум давраи авҷи ба ҳам наздикшавии халқҳои Шуравӣ ва пайдо шудани умумияти нави ҷомеаи Шуравӣ ба ҳам «Халқи советӣ» буд. Конференсияи забоншиносии соли 1964 низ ҳадафи мустаҳкам кардани ин сиёсатро дошт ва ҳамин буд, ки истифодаи истилоҳҳои навбаромади тоҷикиро манъ намуд.

Тамаркузи шадиди қудрати давлатӣ ва сиёсӣ баъди солҳои 30-юм, афзоиши нақши забони русӣ дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шиорҳои «Ба ҳам наздикшавии халқҳо ва забонҳои СССР» дар охири солҳои 60-ум, назарияи «дузабонӣ дар СССР» дар солҳои 70 ва аввали 80-уми ва амсоли он заминаи муносиб ва равишу бархӯрди солими сиёсии солҳои аввали 20-умро тахриб карда, боиси таҳриф ва дурӯғбофиҳои ғайри илмӣ дар чунин масъалаи ҳассос ва нозук мисли забон гардиданд, ки имрӯз таъсир ва оқибатҳои сиёсатҳои болоро дар вазъи истилоҳоти забони хеш мушоҳида мекунем

Инқилоби Октябр, сохти сотсиалистӣ ва нуфӯзи тамаддуни нав аз тариқи забони русӣ боиси таҳаввул ва дигаргунии ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии мо гардид. Дар натиҷа ҳазорон вожаи нав вориди ҳавзаи зиндагонии мо шуда миқдори зиёди луғат ва истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсии даврони гузашта ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд. Татбиқи ин дигаргуниҳо бисёр масъалаҳои нави таърихӣ, фарҳангӣ, равонӣ, аз ҷумла забониро падид овард ва таркиби луғавии забони моро то ҳудуде тағйир дод.

Бояд гуфт, ки дар даврони шӯравӣ забони русӣ дар дастгоҳҳои бунёдии забон – овоӣ, сарфӣ ва наҳвии забони тоҷикӣ низ то андозае мудохила карда ва таъсир ҳам гузоштааст. Масалан, дар системаи овоӣ талаффузи истилоҳоти байналмилалӣ ва русӣ:

— ба ҷои кумунист – коммунист, империёлизм- империализм, прулетор – пролетар, фобрик – фабрика;

— қабули ҳарфҳои овозҳои «ц», «щ» ва талаффузи онҳо ба шакли русӣ: цирк, цемент;

— қабули ҳарфҳои «ы», ки тоҷикон бедуни машқу тамрини махсус онро талаффуз карда наметавонанд: выставка ва ё аломати ҷудоӣ «ь», ки дар таркиби калимаҳои тоҷикӣ хеҷгуна нақш ва таъсире надошт: бисьёр дарьё.

Зимнан бояд гуфт, ки дар китобҳои дастури забони тоҷикӣ қоидаҳое барои онҳо сохта шуда ва дар «Установка» ва «Принсипҳои терминологияи забони тоҷикӣ» ҳам тарзи навишт ва талаффузи онҳо муайян гардида буд.

Дар дастгоҳи наҳвии забон ҳам ба тақлиди қолабҳо ва стандартҳои забони русӣ ва аз тариқи русӣ ибораҳои нодуруст, аз қабили «ванна қабул кардан» (дар тоҷикӣ «ҳамом кардан» мавҷуд аст), ё «дарс гирифтан» ба ҷои «дарс хондан». Ва ё сохтани шаклҳои нави ҷумлабандӣ чун: «Ӯ гуфт: Ман фардо омада наметавонам», «Имсол барои мо соли хубе набуд — навишта буд ӯ» ва ғайра ворид гардид. Аз ҳамин гурӯҳанд ибора ва таркибҳое, ки дар форсӣ ба тақлиди забонҳои ғарбӣ ва дар тоҷикӣ мутобиқи қолабҳои русӣ сохта шудаанд: Чаро на?, нуқтаи назар, (дар ашъори Мавлавӣ гоҳе ба шакли «назаргоҳ» омадааст. Дар форсӣ баъдтар онро ба «дидгоҳ» табдил кардаанд), «дар робита», «дар иртибот» (дурусташ «дар бораи», дар қадим ба сурати «андар» ва «сипас дар» маъмул будааст), «бар алайҳи» (дар замони Машрутияти Эрон пайдо шуда аст ва имрӯзҳо дар радиову телевизион ва матбуоти Тоҷикистон ҷорӣ шуда истодааст).

Раванди мулоҳизакорона ва муҳофизакоронаи рушду такомули забони тоҷикӣ ва истилоҳсозӣ, ки аз солҳои 60-ум оғоз гардида буд, пас аз тағйири хати сиёсии давлати шӯравӣ ба номи «бозсозӣ» бебоктар ба сӯи асли худ ва раҳоӣ аз меъёрҳои маснӯӣ гом мебардошт. Дар ин раванд илова бар авомили фарҳангӣ нақши касоне, ки дар ин солҳо барои кор ба Афғонистон рафта буданд, ба назари мо қобили мулоҳиза мебошад.

Тавре ки медонем, солҳо 1980-1989 теъдоди зиёди кормандони илмӣ, маорифу маданият, матбуот, Вазоратҳои дохилаву бехатарӣ ва ҳизбиву давлатӣ (аз рӯи баъзе муълумотҳо 15 ҳазор нафар) барои иҷрои «қарзи интернатсионалӣ» ба Афғонистон фиристода шуданд. Дар бозгашт ин ашхос як силсила луғатҳои муравваҷ ва истилоҳоти он диёрро бо худ оварданд ва дар гуфтору навиштори худ гоҳо ба маврид ва гоҳо бе маврид онҳоро ба кор бурданд. Як қисми ин луғоту истилоҳот чун дар забони тоҷикӣ собиқаи таърихӣ дошта ва ё ба табиати он созгор буданд имрӯз ҳам дар китобҳо ва матбуоту васоити иттилооти умум истифода бурда мешаванд.

Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон, махсусан дар солҳои аввал дар инкишофи забони тоҷикӣ ва истилоҳсозии он давра растохези аҷибе падид омад.

Маҳдудияту мамониатҳо ва «сензура» аз байн рафт ва истилоҳоти фаровони навсохт аз форсии Эрон ва дарии Афғонистон дар забони гуфтор ва навиштор иқтибос гардид. Ба таври куллӣ дар ин ҷунбиш ду шеваи бархӯрд баръало намоён шуд. Як гурӯҳ фарҳангиёну аҳли матбуот истилоҳоти сиёсиву иҷтимоиеро, ки солҳои сиюм барканор гардида буданд, монанди анҷуман, рӯзнома, шӯро, инқилоб ва ғайраро дубора зинда карда, худ низ луғоти наве аз қабили «чархбол», «сарқонун», «чипта» ва амсоли он сохтанд. Гурӯҳи дигари нисбатан радикал гузашта аз ин истилоҳоти сиёсиву иҷтимоии навсохти форсиро меъёри асосӣ ва намунаи олии вожагузинӣ пазируфта, онҳоро ба ҳамон шакл истифода карданд. Кор ба ҷое расида буд, ки дар баъзе мавридҳо бидуни риояти системаи овоии таърихии забони тоҷикӣ «Эрон»-ро ба «Ирон» ва «Эмом»-ро ба «Имом» ва амсоли он табдил карда, ҳатто дар гуфтор ва суханрониҳои худ оҳанги ҷумлаҳоро ҳам ба шакли муравваҷи форсии кунунӣ талаффӯз мекарданд, ки имрӯз ҳам баъди гузашти солҳо дар матбуоти кишвар ба таври фаровон дида мешавад.

Ҷои шӯбҳа нест, ки масъалаҳои истилоҳот, махсусан системаи истилоҳсозии забони тоҷики ниёз ба бознигарӣ ва такмил дорад. Вале ин раванд бояд бидуни таассуб ва тақлидкориҳои хилофӣ табиати хоси забони тоҷикӣ сурат гирад, то он ки чеҳраи зебо ва вижагиҳои таърихии онро, ки аз гузаштагон ба мо расидааст, бо ҳамон рангорангӣ ба ояндагон мерос гузорем.

0 Загрузки

----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Забони тоҷикӣ нахустунсури пояи фарҳангии миллат

Забон бузургтарин сармояи фарҳангӣ ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату …

Масъалаҳои стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ

Фаъолияти стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти илмиву техникӣ яке аз бахшҳои муҳими истилоҳшиносӣ буда, ҳадафи он …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *