Суббота , 14 декабря 2019
Главная / Забони точики / Истиқлол ва забоншиносии тоҷик

Истиқлол ва забоншиносии тоҷик

Истиқлол ва равандҳои сиёсиву фарҳангии давраи навини рушди таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди равшанфикрон ва зиёиёни кишвар вазифаҳои нав мегузорад. Дар ин марҳилаи таърихсоз муайян кардани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва бад-ин василаву роҳҳои дигар таъмини истиқлолияти фарҳангӣ аз вазифаҳои асоситарини на танҳо равшанфикрон ва аҳли зиё, балки ҳар фарди тоҷик мегардад. Тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён» мефармояд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст.» Дар ин ҷода бояд олимон ва донишмандони риштаи забон ва адабиёт дар сафи пеши мубориза қарор гиранд. Бинобар ин дурнамои рушди илми филологияи тоҷик пеш аз ҳама ба сатҳи тайёрии касбии донишмандони ин ришта сахт марбут аст. Тайёрӣ ва омодагии касбии онҳо дар навбати худ ба ҳосил кардани донишу малакаи илмӣ, истифода аз дастовардҳои охири илму техника, амиқ ва ҳамаҷониба омӯхтани забону фарҳанги миллат дар асоси усулхои нави таҳқиқоти илмиву амалӣ алоқаманд аст. Махсусан, дар асарҳои имсол чопшудаи Президенти кишвар Э.Ш. Раҳмонов «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва дар китоби сеюми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба масъалаҳои инкишофи илми забоншиносии кишвар, пажӯҳиши таърихи забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳову шеваҳои он, таҳқиқи забонҳои эронитабор ва инкишофи забоншиносии муқоисавӣ аҳамияти зиёде дода, самтҳои асосии пешрафти илми забоншиносӣ муайян шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Институти забон ва адабиёти ба номи номи Рӯдакии Академияи илмҳо дар тӯли беш аз 70 соли умри хеш ба таври расмӣ маркази асосии илми забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ ва ҳамоҳангсози тамоми таҳқиқот ва баррасиҳо дар ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ комёбиҳои илми забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик дар бисёр маврид бо номи ин Институт ва донишмандони машҳури он вобаста аст.

Шӯъбаҳои забон ва луғат яке аз бахшҳои асосӣ ва бисёр калони Институт ҳисобида мешаванд. Аз солҳои 30-юми асри гузашти то ба имрӯз тамоми масоили вобаста ба таърихи забони тоҷикӣ ва таҳаввулу инкишофи он дар як асри охир дар ҳамин марказ таҳқиқу баррасӣ шуда, рисолаҳои гуногуни илми ва тавсияҳои асоснок дар мавриди дурнамо ва Рушду тараққии минбаъдаи он ба ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии кишвар пешниҳод шудааст. Аз ҷониби донишмандони Шӯъбаи луғат бошад даҳҳо фарҳангҳои дузабона ва Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ таҳия ва нашр шудааст.

Пас аз эълони истиқлолият ба ҳамагон маълум аст, ки нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуда ва вазифаҳои ниҳоят ҷиддӣ дар назди он қарор гирифтааст, ки мутолиа ва барасии илмии онҳо бояд ба таври академикӣ анҷом гирад. Аз ин сабаб аз ҷониби давлат ва чомеа дар назди Институти забон ва адабиёт вазифаҳои ниҳоят мухим гузошта шудааст.

Аз ҷумла, Президенти кишвар муҳтарам Э.Ш. Раҳмонов дар суханронии хеш ҳангоми мулоқот бо зиёиён дар соли 2004 фармуда буданд:

«Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он, аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад. Ҳамчунин зарурати эҷод ва эҳёи забони илмии тоҷикӣ расидааст, ки ин ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини муҳақиқон ва зиёиён, аз ҷумла Институти забон ва адабиёт аст».

Дар ин иртибот бояд гуфт, ки Институт ҳам аз лиҳози созмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтидори илмӣ имконоти кофӣ дорад, ки бо ҷалби донишмандон ва мутахассисони варзидаи дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурӣ ба хубӣ аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо барояд. Вале барои таҳқиқи гуногунҷабҳаи забоншиносӣ бояд нақши Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҳамчун маркази ҳамоҳангсози саросари ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад. Имрӯз Институти забон ва адабиёт дар мавзӯъҳои таҳқиқ ва пажӯҳиши марҳилаҳои таърихии ташаккули забони тоҷикӣ ва риштаҳои мухталифи он вожашиносӣ (лексикология), калимасозӣ, сарфу наҳв, пажӯҳиши этнолингвистии забонҳои помирӣ ва яғнобӣ, забони меъёр ва проблемаҳои он, имло ва орфография, таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона ва чандзабона, таҳияи фарҳангҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, синонимҳо, антонимҳо ва ғ.) таҳқиқот анҷом медиҳад.

Таҳқиқи марҳилаҳои таърихии ташаккули забони тоҷикиро метавон ба се марҳилаи бузург (бостон, миёна ва нав) тақсим карда, тамоми ин марҳилаҳоро аз лиҳози вожашиносӣ, сарфу наҳв ва робитаҳои байни забонҳои эронӣ ва забонҳои ғайр мавриди баррасӣ қарор дод. Ин масъала дар забоншиносии тоҷик то ба ҳол мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор нагирифтааст. Умуман, аз нуқтаи назари забоншиносии эронӣ таърихи забон саҳифаҳои торику норавшан хеле зиёд дорад ва таҳқиқоту пажӯҳишҳои илмии зиёдеро тақозо дорад. Барои таҳқиқи таърихи забони тоҷикӣ аз лиҳози муқоисавӣ дар таърихи забоншиносии мо корҳои зиёде анҷом нагирифтааст. Дар ин самт ҳатто дар даврони шӯравӣ нарасидани кадрҳои болаёқати донишманд эҳсос мешуд. Имрӯз талабот ба ин гуна кадрҳо рӯз то рӯз бештар мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» барҳақ қайд мекунад, ки «Имрӯз низ таваҷҷуҳ нисбат ба забоншиносии муқоисавӣ кам нагардида, таҳқиқотҳо дар марказҳои забоншиносии Аврупо бо суръати беш аз пеш идома дорад ва ҳар соле дар ин мавзӯъ шумораи зиёди мақолаҳо ва осори тадқиқотӣ мунташир мешавад. Ба ақидаи ман, дар ин самт олимони тоҷик бояд пешсаф бошанд, лекин, мутаассифона, мутахассисони таърихи забон ва забоншиносии муқоисавӣ дар Тоҷикистон хеле каманд. Ин камбудӣ бояд ба таври ҷиддӣ ислоҳ шавад ва мутахассисони донишманд ба сатҳи имрӯзии илмӣ дар муассисаҳои таҳқиқотӣ ва марказҳои илмӣ мебоист ба воя расонида шаванд.» Ин гуфтаҳо дар назди забоншиносони кишвар вазифаҳои масъулитнокро мегузорад. Пеш аз ҳама, барои дар амал татбиқ намудани фармудаҳои муаллифи ин китоб робитаҳои илмиро бо марказҳои машҳури эроншиносӣ, аз қабили мактабҳои эроншиносии шаҳрҳои Берлин (Олмон), Санкт-Петербург, Москва (Руссия), Прага (Чехия), Лондон (Англя), Ереван (Арманистон), Боку (Озарбойҷон), Тбилиси (Гурҷистон), марказҳои илмии Эрон ва ғайра барқарор карда, бо роҳи дастгирии моддӣ ва маънавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳо ва мутахассисони ҷавону боистеъдоду лаёқатмандро барои таҳсил ва азхудкардани донишҳои эроншиносӣ, таърихи забонҳои эрони, таҳқиқи муқоисавии забонҳои эронӣ ва дигар забонҳои дунё ба ин марказҳо ирсол намоед. Махсусан, пажӯҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихи этникӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи этнонимии тоҷик барои устуворсозии босанад ва бо далели мавҷудияти миллати тоҷик дар вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик аҳамияти ҳалкунанда касб мекунад. Чуноне ки Президенти кишвар дар мавриди бо ҳам алоқаманд будани тамаддуни ориёӣ ва халқи тоҷик ва махсусан пайванди этникии номҳои тахориҳо, бо истилоҳи чиниҳо «та-юеҷиҳо» ё «да-юеҷиҳо» ва тоҷик қайд мекунад: «Қабилаҳои нахустини юеҷӣ, ки ба Бохтар омада, ба қавмҳои бумӣ омезиш ёфтанд ва пойдевори давлати кӯшониҳоро дар ин сарзамин бунёд гузоштанд, дар асноди чинӣ баъзан ба номи та-юеҷиҳо ё да-юеҷиҳо ёд мешаванд. Чуноне ки дар китоби дуюми «Аз Ориён то Сомониён» зикр кардаам, таърихшиносон бояд ба номи қабилаи та-юеҷи таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иртиботи онро бо ҷанбаҳои этникии пайдоиши ниёгони тоҷикон ва истилоҳи тоҷик мавриди тадқиқ қарор бидиҳанд.» Месазад, ки дар шароити имрӯз бо назардошти аҳамияти сиёсӣ ва давлатӣ пайдо кардани таҳқиқоти тоҷикшиносӣ дар кишвар пажӯҳишҳои гуногуни дар ин мавзӯъ анҷомёфта ва ё идомадошта дар як маркази умдаи таҳқиқотӣ ҷамъ оварда шуда, самтҳои афзалиятноки он аз дидгоҳи аҳамияти сиёсӣ ва давлатӣ муайян шавад. Бояд гуфт, ки ҳангоми муайян кардани ин самтҳо масъалаҳои таҳқиқоти этнолингвистӣ ва этносотсио лингвистӣ ба назар гирифта шаванд.

Этнолингвистика илмест, ки алоқамандии забон ва этносро меомӯзад. Ин соҳаи забоншиносӣ ба мардумшиносӣ, лаҳҷашиносӣ, фолклоршиносӣ, равоншиносӣ ва таърихи забон алоқаманд аст. Омӯзиши этнолингвистика барои равшан намудани баъзе масъалаҳои печидаи равобити забон ва этнография, забон ва фарҳанг, забон ва асотир, забон ва фолклор аҳамияти илмиву назариявӣ дорад. Масалан, аз лиҳози лингвистӣ ва этнолингвистӣ муайян кардани истилоҳи «забони ориёӣ» дар забоншиносии муосир хеле муҳим аст. То ин дам дар байни забоншиносон забони ориёӣ забони умумии ҳиндуориёҳо ва эрониҳо дониста шуда, замони ин умумият тақрибан дувуним – се ҳазор сол пеш аз мелод муайян гардида буд. Вале имрӯз собит шудааст, ки яке аз забонҳои расмии давлатдории Ҳахоманишиён ва Кӯшониён забони ориёӣ будааст. Ин нуқта аз тарафи Э.Ш. Раҳмонов дар китоби сеюми Пезиденти кишвар «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба таври зерин тасдиқ шудааст: «Бозёфтҳои катибаи Сурхкӯтал ва катибаи Работак дар музофоти Қундузу Бағлони Афғонистон дар илми кӯшоншиносӣ инқилоби тозае ангехта, бо бурҳони қотеъ собит намуд, ки Кӯшониён забони бохтариро бо номи забони ориёӣ пазируфта, дар коргузории маъмурӣ ва рисолати давлатдорӣ ҷорӣ намудаанд.» Чунин тахмин кардан мумкин аст, ки забони ориёӣ ҳамчун забони расмии умумӣ дар байни эронитаборон дар давраҳои қадим ва миёна истифода мешудааст. Барои ба ҳақиқати илмӣ табдил додани ин фарзия пажӯҳишҳо ва таҳқиқотҳои шинохти забонҳои эрониро ҳамаҷониба тақвият ва густариш бояд дод. Хушбахтона, аксарияти забонҳои эронӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Тавре, ки Президенти кишвар дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» мефармояд: «Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихи зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ, омӯхтан зарур аст.»

Суннатҳои маҳаллии мардуми Бадахшон ва Яғноб низ идомаи суннатҳои гузаштаи шарқии зронӣ, ба вижа суғдиву бохтарӣ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми суннатҳои шарқи эронӣ дар ин минтақаҳо хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Яке аз ҷолибтарин суннатҳои маҳаллӣ ҳунарҳои дастии ин мардум, аз қабили кулолӣ, бофандагӣ, осиёбсозӣ, ресандагӣ ва тибби халқӣ ва муолиҷаи халқии бемориҳо мебошад. Аҳамияти пажӯҳиши гуногунҷабҳаи забоншиносии ин забонҳоро ба назар гирифта, Президенти кишвар мефармояд: «Ба назарам, дар натиҷаи таҳаввулоти давраи нави таърихи миллатамон шояд забонҳои помирӣ бар асари марҳалаи сифатан нави равобит ва таъсири мутақобил тағйиру таҳаввули ҷиддии ногузир хоҳанд дид, вале мо бояд кӯшиш кунем, ки ин забонҳо ҳамчун сарвати маънавии халқамон ҳифз шаванд.» Барои пажӯҳиш ва таҳқиқи ин забонҳо ва инчунин дигар забонҳои эрони имкон дорад, ки дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шуъбаи нави забонҳо ва гӯйишҳои эронӣ таъсис шавад.

Яке аз масъалаҳо муҳими дигари илми забоншиносӣ таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳамияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мутаассифона, дар рушду инкишофи забони давлати ҳанӯз проблемаву монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он, ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғайра) муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди тадқиқотӣ ба анҷом расидааст, аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Роҷеъ ба меъёрҳои забони адабии гуфтугӯӣ то кунун коре ба майдон наомадааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик тадқиқоте дар асоси нормаи забони гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи мӯътамад мавриди тадқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири шуъбаи забон ба шумор меравад.

Аз масъалаҳои дигари муҳими забоншиносии тоҷик истилоҳот ва стандартсозии калимаҳои забони тоҷикӣ ва аз ҳама муҳимтар ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳими инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян даровардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагонии он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт дар нақша дорад, ки дар солҳои наздик «Фарҳанги тафсирии забони адабӣ» (дар ду ҷилд) ва «Фарҳанги русӣ – тоҷикӣ» (дар ду ҷилд)–ро таҳия ва пешкаши хонандагони тоҷик намояд. Инчунин таҳияи якчанд истилоҳномаҳои соҳавӣ низ дар назар аст.

Тарбияи кадҳои ҷавони илмӣ низ аз масъалаҳои муҳимтарини мо мебошад. Сол аз сол бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду сармоягузории илм аҳамияти зиёде медиҳад. Аз ҷумла, вазъи Институти забон ва адабиёт рӯз аз рӯз беҳтар мегардад ва кадрҳои ҷавон низ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб мешаванд. Вале баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар бобати аз худ кардани асосҳои забоншиносӣ, таърихи забонҳои эронӣ ва дастовардҳои ахири илми забоншиносӣ хеле зарур аст. Ногуфта намонад, ки аз худ кардани алифбои ниёгон ва ба таври озод мутолиа кардани осори адабиёти классикӣ яке аз талабҳои асосӣ барои кадрҳои ҷавони илми забоншиносӣ мебошад. Албатта, дар як мақола кушодани тамоми ҷанбаҳои инкишофи илми забоншиносии тоҷик ғайриимкон аст. Фақат ҳаминро қайд намудан муҳим аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, Президенти кишвари мо Э.Ш. Раҳмонов – ин абармарди таърихи навини тоҷикон ҳомӣ ва пуштибони забони тоҷикӣ мебошад.

0 Загрузки

----- -----

Об L-BRO Admin

Проверьте также

Масъалаҳои стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ

Фаъолияти стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти илмиву техникӣ яке аз бахшҳои муҳими истилоҳшиносӣ буда, ҳадафи он …

Чанд мулоҳиза оид ба натиҷаҳои конференсияи забоншиносони Тоҷикистон дар соли 1964

Моҳи октябри соли 1964 (6-уми октябр) дар шаҳри Душанбе конференсияи умумиҷумҳурии забоншиносӣ доир гардид, ки баъд …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *